Толеъномаи 6-уми феврали соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ҷабҳаи ишқ рӯйдодҳои гуворо рух доданаш имкон дорад. Дӯстдоштаатон туҳфаи ғайричашмдошт, вале хеле муфид мекунад. Нафарони муҷаррад аз ҷониби нафароне, ки нисбаташон бетафовут нестанд, таваҷҷуҳи хосаро эҳсос мекунанд. Баъди нисфирӯзӣ пайдо шудани дарди сар шуморо нороҳат месозад.
Савр (21 апрел-22 май)
Имрӯз ба тиҷорате шуруъ кунед, ки кайҳо боз ба нақша гирифта будед, аммо ба таъхир мегузоштед. Умуман, ин ҳафта барои шумо бидуни рӯйдодҳои ногаҳонӣ ва гардиши шадид аст. Давраи хеле хубест барои барқарор кардани муносибатҳое, ки як вақтҳо қатъ шуда буданд, фикр кунед, ки бо кӣ оштӣ кардан мехоҳед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Имрӯз шуморо аз ҳама ҷиҳат рӯзи бобарор интизор аст. Ба садои қалби худ эътимод кунед ва сари интихоб зиёд фикр накунед. Маҳз амалҳои беандеша барои расидан ба қуллаҳои мурод ё ба даст овардани илтифоти одамоне, ки ба шумо таваҷҷуҳ доранд, кумак мекунанд. Ба дӯстони дерин бодиққат назар кунед. Яке аз онҳо шояд нисбат ба шумо меҳру муҳаббат дошта бошад, ки ҷуръати иқрор шуданро надорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Тамоми иродаи худро ба як мушт ҷамъ кунед, зеро субҳ шумо бояд бо шахсе, ки ба шумо дилсӯз аст, муошират кунед. Гумон аст, ки шумо аз суҳбат канорагирӣ карда тавонед, аз натиҷаи он вобаста аст, ки нақшаҳои шумо амалӣ мешаванд ё не. Нимаи дуюми рӯз метавонед худро барои санҷишу имтиҳони аз сар гузаронида бо туҳфа ё шириниҳои дӯстдошта шод гардонед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз барои шумо рӯзи хатарнок аст. Дар суҳбат бо хешу табор ва ҳамкорон дуруст рафтор кунед, баъзеи онҳо нияти асабонӣ кардани шуморо доранд. Рафту қаҳру ғазабатон аз ҳад зиёд боло равад, барои танҳоӣ вақт пайдо кунед. Пагоҳ ҳамааш хуб мешавад, хавотир нашавед.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Пеш аз нисфирӯзӣ ҳама вохӯриҳои муҳимро ба нақша гиред. Ин давра хеле мусоид аст, зеро шумо метавонед ҳақ будани худро ба ҳама собит намоед. Агар дилатон оромиву танҳоӣ мехоста бошад, шоми худро бо кори ором, эҷодкорӣ ё сайругашт сипарӣ намоед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз барои шумо имконияти хубе барои омӯхтани чизи нав фароҳам оварда мешавад. Шумо метавонед забони хориҷиро омӯзед, ба курсҳои ҷолиби рушди худшиносӣ вақт ҷудо кунед, адабиёти психологиро хонед. Ба саломатии меъдаву гурда диққати бештар зоҳир намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз мавҷи интиқод аз ҷониби хешовандон ё дӯстони наздик метавонад ба саратон афтад. Шояд на ҳама гуфтаҳо одилона бошанд, аммо оромиро нигоҳ доред ва ба хашм дода нашавед. Ҳар чизе, ки мешунавед, диққат надиҳед, ба зудӣ ҳамон одамон боварӣ ҳосил мекунанд, ки хато мекунанд ва барои узрхоҳӣ меоянд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз шуморо лозим аст, ки аз кори якрангу дилгиркунанда худро канор гиред. Сафарҳои кӯтоҳмуддати корӣ, боздид аз ҷойҳои нав мусоид хоҳад буд. Шиносоиҳо бо шарикони тиҷоратӣ ба фоидаи шумост, ҳамзамон дӯстони хуб пайдо карда метавонед. Ба мағозаҳо наравед ва мол фармоиш надиҳед, хатари беҳуда сарф шудани пул вуҷуд дорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ҳаёти шахсӣ имрӯз оромӣ ва якрангӣ дида мешавад. Нафарони оиладор дучори ҷанҷолҳои хурд ва нофаҳмиҳо мегарданд. Дар ҷои кор, баръакс, ҳама чиз ба қадри имкон хуб меравад. Ин асосан бо шарофати он аст, ки шумо моҳи сипаришуда хеле хуб заҳмат кашидаед. Ҳангоми харид зихнагӣ накунед. Барои ором кардани асабҳо бегоҳ бо шуғли дӯстдоштаи худ машғул шавед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз ҳама чизро якбора ба дӯш нагиред, рӯзро пешакӣ ба нақша гиред. Эҳтимоли ҷанҷол бо шиносҳои наздик вуҷуд дорад, кӯшиш кунед, ки ба дағалӣ роҳ надиҳед, вагарна кор ба ҷанҷоли ҷиддӣ табдил меёбад. Нимаи аввали рӯз дар хона ғавғои калон дар назар аст, меҳмонони нохондаро интизор бошед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Мушкилоти пулӣ табъатонро хира месозад. Беҳтар аст, ки қарз нагиред, махсусан аз бонкҳо ё шахсони алоҳида. Беҳтараш хароҷоти худро каму пулро сарфа намоед. Вақте расидааст, ки қарзҳои худро баргардонед. Ба саломатии дандонҳо диққати хоса дода, сари вақт аз пайи табобат шавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ