толеънома

Толеъномаи 5-уми октябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар зиндагиятон чизеро тағйир доданатон лозим меояд. Дӯстдоштаатон бар ивази муҳаббат аз шумо низ муҳаббату ғамхорӣ мехоҳад. Шумо ҳамеша барои ба мақсад расидану хушҳолии худ талош меварзед. Хобҳои дидаатон боиси он мегардад, ки нисбати яке аз дӯстон дар дил шубҳа пайдо мекунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Зодагони мучали савр дар муносибатҳои ошиқона муваффақ мегарданд. Нафароне, ки дӯстдошта доранд, аз ҷониби ёри худ муҳаббату ғамхории бештарро эҳсос мекунанд. Бонувони муҷаррад ошиқи нав пайдо мекунанд. Сирри касбу кори худро ба касе накушоед. Нуқтаи назари атрофиёнро дарк карда тавонистанатон боиси пешравии корҳо мегардад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Ба назаратон рӯзи дилгиркунанда менамояд. Ҳам бо корҳои худ машғул мешаведу ҳам мушкили дигаронро ҳал карданатон лозим меояд. Агар шумо фарбеҳ бошед, зудтар хароб шуданатон лозим аст. Ба саломатии дил ва рагҳои хунгарди он диққати хоса зоҳир намоед. Дар муносибатҳои ошиқона ба вазъият нигоҳ карда амал намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз якбора бо чанд кор машғул шуданатон лозим меояд, ки дар натиҷа табъатон хира мегардад. Бо одамони гуногун забон ёфтанатон осон мешавад. Бо нафароне робитаи дӯстӣ барқарор мекунед, ки пештар тамоман забон ёфта наметавонистед. Дар ин рӯз ба назди машшота ва кошонаи ҳусн рафтанро тавсия намедиҳем.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ҳама кор истодагарӣ намуда, муваффақ мегардед. Ба қувваи худ такя намоед, ба умеди кумаки шиносҳоятон нашавед. Ҳатто агар нафаре шуморо интиқод намояд ҳам, аз нақшаву ниятҳои худ даст накашед. Нофаҳмиҳои гуногуни оилавӣ имкон доранд, бо дӯстон низ баҳсу мунозира мекунед. Дар ин рӯз хӯроки сабук истеъмол намоеду зиёд ҳаракат ҳам накунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз мушкиле нест, ки шумо аз уҳдааш баромада натавонед. Нафароне, ки пештар шуморо қадр намекарданд, акнун ғалати худро эҳсос менамоянд. Ба нафароне, ки дар ин рӯз шинос мешавед, бовар накунед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ бештар об нӯшида, бо варзиш машғул шавед. Аз оташ ва асбобҳои оташангез дурӣ ҷӯед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз хабарҳои муфиди зиёде мешунавед. Даромади пулӣ аз ҷое ба даст меояд, ки тамоман интизор набудед. Дарҳол пулро сарф накунед, каме дертар барои кори ҷиддитаре пул бароятон даркор мешавад. Агар нафаре аз шарикони корӣ боиси шакку шубҳаатон гашта бошад, худро аз ӯ дур гиред. Пуртоқатӣ ошиқонро ба мақсад мерасонад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи серташвиш аст. Лаҳзаҳои пуризтироб, нофаҳмиҳои кӯчак ва хафагиҳо имконпазир аст. Бо ҳар сабаби ночиз ғамгин нашавед, табъи худро болида нигоҳ доред. Имрӯз барои саломатии худ вақт ҷудо карда, узвҳои дарунаи худро ташхис намоед. Хусусан ба саломатии меъда ва ҷигар диққати хоса зоҳир намоед. Муҳаббати худро мисли ҳарвақта аз чашми атрофиён пинҳон кардан мехоҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ҳама кор табъи дили шумо ҷараён нагирад ҳам, аз чӣ гуна сипарӣ шудани рӯз қаноатманд мегардед. Нақшаву ниятҳои нав пайдо карда, дарҳол аз паси амалӣ сохтани ҳадафҳои худ мегардед. Нимаи аввали рӯз бо ҳамкорон забон ёфтан душвор мегардад. Нафарони бекор барои худ шуғли мувофиқ пайдо мекунанд. Ба эҳсосот дода нашавед, асаби заифи шумо тоби бардоштани чунин фишорро намекунад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи пур аз ҳодисаву рӯйдод аст. Бекор нишаста натавониста, аз пайи корҳои душвор мегардед. Нафарони зиёде бо шумо ҳамкорӣ кардан мехоҳанд. Мушкилоти молиявӣ роҳи ҳалли худро меёбанд. Аз ҳад зиёд ба кор машғул шуданатон боиси бад шудани вазъи саломатӣ мегардад. Барои беҳдошти саломатӣ оби бештар нӯшед. Ба ҳеҷ ваҷҳ хӯрокҳои сернамакро истеъмол накунед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Зодагони мучали далв бо атрофиён забон ёфтанашон душвор мегардад. Нофаҳмиву баҳс бо сабабҳои ночиз сар зада, вазъияти фишоровар зиёд мегардад. Агар оромиро риоя кунед, ба бисёр чизҳо ноил мегардед. Серҳаракатӣ ва кори ҷисмонӣ ба саломатиятон фоида меорад. Ҳатман аз назари духтури чашм гузаштанро тавсия медиҳем.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Аввали рӯз бо атрофиён забон ёфтанатон душвор мегардад. Бо вуҷуди зиёд будани кор сари вақт аз уҳдааш мебароед. Барои табобати дандон ва часпонидани дандони сунъӣ рӯзи мувофиқ аст. Барои ба назди машшота рафтану тағйир додани ороиши мӯю рӯй рӯзи мувофиқ аст. Нафарони муҷаррад якбора бо ду нафар ишқварзӣ намуда, дар охир танҳо мемонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *