Толеъномаи 6-уми майи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Хастагии рӯзҳои охир ҷамъшуда таъсирашро мерасонад. Имкони истироҳат карданро аз даст надиҳед. Нерӯи рафтаи худро барқарор созед, вагарна дар ҳаёти шахсӣ коратон барор намегирад. Мушкилиҳои рӯзгор ташвишатонро зиёд месозад. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд мегардад.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз ба хотири пешравии корҳо бо чизи бароятон азиз таваккал накунед. Масъалаҳои молиявӣ бобарор намешаванд, хариди кардаатон низ бар зарар мегардад. Ёди муносибатҳои ошиқонае, ки пештар аз сар гузаронида будед, ороматон намегузорад. Бо касе шинос шуданро маслиҳат намедиҳем.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Нимаи авввали рӯз ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад. Аз сафар ва робита бо нафарони ношинос худдорӣ намоед. Зимни робита бо ҷинси муқобил дилкушоду боодоб бошед. Ҳолатҳое мешавад, ки ба дастгирии наздикон ниёз пайдо мекунед. Шарм надошта, кумак пурсида, мушкиливу дарди дили худро баён намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз корҳои ҷиддиро ба таъхир гузоред, зеро тамоми кӯшишатон дучори монеаҳо мегардад. Рӯзи хубест барои робита бо дӯстону шахси дӯстдошта. Сафару саёҳатҳо табъатонро болида месозанд. Дар ҳузури наздикону дӯстон вақтатонро хуш мегузаронед. Саломатиятон аз он вобаста аст, ки шумо чӣ гуна хӯрок истеъмол мекунед.

Асад (23 июл-23 август)

Корҳои вазнини ҷисмонӣ, истироҳати фаъол ва дилхушиҳо муфиданд. Зудбоварӣ ва самимияте, ки хоси бонувони ин бурҷ аст, боиси рух додани нофаҳмиҳо бо атрофиён мегардад. Мардҳо бояд эҳтиёт шаванд, бурдборие, ки ба назар осон менамояд, фиреби назар аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Муносибатҳои ошиқонаи худро аз таъсири бегонагон ҳифз намоед. Ба ишқбозиҳои бемаънӣ роҳ надиҳед ва дӯстдоштаи худро рашк накунед. Имрӯз на танҳо рашки шумо, балки рашки шахси дӯстдоштаатон бо сабаби ғайбати атрофиён пайдо мешавад. Ба гапи касе гӯш накарда, танҳо бо амри дил амал намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Нимаи аввали рӯз барои ҳама гуна фаъолият бобарор аст. Табъи хуш ба мардҳо имкон медиҳад, ки аз вазъияти душвор берун бароянд. Вагарна бар замми заҳмати зиёд кашиданатон маблағи пулиро аз даст медиҳед ё аз дӯстдоштаатон ҷудо мешавед. Баъди нисфирӯзӣ аз баҳсҳои нодаркор, бесабрӣ ва мулоҳизаи қатъӣ худдорӣ намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз шуморо дар беташаббусӣ ва ноустуворӣ гунаҳкор кардан душвор аст, зеро тамоми рӯзро бо меҳнат мегузаронед. Имкониятҳои хуби ба мақсад расиданро пайдо мекунед. Рафту нафаре дар ин маврид баҳс кардан хоҳад, шумо ҳақ будани худро собит карда метавонед. Баъди нисфирӯзӣ хастагӣ ба саломатиятон бетаъсир намемонад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз ба муҳити макру фиреб, овозаву туҳмат меафтед. Худатон бехабар сабабгори паҳн гаштани хабаре мегардед, ки ягон асос надорад. Агар ба ин гирдоб ворид гардед, имкони ба даст овардани маблағи хубро аз даст медиҳед. Дар ҳаёти шахсӣ бо сабаби хиёнати ёр ё рашкатон дилмондагӣ рух медиҳад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои ҳама гуна фаъолият рӯзи номусоид аст. Ба ҳар коре, ки мардҳо даст мезананд, барор намеорад. Зарбаҳои тақдирро сабурона таҳаммул намоед. Саховатманд бошеду гуноҳи дигаронро бахшида тавонед. Агар бемор бошед, барои табобат таъхир накунед, зудтар аз пайи муолиҷа шавед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Мушкилоти рӯзгор тамоми қуввату вақтатонро фаро мегирад. Наздикон бо шумо ҳамфикр намегарданд ва ин ба корҳоятон таъсири манфӣ мерасонад. Баъди нисфирӯзӣ бонувони муҷаррад бо нафаре шинос мешаванд, ки оташи муҳаббатро дар қалбашон аланга мезанад. Асабонияти зиёд ва якравӣ сабабгори муноқиша бо дӯстон мегардад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи яъсу ноумедӣ ва орзуҳои барбодрафта аст. Нақшаҳои нав амалӣ намешаванд. Вазъиятро мушкилие, ки бо сабаби дахолати наздикон рух медиҳад, чигилтар месозад. Эҳтимол бо кори якрангу бемаъние машғул мешавед, ки қуввати зиёдатонро талаб мекунад. Аз обу маводҳои кимиёвӣ эҳтиёт шавед, зеро хатари заҳролуд шудану сироят ёфтанатон зиёд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *