Толеъномаи 7 феврал

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рўз назди худ мақсади аниқ гузореду хаёлан  қасрҳои афсонавӣ насозед. Агар имкони хуби пулкоркуниро аз даст диҳед, баъдан пушаймон мешавед. Аз саргузаштҳои ошиқона худдорӣ намоед, дар ин рўз ишқбозӣ бароятон барор намеорад, бар замми ин боиси асабхаробӣ ва аз даст додани маблағи калон мегардад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ба пешниҳодҳои ҷолиби ҳамкорону дўстон ҷалб нашавед. Агар ба садои қалби худ гўш андозед, хато намекунед. Дар ҳаёти шахсӣ монеаҳо пеш меоянд, оромона то беҳтар шудани вазъият интизор шавед. Айни замон асабӣ шудан ба шумо зарар дорад, беҳтараш истироҳат кунеду  ғами саломатии худро хўред.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рўзи беҳтаринест барои нафароне, ки бо шабакаи интернет сару кор доранд. Тиҷорати шахсӣ барор намеорад, аз ин рў ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Ҷавзоҳои коргар набояд муносибати худро бо роҳбарият вайрон созанд, бо дастгирии сардор соҳиби вазифаи сердаромад мегардед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рўз бо фиребу хиёнат рў ба рў мегардед. Беҳуда сабабҳои чунин рафтор кардани инсони бароятон наздикро наҷўед, беҳтараш гуноҳашро бубахшед. Ҳаққи хизмати худро гирифта наметавонед. Пайваста дар бораи пул фикр карда, худро бо кори вазнин маҷақ накунед. Рўзи хубест барои муносибатҳои ошиқона.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рўз имкони ҷойи кори сердаромад ёфтанро пайдо мекунед. Тамоми мушкилиҳоро рўзона рафъ намоед, то ки бегоҳирўзӣ чизе хотиратонро мушавваш нагардонад. Нофаҳмии бо ошиқатон рухдодаро бо кўмаки дўсти наздикатон рафъ месозед. Ба саломатиятон хатаре таҳдид намекунад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рўзи хубест барои ошиқон ва барои муносибатҳои маҳрамона. Дар давоми рўз аз хеши дуратон хабари нохуш мешунавед. То бегоҳирўзӣ ба касе пул надиҳед. Дарди миёнатон бо сабаби шамол хўрданатон аст, рўзҳои наздик аз пайи ташхис ва табобат шавед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Барои нафароне, ки корашон бо таблиғот, савдо ва тиҷорати хусусӣ алоқамандӣ дорад, рўзи бобарор аст. Барор ва даромади пулӣ то бегоҳирўзӣ ҳамсафари шумо мегардад. Мизонҳои муҷаррад дар ин рўз бо нафаре шинос мешаванд, ки бо як нигоҳ ошиқ гашта, дар фикри оиладоршавӣ мегарданд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рўз имкони фиреб хўрданатон зиёд аст, аз пешниҳодҳои дилфиребе, ки танҳо зарар меоранд, худдорӣ намоед. Дар ҳаёти шахсӣ ягон ҳодисаи хатарнок дида намешавад. Барои рафъи камқувватӣ хўроки серғизо истеъмол кунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рўзи серташвишу пур аз рўйдод аст. Имкони ба сафари роҳи дур баромадану мукофтопулӣ гирифтанатон зиёд аст. Баъди нисфирўзӣ аз миёни атрофиён кӣ будани душманонатонро пайдо мекунед. Саломатиятон дар ин рўз хеле хуб аст.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рўз кўшиш намоед муносибататон бо дўстону наздикон вайрон нагардад. Ошиқ буданатонро ба атрофиён нишон надиҳед, вагарна мавриди мазоқу масхара қарор мегиред. Дўсти наздикатон тиҷорати якҷоя пешниҳод мекунад, рад накунед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рўз барои коре, ки ду моҳ қабл иҷро карда будед, ҳақи хизмат мегиред. Чораҳои беҳдошти саломатӣ ва ҷарроҳиҳои тиббӣ бобарор анҷом меёбанд. Нақшаву ниятҳои худро ба касе нагўед, бо нафарони бароятон ношинос дарди дил накунед. Хатари фиреб хўрданатон зиёд аст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рўз бо касе муноқиша кардану баҳс карданро маслиҳат намедиҳем. Барои аз даст надодани обрўву нуфузатон хушгуфтор бошед. Вазъи молиявиатон муътадил аст, вале сарфа карданатон хуб аст. Дар саломатиятон каме иллат пайдо мешавад, баробари худро бад ҳис карданатон ба табиб муроҷиат кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *