Толеъномаи 6-уми ноябри соли 2023
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз хабарҳое мешунавед, ки боиси асабониятатон мегардад. Хабарҳои мазкур ғайриихтиёр фикру зикри шуморо ба худ банд мекунад ва дар андешаи он меафтед, ки барои тағйир додани вазъият чӣ бояд кард. Пеш аз хулосабарорӣ то кадом андоза ҳақиқат доштани ин хабарро санҷед, беҳтар мебуд. Тамоми рӯз асабӣ гашта, бо атрофиён забон ёфтанатон мушкил мегардад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Тамоми рӯз танбалӣ карда, дар пайи иҷрои ягон кор намешавед. Ҳарчанд ба хубӣ дарк мекнед, ки ин рафторатон оқибатҳои хуб намеорад. Беҳтараш танбалиро канор гузоред ва худро ба кор кардан маҷбур созед. Наздиконатон айни замон ба кумаку дастгирии шумо ниёз доранд, бинобар ин фориғболӣ накунед ва ҷилави аспи тақдирро ба дасти хеш гиред.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Давоми рӯз нисбати саломатии хеш бодиққат бошед. Саломатиатон бе восита ба табъи шумо вобаста аст. Бинобар ин, аз муошират бо одамоне, ки мувофиқи табъатон нестанд ё онҳое, ки ҳамеша аз зиндагӣ меноланд, канораҷӯӣ кунед. Беҳтараш ба тамошои филм ё барномаи консертӣ равед, то табъатон болидаву саломатиатон хуб гардад. Ба эроду хурдагириҳои атрофиён аҳамият надиҳед, фикри дагарон набояд боиси бедорхобиву асабонияти шумо гардад. Барои худатон зиндагӣ кунед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ҳамеша кӯшиш мекунед, ки новобаста аз мушкил будан ба боварии атрофиён сазовор бошед. Ба умеде, ки ин амалатонро қадр мекунанд ва нисбат ба шумо эҳтиромашон зиёд мегардад. Аммо дар натиҷа миннатдорие намебинед. Чунин ҳолат боиси асабоният ва рӯҳафтодагииатон гашта, метавонад сабаби фишори равонӣ гирифтанатон гардад. Беҳтараш рухсатии меҳнатӣ гиред ва бо азизонатон бештар вақт гузаронед
Асад ( 23 июл – 23 август)
Рӯзи хубу бобарор аст. Ҷисматон пур аз нерӯву дилтон пур аз фараҳ аст ва бо ин зиндадиливу қувваи худ ба наздиконатон хушиву хурсандӣ мебахшед. Зимни муошират бо ҳамсар ё дӯстдоштаатон боэҳтиёт бошед, зеро чизе, ки маъмулӣ меҳисобед, метавонад аз нигоҳи вай ғайри қобили қабул бошад
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Рӯз барои оғози кори нав, машғулиятҳои варзишӣ ва кори вазнинӣ ҷисмонӣ мувофиқ нест. Инчунин аз шиносоии нав дар ин рӯз худдорӣ намоед беҳтар аст. Ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки рӯзро бо тамошои филмӣ хуб ё хондани китобҳои бадеӣ сипарӣ намоед. Муошират ва саёҳат бо кӯдакон ва ҳайвонҳои хонагӣ метавонад табъатонро болида созад. Барои раҳоӣ ёфтан аз якрагии дилгиркунанда ба ҳаёти маҳрамонаатон навгоние ворид созед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Ҳушёр бошед, бадхоҳон ва душманон дар каминанд ва мунтазири оддитарин хатогии шумо ҳастанд. Кӯшиш кунед, ки ба онҳо сабаб надиҳед. Либоси нав ба бар кунед, баъзан худатонро низ ба қавле эрка кунед. Шарт нест, ки ҳамеша ҷиддиву дар фикри кор бошед. Худхоҳ нашавед, дар бораи хушии ҳамсафари ҳаётиатон низ фикр кунед. Кӯшиш кунед, ки ин ҳафта на танҳо барои шумо, балки барои наздиконатон хуш гузарад
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Нимаи аввали рӯз маъюсу ғамгин мешавед. Чизҳое, ки рӯзе пеш ба шумо хушӣ меоварданд, айни замон ба назаратон хато ва номақбул менамояд. Вале дар чунин ҳолат ба эҳсосот дода нашавед ва хулосабарорӣ накунед. Нимаи дувуми рӯз вазъият ранги дигар мегирад. Агар дар интихоби роҳи дуруст мушкилӣ мекашед, аз ҳамсари ҳаётиатон ё дӯстдоштаатон кумак пурсед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Давоми рӯз маҷбур мешавед, ки мушкилоти зиёдеро паси сар кунед. Ва ин корро бояд дар танҳоӣ анҷом диҳед, аз машварату маслиҳати касе кор набаред. Илова бар ин, нимаи дувуми рӯз маҷбур мешавед, ки маблағи зиёдеро сарф намоед. Бояд оромиро аз даст надиҳед. Барои истироҳат ва барқарории нерӯятон вақт ҷудо кунед, чунки охири рӯз шумо ба он ниёз пайдо мекунед. Ба ҳар кори ҳамсафари ҳаётиатон шарик шуда, ӯро аз худ дилсард накунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Воқеаҳо давоми рӯз бо хоҳиши шумо сурат намегиранд. Кореро, ки ба вай умеди зиёд баста будед, бо сабабҳои гуногун ба ақиб гузошта мешавад. Вале шумо таслим намешавед ва қаҳрамонона бо мушкилот мубориза мебаред ва ин рафторатон барои дӯстони наздик намунаи ибрат мегардад. Нимаи дувуми рӯз барои шиносоии нав мусоид аст. Шиносоии мазкур метавонад ба муносибати нави ошиқона ва фаромӯшношаванда асос гузорад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Рӯз дар маҷмӯъ хуб мегузарад. Махсусан нимаи аввали он бобарор меояд. Эҳтимол дар зинаи кор боло равед. Нимаи дувуми рӯз дар машварат ва баҳсу мунозираҳои корӣ фаъолона ширкат варзед. Шояд маҳз идеяи шумо аз ҳама беҳтарин эътироф гардад. Сӯҳбати самимӣ бо наздикон боиси ҳалли муноқишаҳои куҳан ва хуб гаштани муносибатҳо мегардад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Шуморо воқеаҳои хубу хотирмон, инчунин хушиҳои гӯшношунид интизоранд. Нимаи дувуми рӯз бисёре аз орзуҳоятон амалӣ мешаванд. Дар коргоҳ ҳасудон махсус шуморо ба баҳсу ҷанҷол мехонанд, аммо беҳтараш аз ҳама гуна вазъияте, ки боиси асабониятатон мегардад, дур бошед. Саломатиатонро эҳтиёт кунед, зеро ҳатто хархашаи кучак метавонад боиси баланд гаштани фишор ва рухафтодагиатон гардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ