Толеъномаи 5-уми январи соли 2024
Ҳамал
Дар ин рӯз нафаре аз шумо кӯмак пурсад, рад накунед, нисбати заифиву хатогии дигарон босабр бошед. Барои ба анҷом расонидани масъалаҳои муҳим, бастани шартномаҳо, шиносоӣ бо нафарони даркорӣ рӯзи мусоид аст. Эҳтиёткор бошед, бо сабаби шитобкорӣ ва беэҳтиётӣ хатари рух додани садама ва бардоштани ҷароҳат зиёд аст.
Савр
Тамоми корҳои худро як тараф гузошта, аз пайи беҳтар сохтани вазъи саломатиятон шавед, вақту қувваи худро беҳуда сарф накунед. Худро бад ҳис карда, аз бемадориву беқувватӣ кореро ба анҷом расонида наметавонед. Аз пурсидани кӯмак аз наздиконатон шарм надоред: дастгирии онҳо шуморо аз ғарқ шудан дар гирдоби мушкилиҳо наҷот медиҳад.
Ҷавзо
Дар ин рӯз диққати атрофиёнро ба худ ҷалб насозед, тавре рафтор намоед, ки касе ба касбу коратон дахолат накунад. Танҳо бо ҳамин роҳ бурд мекунед. Давоми рӯз бо қувваи худ аз лаҳзаҳои душвортарини ҳаёт берун шуда метавонед. Имкони бад шудани вазъи саломатиятон вуҷуд дорад.
Саратон
Дар ин рӯз ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ ва ҳаёти шахсӣ росткору самимӣ бошед. Барои пешравии корҳоятон барои худ шарикони боэътимоду таҷрибадорро пайдо намоед. Вақти пинҳонкориву гапҳои нотамом нест. Тавре рафтор намоед, ки нафари ба ҷону дил баробаратон ба муҳаббати шумо шакку шубҳа накунад.
Асад
Эҳтимоли бад шудани вазъи саломатиятон дар назар аст, корҳоятон низ чандон хуб намешаванд. Аз ҷониби дигар саховатмандиву дилкушодии шумо диққати нафарони аҷибро ба шумо ҷалб месозад. Баъзеҳо ба нафарони ниёзманд на танҳо кӯмаки моддӣ, балки маслиҳатҳои судманд медиҳанд.
Сунбула
Нимаи аввали рӯз дар байни шумову ҳамкоронатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Шуморо рӯзи аҷибу пурмаҳсул дар пеш аст. Аз масъулият доштану истифода бурдани шиносҳо ва ба дигарон таъсир расонидан натарсед, он гоҳ муваффақ мегардед. Бегоҳирӯзӣ имкони вайрон шудани асбобҳои техникӣ зиёд аст.
Мизон
Дар ин рӯз ба дӯстон қарз доданро маслиҳат намедиҳем, вагарна кор бо ҷангу ҷанҷол хотима меёбад. Баъзеҳо дар ин рӯз худро нороҳату бесарпаноҳ ҳис мекунанд. Ба мушкилиҳои хурд диққат надиҳед, вагарна бо тарсу шакку шубҳаи нодаркор азият мекашед.
Ақраб
Рӯзи бобарор аст. Нафаре аз миёни дӯстону ҳамкорон ё наздикон дар рафъи мушкилаш аз шумо кӯмак мепурсад, ҳар коре ки аз дастатон меояд, дареғ надоред. Хайрхоҳӣ сарвати бебаҳо аст, қадру қиммат надорад. Агар шумо оиладор бошед, муносибатҳоятон бо ҳамсафари ҳаётӣ хеле хуб мегарданд.
Қавс
Аввали рӯз каме серташвиш меояд. Барои нафароне, ки корашон бо вохӯриву баромад кардан алоқаманд аст, рӯзи хуб аст. Барои хуб нигоҳ доштани вазъи иқтисодӣ бояд заҳмати зиёд кашед. Бегоҳирӯзӣ истироҳат кунеду қуввати худро барқарор созед, вагарна худро ба мисли лимуи ҷабида эҳсос мекунед.
Ҷаддӣ
Дар масъалаҳои кориву зимни робита бо атрофиён мушкилӣ сар мезанад. Хушбахтона, шумо аз мушкилиҳо намеҳаросед ва омода ҳастед аз пайи рафъ карданаш шавед. Ин хислататон хуб аст, вале дар сари эҳсосот ба ғалат роҳ надиҳед. Ба хотири саломатии худ дар вақту соаташ истироҳат карданро фаромӯш накунед.
Далв
Рӯзи ором аст. Аз меҳрубониву муносибати хуби аҳли оилаи худ ҳаловат мебардоред. Мутаассифона, на ҳамаи ҳодисаҳои рухдода ба фоидаи шумост. Дар ин рӯз ба ҳуҷҷатҳои муҳим имзо нагузоред. Аз имкон дур нест, ки бадхоҳону рақибонатон аз пушти шумо иғво меангезанд.
Ҳут
Қариб тамоми рӯз шуморо лозим меояд, ки мушкилиҳои пулиро ҳал кунед. Вақте расидааст, ки кору зиндагии худро тағйир бидиҳед. Баъзе ҳутҳоро мушкилоти пулӣ ба идораи суду судбозиҳо мебарад. Илова бар ин, бо сардори корхонаатон муноқиша карданатон дар назар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ