Толеъномаи 6 май 2019
ҳамал (21 апрел-22 май)
Муносибатҳоятон бо шахси дӯстдоштаатон душвор гашта, аз вазъияти рухдода сахт ба ғазаб меоед. Қаблан дар сурати рух додани чунин нофаҳмӣ шумо ба ҳуҷум мегузаштед, айни замон ғазабатон дучанд мегардад. Аз аспи ҷаҳл фаромадани шумо ба гумон аст, зеро ҳар лаҳза омода ҳастед аз баҳри чунин ёри беандеша гузашта дасту домони дигареро бигиред. Барои сар кардани таъмири хона ё харидани ҷиҳози даркорӣ рӯзи муносиб аст.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар миёни чор девор нишастану ба андеша рафтанро маслиҳат намедиҳем, вале ба ҷойҳои серодаму пурғавғо рафтанатон низ лозим нест. Кушодадилӣ ва самимияти зотӣ бар зарари худатон мегардад, наздикону ҳамкорон болои саратон баромада, мушкили худро ба душатон бор мекунанд. Уҳдадориҳое, ки дар ҷои кор иҷро карданатон лозим меояд, бар замми вақти зиёдатонро сарф намудан боз натиҷаи хуб ҳам намеоранд. Агар имкон дошта бошед, барои истироҳат вақт ҷудо кунед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Чун ҳамеша мушкили аввалиндараҷаи шумо маблағ аст. Ин дафъа хатари аз даст додани пулҳоятон вуҷуд надорад, вале барои ин эҳтиёт шуданатон лозим меояд. Ба пешниҳодҳои шубҳаноке, ки бар ивази маблағгузории ночиз ваъда мекунанд, бовар накунед. Агар шумо қарздор бошед, дарҳол аз пайи баргардонидани он шавед. Аз кӯмаки молиявии атрофиён низ худдорӣ намоед, танҳо аз аъзоёни оила ва хешовандони дилпур пул гирифтанатон мумкин аст. Агар бо тиҷорат машғул бошед, дар ин ҳафта шартномаҳои нав бастанро маслиҳат намедиҳем.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Бахти саратонҳое омад мекунад, ки кӯшиши аз ҳама дур буданро мекунанд. Ҳатто агар шумо аз ҷоятон наҷунбед, рӯз бе навигарӣ намешавад. Аҳли оила ва ҳамкорон бо сабабҳои ночиз шуморо ташвиш дода, имкон намедиҳанд, ки табъи дил истироҳат намоед. Барои рафъ намудани фишори руҳие, ки бо сабаби ба ҳаёти шахсиятон дахолат намудани баъзе нафарон, азиятатон медиҳад, бояд имкони хуби фароғатро пайдо намоед. Беҳтар мебуд, ки бештар пиёда роҳ гашта, асабҳоятонро ором намоед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Нақшаву ниятҳое, ки дар сар доред, бо сабабҳои номаълум амалӣ намешаванд. Табъи шумо низ яку якбора тағйир ёфта, аз ҳолати дилхушӣ ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шуда, аз гузоштани қадами навбатӣ метарсед. Хабари хуш ҳамин аст, ки мушкили сарбастае худ ба худ рафъ гашта, самараи хуб медиҳад. Қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо намуда, истеъдодҳои дигаратон низ пайдо мешавад. Бемориҳоятон бо сабаби беэҳтиётӣ, хастагӣ ва асабонияти пайваста сар зананд ҳам, ба зудӣ шифо меёбед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Кореро ба нақша нагиред ё омода бошед, ки ниятҳоятон ба таъхир мемонанд. Сабаби рух додани душворӣ дар корҳоятон дар бемасъулиятӣ ва сусткории яке аз атрофиён аст. Дар муносибатҳои ошиқона ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад. Барои сунбулаҳои муҷарраде, ки дар ҷустуҷӯи бахти худ ҳастанд, имкониятҳои мусоид фароҳам меояд. Дар ин рӯз ба муноқишаву низоъ роҳ надиҳед. Нисбати саломатии наздикони худ бетафовут набошед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Нафароне ки ба наздикӣ аз сафар баргашта, ба кор шурӯъ мекунанд, дар касбу кор муваффақ мегарданд. Хусусан дар масъалаҳои молиявӣ бурд мекунед. Дар бораи ҳунару маҳорати худ ба ҳама таърифу тавсиф карданатон ба фоидаи кор аст. Нафароне, ки нияти ба рухсатии меҳнатӣ рафтанро доранд, 5-7 рӯзи дигар тоқат карданашон лозим меояд. Ба хӯроки истеъмолмекардаи худ бодиққат бошед, ғизои шумо бояд дорои витаминҳои даркорӣ бошад, на равғани зиёдатӣ.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Донишҷӯён бахти худро пайдо месозанд, нафароне ки дӯстдошта доранд, тӯйи арӯсӣ барпо мекунанд. Умуман ҳаёти оилавӣ ва муносибатҳои шахсӣ гарму самимӣ гашта, бахти шумо ҳаваси атрофиёнро меорад. Ақрабҳои оиладор бошанд хабари зиёд шудани сафи фарзандонашонро мешунаванд. Ба воҳима афтида, дарҳол фикри ояндаи фарзандатонро накунед. Шумо дар ҳама гуна ҳолат роҳи ҳалли корро пайдо карда метавонед. Асабиву ғамгинӣ, эҳсоси бекасӣ кашидан аз мушкилиҳои саломатиятон дарак медиҳанд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Хастагиро баҳона карда дилхушӣ карданатон амали хандаовар аст, зеро сабаб дар хастагӣ неву дар танбалии шумо аст. Ба тӯю маъракаҳои нафароне, ки хуб намешиносед, рафтанро маслиҳат намедиҳем. Робитаи зиёд ва муошират ба шумо манъ аст. Сарфа кардани пулро аз ҳамин рӯз сар кунед. Аз ташвишҳои беҳуда ва одатҳои бад худдорӣ намоед, қувваи худро беҳуда сарф накунед. Хусусан нафароне, ки дилбастаи сигоранд, бояд зудтар аз ин амал даст кашанд, вагарна ба саломатияшон зарари ҷиддӣ мерасад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ташвишҳои хурд ва муноқиша бо нафаре, ки қаблан шинос будед, вақти зиёдатонро фаро мегирад. Ҷаддиҳое, ки як маротиба оилавайрон шудаанд, бо собиқ ҳамсари худ мушкилиҳои молиявӣ ва ҳуқуқиро рафъ карданашон лозим меояд. Ҷаддиҳои муҷаррад тасодуфан бо нафаре шинос мешаванд, ки зуд ба дилашон роҳ меёбад. Агар шумо зиндагии навро оғоз карданӣ бошед, гузаштаи худро фаромӯш созед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба маслиҳати бегонагон гӯш надиҳед, вагарна дучори мушкиливу муноқишаҳои зиёд мегардед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз дучори танбаливу рашк мегардед. Танбалӣ боиси қаҳру ғазаби роҳбарияти коргоҳатон мегардад. Беҳтараш вазъи нохуби саломатиро баҳона карда, чанд рӯз рухсатӣ гирифта истироҳат кунед. Тамоми ҳушу хаёлатон ба шахси дӯстдошта равона гашта, ба назаратон чунин менамояд, ки нисбати шумо бетафовут аст. Шубҳаву гумонҳои бадро аз дил дур карда, беҳтараш бо дӯстдоштаи худ муросо кунед. Эҳтимоли бо ҳамкорону роҳбарият муноқиша карданатон имкон дорад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Агар шумо муҷаррад бошед, бахтатон дар паҳлӯи шумо қарор дорад. Рафту чанд рӯз қабл ба нафаре ошиқ шуда бошед, ин ишқи асил нест. Рӯзҳои наздик шумо чӣ будани ишқи ҳақиқиро дар мағзу устухони худ эҳсос мекунед. Бо коре машғул шавед, ки табъатонро болида гардонад. Ҳар қадаре ҳолатон хуш бошад, ҳамон андоза маблағи хуб ба даст оварда метавонед. Дар баробари ин, аз қиморбозӣ ва ба даст овардани пули ҳаром худдорӣ намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ