Толеъномаи 6 июл 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Давраи душвор паси сар шуд, акнун метавонед мушкилотеро, ки вақтҳои охир ороматон намегузоштанд, фаромӯш намоед. Сафарҳои корӣ ва ҷаласаҳо дар сатҳи олӣ мегузаранд. Агар нисбати саломатии худ фориғболӣ накунед, аз бемориҳо эмин мемонед. Ба дӯстону наздикон кӯмак расониданатон лозим меояд.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз ба хасташавӣ роҳ надиҳед, вагарна саломатиро аз даст медиҳед. Бо кори орому камҳаракат машғул шавед, он гоҳ муваффақ мегардед. Дар ҳаёти шахсӣ ба маслиҳати нафарони муҷаррад ва нафароне, ки ба шумо ҳасад мебаранд, гӯш надиҳед. Шумо тақдири худро бояд худатон ҳал намоед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз тавре меҳнат кунед, ки баъдан аз қувваву вақти зоеърафта афсӯс нахӯред. Агар ба хариди беҳуда роҳ надиҳед, аз норасоии пул азият намекашед. Қаҳру ғазаб ва ваъдаҳои бемаврид боиси сар задани душвориҳо дар ҷойи кор ва ҳаёти шахсиятон мегардад.  Диққати худро ба корҳои дуюмдараҷа равона накунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз аз пайи рафъ намудани мушкилиҳои ҷиддӣ нагардед. Аз ҷиҳати молиявӣ рӯзи хуб аст, вале аз андоза зиёд сарф кардани пулро маслиҳат намедиҳем. Тамоми диққати худро ба кор равона карданатон боиси ранҷидани шахси наздик мегардад. Сабру таҳаммулро пеша намуда бурд мекунед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз тамоми корҳоятон барор мегиранд. Агар шумо оиладор ва соҳиби фарзанд бошед, барои наздикони худ низ вақт ҷудо намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ  нозукиҳое сар мезананд, ки қаблан ба он диққат намедодед. Ҳангоми сари чанбари мошин нишастан боэҳтиёт бошед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Агар бо шахси дӯстдоштаатон тиҷорати якҷояро оғоз намоед, мушкилоти корро бо муносибатҳои шахсӣ омезиш надиҳед. Болидаруҳӣ ва серҳаракатӣ ба фоидаи шумо хоҳад буд. Баъди нисфирӯзӣ бо аҳли оила худ истироҳат кардан табъатонро болида мегардонад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз меҳнати пурмашаққат самараи худро медиҳад. Дар ҷодаи муҳаббат гузашт кунед ва бо шахси дӯстдошта дарди дил намоед. Худро ба даст гирифта натавонистан ва дағалгуфторӣ боиси сар задани муноқиша бо атрофиён мегардад. Ба саломатии худ ва наздикон бодиққат бошед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз аз монеаҳои сарзада ва душвориҳои муошират намеҳаросед. Бо наздикони худ муноқиша накунед, вагарна оштӣ шуданатон душвор мегардад. Дар оилаи баъзеҳо тавлиди фарзанд эҳтимол дорад. Бонувон аз дӯстдоштаи худ туҳфа мегиранд. Ҳодисае рух медиҳад, ки ба корҳо ва саломатиятон таъсири хуб мерасонад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз ба пурхӯрӣ ва сергапӣ роҳ надиҳед. Фаромӯш насозед, ки қаҳру ғазаби яклаҳзаина боиси сар задани муноқиша мегардад. Мушкилиҳои молиявиатон ба наздикӣ рафъ мегарданд, ба шарте ки аз кӯмаки нафароне, ки дасти ёрии шуморо дидаанд, рӯ нагардонед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар корҳоятон душвориҳои мувақатӣ имкон доранд. Агар руҳафтода нашавед, қувваву матонат  пайдо мекунед. Камбудиҳои ёратонро ба рӯяш гуфтан хоҳед, ба умеди беҳтар гаштани муносибатҳо нагардед. Мушкилиҳои ҳалталаб ва корҳои нотамоме пеш меоянд, ки аз шумо вақту маблағи зиёдро талаб мекунанд.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз даромади хуб ба даст меоред, вале хароҷотатон низ зиёд мегардад. Имкони пайдо кардани ҷойи кори беҳтар дар назар аст. Масунияти худро мустаҳкам карда, ба хастагӣ роҳ надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ сафару вохӯрӣ бо нафароне, ки пешравии коратон аз онҳо вобастагӣ дорад, бобарор анҷом меёбад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Нафароне, ки то ҳол бахти худро пайдо накардаанд, бояд аз пайи пайдо намудани ҳамсафари ҳаётӣ шаванд. Вазъи хуби молиявӣ руҳатонро болида мегардонад. Фишори хун ва бемориҳои музминро беназорат нагузоред. Баъди нисфирӯзӣ хабари ногаҳонӣ нақшаҳоятонро тағйир медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *