Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Саратон (22 июн- 22 июл)
Нафарони дар мучали асад ба дунё омада аз маблағи ба ногаҳ ба дасташон омада хеле шод мегарданд. Ҳамаи пулҳоятонро якбора сарф накунед, вагарна чанд рӯз азоби бепулӣ мекашед. Айни замон ҳурмату эҳтироми роҳбарият нисбати шумо зиёд аст, имкони хуби дар вазифа боло рафтанро аз даст надиҳед. Нафароне, ки ҷойи кори худро иваз карданӣ ҳастанд, рӯзи мусоид аст, зудтар амал намуда, зиндагии худро беҳтар сохта метавонед. Нимаи дуюми рӯз гапатон бо нафаре, ки дӯсташ медоред, гурехта табъатон хира мегардад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Аз нишасту ҷамъомади дӯстон худро дур нагиред. Шахси дӯстдоштаашон дар рафъ намудани мушкиле аз шумо мадад мепурсад. Дар назди нафаре, ки хуб намешиносед, дарди дил накунед. Тамоми мушкилотҳои дар ин рӯз сарзада роҳи ҳали худро меёбанд. Муҳимаш асабӣ нашавед. Ба хӯрокҳои равғанину ширинӣ дил набандед. Охири рӯз барои баргузор намудани ҷашну маъракаҳо ва бастани ақди никоҳ созгор аст.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Ташвишу изтироби пайваста асабатонро хароб месозад. Дар бораи зиндагии худ ба атрофиён нақл карда, бар зарари худ амал менамоед. Беҳтараш ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, аз мушкилиҳо эмин мемонед. Дар ҳама кор бо амри дил амал намуда, бурд мекунед. Муносибатҳои ошиқонаатон рӯ ба беҳбудӣ меорад, нисбати дӯстдоштаи худ ғамхории бештар зоҳир намоед. Охири рӯз маблағи зиёд сарф карданро маслиҳат намедиҳем.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Вақте расидааст, ки нафарони дар мучали ҷаддӣ тавлидёфта бо беҳтар сохтани донишу малакаи худ машғул шаванд. Бурдборӣ дар ҳаёти шахсӣ низ ҳамсафари шумо мегардад, баъзеҳо бахти худро тавассути шабакаи интернет пайдо месозанд.Нимаи дувуми рӯз ҳодисае рух медиҳад, ки боиси аз дӯстон дилмонда гаштанатон мегардад. Нақшаҳоятон барбод рафта, вақтатонро дар хона мегузаронед. Шумо бояд аз ҳодисаи рухдода барои худ панд гирифта, минбаъд дӯстро аз душман фарқ карда тавонед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Вақте расидааст, ки нафарони дар мучали ҳут таваллудёфта аз сухан ба кор гузаранд. Тамоми диққати худро ба коратон равона созед, то ки барои наздикони худ туҳфаи арзанда харида тавонед. Ба нафароне, ки мушкилоти худро дар наздатон нақл мекунанд, дағалӣ накунед, беҳтараш бо сухани нек дилбардорӣ намоед. Мушкилиҳое, ки дар муносибатҳои заношавҳариятон сар задаанд, ҳарчи зудтар рафъ карданатон лозим меояд. Барои он ки каме аз мушкилиҳои рӯзгор осуда гардед, ба сайругашт бароед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ