Толеъномаи 7 июл 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи чандон бобарор нест, барои расидан ба мақсадҳоятон душворӣ мекашед. Ҳар қадаре истодагарӣ кунед, ҳамон андоза корҳоятон бебарор мешаванд. Нимаи аввали рӯз дар оила нофаҳмиҳо имкон доранд. Кӯшиши рафъ кардану роҳи созиш ҷустанатон бефоида аст, рафти ҳодисаҳоро тағйир дода наметавонед.  Нимаи дуюми рӯз кунҷи танҳоӣ ҷуста, роҳи аз мушкилиҳо берун шуданро ҷӯед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Нимаи аввали ҳафта бояд ба саломатии худ вақти бештар ҷудо намоед. Кору ташвишҳоятон зиёд шуда, боиси хастагиятон мегардад. Барои барқарор сохтани нерӯву қуввататон бояд барои хобу истироҳат вақти бештар ҷудо намоед. Аз ҳад зиёд ба кор дода нашавед, айни замон фикри саломатӣ бояд дар мадди аввал қарор дошта бошад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Ҷавзоҳои оиладор дар ин рӯз бояд ғами фарзандонашонро хӯранд. Баъзан гумон мекунед, ки дар тарбияи фарзанд душворӣ кашида, онҳоро идора карданатон душвор мегардад. Тамоми кӯшишҳоятон барои бо санъат машғул сохтани ҷигарбандон бебарор меанҷоманд. Дар чунин лаҳзаҳо беҳтараш фарзандатонро ба ҳоли худаш гузоред. Агар шумо муҷаррад бошед, бо шахси дӯстдоштаатон муноқиша мекунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Нимаи аввали рӯз ташвиши хона зиёд мешавад. Агар оиладор бошед, ҳангоми суҳбат бо ҳамсаратон ба мавзӯъҳое, ки боиси ранҷидани ӯ мегардад, кордор нашавед. Дар оила нофаҳмӣ имкон дорад, хусусан байни калонсолон ва хурдсолони оила. Дар ин рӯзҳо ба меҳмонӣ рафтану ба хона даъват кардани меҳмонро тавсия намедиҳем.

 Асад ( 23 июл – 23 август)

Нимаи аввали рӯз вазъи саломатии асадҳо нохуб мегардад. Дар ин рӯзҳо масуниятатон заиф гашта, бояд чораҳои пешгирикунанда бинед, то ки инфексияи вирусӣ нақапед. Агар шумо бо илмомӯзӣ машғул бошед, дар ин рӯз ҳангоми аз худ намудани фанҳо душворӣ мекашед. Нимаи дуюми рӯз бо ҳамсар ё шарики тиҷоратӣ ба ҳамдигарфаҳмӣ омаданатон душвор аст.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Аввали рӯз дар сарф кардани маблағ боандеша рафтор намоед. Агар шумо фарзанд дошта бошед, аз мағозаи бозичаҳои кӯдакона дур гаштанро маслиҳат медиҳем. Дар ин рӯз тамоми чизҳои харидаатон нодаркору бесифат мешаванд. Агар шумо оиладор бошед, бо ҳамсафари ҳаётӣ мушкилоти молиявии худро ҳаллу фасл накунед. Дар акси ҳол, байнатон ҷангу ҷанҷол рух медиҳад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Нимаи аввали рӯз рӯбучини пурраи хона ё таъмир карданро тавсия намедиҳем. Хусусан ин ба мизонҳое дахл дорад, ки бо аҳли оилааш якҷоя умр ба сар мебарад. Дар акси ҳол бо наздикон муноқиша рух медиҳад. Аз эҳтимол дур нест, ки шуморо дар танбалӣ ва иҷро накардани корҳои хона гунаҳкор месозанд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Нимаи аввали рӯз ақрабҳо ҳангоми робита бо атрофиён худро ноҳинҷор ҳис мекунанд. Ба гӯшатон овозаву буҳтон расида, табъатон хира мегардад. Дар маҷмӯъ рӯз барои вохӯриву сафарҳо номусоид аст. Суҳбату вохӯриҳои муҳимро ба қисми дуюми рӯз гузоред.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Аввали рӯз вазъият ба фоидаи шумо ҳал мегардад. Аз ҷангу муноқишаҳо худдорӣ намоед, вагарна вазъият душвор гашта, асабатон хароб мегардад. Худро ба даст гиред, айни замон ҷангу ҷанҷол кардан ба фоидаи шумо нест. Мушкилиҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба хубӣ рафъ мегарданд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Ба далвҳо маслиҳат дода мешавад, ки имрӯз саломатии худро эҳтиёт намоянд, дар ин рӯзҳо ҷисматон ба бемориҳо тобовар аст. Барои истироҳату табобат имкони мусоид фароҳам меояд.  Бо ягон кори хастакунанда машғул нашавед. Фаромӯш насозед, ки камқувватӣ бар асари бепарвоӣ нисбати худ пайдо мешавад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Агар шумо хоҳиши машҳур шудану ном бароварданро дошта бошед, бо ин корҳо имрӯз машғул шавед. Инчунин, давраи хубест барои суратгирӣ ва ба назди косметологону машшотаҳо рафтан.Имрӯз табъи хушу саломатии хуб кафолат дода мешавад. Агар бо тиҷорат машғул шудан хоҳед, бояд қарз гирифта корро сар кунед

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

 Кӯшиш намоед дар атрофатон одамони дилсофу самимиро ҷамъ оваред. Нафароне, ки бо варзиш машғуланд, дар ин рӯз аз машғулияти худ худдорӣ намоед. Шуғли наву аҷибе пайдо мекунед. Он бо зебоӣ ва ҳаёти шахсиятон вобастагӣ дошта, тамоми фикру зикратонро фаро мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *