Толеъномаи 5-уми октябри соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Аввали рӯз хеле мехоҳед дар муҳити таскинбахш қарор дошта бошед. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан сад бор андеша намоед. Ақидаи худро оромона баён кунед, вагарна атрофиёнро сахт меранҷонед. Дар ин давраи умр дар баробари кор кардан истироҳатро низ фаромӯш накунед. Ба хабари тасодуфан шунидаатон диққат диҳед, онро бар нафъи худ истифода баред.
Савр (21 апрел—22 май)
Дар масъалаи мушкилоти молиявиатон ҷиддан андеша кунед. Одати қарз гирифтанро партоеду маблағро сарфакорона харҷ намоед. Имрӯз бахтатон омад мекунаду корҳоятон барор мегиранд. Кӯшиши бо зӯрӣ ё бо маслиҳати нафаре ба даст овардани чизеро накунед. Нофаҳмиву озурдагиҳои дар ҷойи кор рухдода барои аз кор рафтани шумо сабаб шуда наметавонанд.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Рӯзи нав барои ҷавзоҳо шодиву нишот меорад. Ба ҷашну маъракаҳо пайи ҳам даъватӣ мешавед, кӯшиш намоед дӯстону ҳамфикрони худро зиёд гардонед. Кӯшиши чизеро дар зиндагӣ тағйир доданро мекунед, навигарӣ мехоҳед. Чунин имкониятро шумо аз шабакаҳои интернет ба даст меоред. Аз мулоқотҳои пинҳонии ошиқона худдорӣ намуда, аз нафарони доғи судидошта худро канор гиред. Мушкилоти молиявӣ асабатонро хароб сохта, бо наздикон гапатон мегурезад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Обрӯву нуфузи саратонҳо дар рӯзи нав миёни атрофиёнашон зиёдтар мегардад. Аз имкон дур нест, ки маҳз дар ҳамин рӯз аз рафтору кирдори шумо тақдири дигарон вобастагӣ дорад. Айёми мусоидест барои вохӯрӣ бо нафарони мансабдор. Дар дилатон хоҳиши ба ягон макони бекас рафтану танҳо мондан пайдо мешавад, вале ин ба шумо муяссар намегардад. Бо шахси бароятон азиз вомехӯред.
Асад (23 июл—23 август)
Асадҳо имрӯз дар ҳама ҷода мавқеашонро баланд бардошта, донишу малакаи худро бояд нишон дода тавонанд, то ки атрофиён қадру қимматашонро донанд. Даҳонатонро аз гапи беҳуда нигоҳ доред, серҷоғӣ накунед, вагарна тамоми нияту нақшаҳоятонро пешакӣ гуфта, ба мақсад намерасед. Агар шумо танҳо бошед, муҳаббати худро вомехӯред, хусусан ҳангоми сафар бодиққат бошед, мурғи бахтро аз даст надиҳед.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Сумбулаҳо дар рӯзи нав таваккал карда, бурд мекунанд. Аз уҳдаи тамоми мушкилиҳои дар ин ҳафта пайдошуда бо сари баланд мебароед, вале сахт хаста мегардед. Имрӯз ягон кори навро оғоз накунед, беҳтараш корҳои нобасомонро ба анҷом расонед. Пешниҳоди хуби корӣ мешавад, вале барои амалӣ намуданаш аз дӯстон бояд кумак пурсед. Лаҳзаҳои беҳтарину фаромӯшношуданӣ сумбулаҳои ошиқро ба олами ишқу муҳаббат мебаранд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз мизонҳо дар бисёр масъалаҳо гузашт карда, ба фоидаи худ кор мекунанд. Дар масъалае нақши миёнаравро бозӣ карда, аз уҳдааш хеле хуб мебароед. Вақти хубест барои мустаҳкам сохтани муносибатҳои корӣ ва оилавӣ. Агар шумо қаблан ба сари шарики умратон табақу косаро зада мешикастед, имрӯз оромона нишаста, эътирози якдигарро гӯш мекунед. Одати аз пашша фил сохтанро партоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ақрабҳо имрӯз хеле серкор мешаванд. Соҳибхонаҳо ба шустану тоза кардану ба тартиб даровардани атрофи худ шуруъ мекунанд. Дар ин рӯз наздиконатон ба ғамхории шумо ниёз пайдо мекунанд. Корҳои зиёдеро аз рӯйи масъулиятнокӣ ва қарзи худ шуморида, иҷро мекунед. Барои нафароне, ки ҷойи кори худро иваз кардан мехоҳанд, рӯзи муносиб аст. Нимаи дувуми рӯз барои вохӯриҳои ошиқона ва шиносоӣ айёми хуб аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Аввали рӯз вазнину дилгиркунанда меояд. Шуморо лозим меояд, ки кори табъи дилатон набударо иҷро кунед, дар баробари ин, онро партофта ҳам наметавонед. Вазъиятро шахси дӯстдоштаатон тағйир медиҳаду дар натиҷа муҳаббататон ба ӯ бештар мегардад. Дар ҷойи кор сабру тамкинро пеша намоед, вагарна гапатон бо ҳамкоронатон мегурезад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Даромади пулие, ки тӯли чанд вақт барои ба даст оварданаш кӯшиш мекардед, насибатон мешавад. Рашки душманонатон ба косаи асали шумо заҳр рехта метавонад, эҳтиёт бошед! Дар ҷабҳаи меҳру муҳаббат пешравиро интизор нашуда, худатон ба ҷустуҷӯйи мурғи бахт бароед. Кӯшиш кунед, ки бо сухани хуб ва туҳфаи олиҷаноб дили зан ё шавҳари ранҷидаатонро ёбед. Ба гапҳои дурӯғи ҳасудон бовар кардаву ба решаи бахтатон бо дасти худ теша назанед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Барои баргардонидани қарзҳоятон имконияти хуб фароҳам меояд, зеро даромади калони пулӣ ба даст меоред. Барои тасмим гирифтан дар масъалаҳои муҳим саросема нашавед, вагарна сахт хато карданатон мумкин аст. Нимаи дуюми рӯз аз ёри раҳдуратон хабаре мешунавед, ки табъатонро тамоми ҳафта болида нигоҳ медорад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Давоми рӯз ҳаёти шахсии шумо дар як тори мӯй овезон хоҳад гашт, зеро кадом як сирри махфиатон фош гашта, аз боварии ҳамсаратон мебароед. Оилаатонро устувор нигоҳ доштан хоҳед, аз бахшиш пурсидан шарм надоред. Ғурурро як тараф гузоред, зиндагиатон боз ба маҷрои аввала бармегардад, дар акси ҳол, хавфи хонавайрон шудан шуморо таҳдид менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ