Толеъномаи 7 май 2019

ҳамал (21 апрел-22 май)

Нимаи дуюми рӯз диққати худро барои ҳал намудани мушкилоти молиявӣ равона созед. Бо шарофати кордонӣ мушкилоти пулиро хеле хуб рафъ месозед. Рӯзи хубест барои пешравӣ дар касбу кор. Барои харидорӣ намудани асбобҳои техникии рӯзгор, компютер, телефони мобилӣ давраи мусоид фаро мерасад. Хатари фарбеҳ шуданатон мавҷуд аст, аз ин рӯ, нафароне, ки аз вазни зиёд азият мекашанд, ба пурхӯрӣ роҳ доданро тавсия намедиҳем.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Барои он ки мушкилоти ба саратон омадаро дуруст ҳаллу фасл намоед, кунҷи танҳоӣ ихтиёр намоед. Дар ин рӯз ба суолҳои бешумори худ посух пайдо мекунед. Атрофиёнро беҳтар дарк мекунед, баъзан аз нақшаву ниятҳояшон огаҳ мегардед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Дар ин давра ҷисматон заиф асту зуд гирифтори ҳар гуна бемориҳо гашта метавонед. Ба шиносҳои тасодуфӣ бовар накунед ва бо аъзоёни оила боэҳтиёт муомила намоед. Эҳтимоли сар задани муноқиша зиёд аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Аксарияти зодагони бурҷи ҷавзо дар ин рӯз қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунанд. Нақшаву нияти атрофиёнро аз чашмашон хонда метавонед. Нерӯятон чунон баланд мегардад, ки бемориҳои мавсимӣ ба шумо асар карда наметавонанд. Даромади пулӣ ва беҳтар гаштани вазъи молиявиатон дар назар аст. Рӯз барои кӯчидан ба манзили нав, таъмири фаврӣ ё рафъ намудани мушкилӣ бо ҳамсояҳо мусоид аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Миёни ҳамкорону ҳамкасбон обрӯву нуфузатон бештар мегардад. Кори нотамомеро ба анҷом мерасонед. Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред, вагарна рафтори беандеша бар зарари худатон мегардад. Ба хабару маълумоте, ки дар ин ҳафта тавассути интернет ё телефон мешунавед, бовар накунед. Барои он ки аз муноқишаи нодаркор эмин монед, боодоб бошед. Дар муносибатҳои ошиқона рашк сабаби моҷаро мегардад. Охири ҳафта нафареро, вомехӯред, ки нисбаташ дар дил кинаву адоват доред.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Нимаи аввали рӯз барои табобати бемориҳои музмин мусоидат мекунад, аз ташхис гузашта, аз пайи табобат шавед.  Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи ҷои кор ҳастанд, кори мувофиқ пайдо мекунанд. Ташвишатон зиёд мегардад, кӯшиш намоед, ки то рӯзи ҷумъа ҳамаи корҳоятонро ба анҷом расонед. Дар вақтҳои бекорӣ хонаву дари худро аз чизҳои нодаркор тоза кунед. Дар ҷодаи муҳаббат дарак меёбед, ки нафаре аз шумо чизеро пинҳон мекунад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Шумо аз мушкиле ҳарос надоред, вале қабл аз он ки ба коллективи нав ворид мегардед, сифатҳои беҳтарини инсониро аз қабили поквиҷдонӣ ва қадршиносӣ фаромӯш насозед. Таҷрибаву имкониятҳои худ ва атрофиёнро қадр карда тавонед. Дар ҷодаи муҳаббат ёди ишқи дерин аз нав рӯ зада, ба зиндагиятон таъсири худро мегузорад. Дар бобати саломатӣ бадгумониро аз худ дур созед, бемориҳоеро, ки дар вуҷудатон нест, беҳуда накобед. Дар масъалаҳои пулӣ баъзе мушкилиҳо сар мезананд.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Мушкилиҳое, ки сади роҳи пешравӣ дар касбу коратон мегарданд, бо муваффақият рафъ месозед. Ҷасорат пайдо карда, сари қарори муҳим меоед. Дар муносибат бо атрофиён тағйиротҳо сар мезананд. Дар ҷодаи муҳаббат аз иштибоҳ кардан наҳарсоед, беҷуръатиро аз худ дур созед. Нисбати мушкилоте, ки дар саломатиятон сар мезанад, фориғболӣ накунед. Ободонии хонаву дар боиси сарфи маблағи калон мегардад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Зодагони бурҷи ақраб ба қувваву имкониятҳои худ чандон эътимод надоранд. Танҳо бо кӯмаку дастгирии дӯстон ё шарикони корӣ худро устувор эҳсос мекунед. Хушбахтона, мушкилиҳои ногаҳониро сарбаландона рафъ месозед. Дар ҷодаи муҳаббат дӯстдории худро ба ёратон нишон надиҳед. Барои беҳдошти саломатӣ бештар хӯрокҳои калсий ва фосфор доштаро истеъмол намоед. Бо масъалаҳои вобаста ба хариду фурӯши замин ё манзил машғул шуданро маслиҳат намедиҳем.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Зодагони бурҷи қавс пухтакору дурандешона амал намуда, ба ғалатҳои пешина роҳ намедиҳанд. Сафарҳои аҷибу муфид шуморо интизор аст. Бо нафаре вомехӯред, ки кайҳо ӯро ба гӯшаи фаромӯшӣ андохтаед. Дар муносибатҳои ошиқона кӯшиш намоед, ки муҳаббат ақлу ҳушатонро набарад. Вазъи саломатиятон хуб аст, руҳану ҷисман худро беҳтар ҳис мекунед. Барои хариди калон ва сарфи пули зиёд шитоб накунед. Баъзе овозаҳое, ки мешунавед, шуморо ба ҳайрат меоранд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Нисбати нафароне, ки хуб намешиносед, шитобкорона кори хайр накунед, хусусан агар дар ин бора касе аз шумо хоҳиш накунад. Ба садои қалби худ гӯш андозед. Шӯхиҳои бемавридро ба дил наздик нагиред ва ҳангоми муошират бо атрофиён дурушт гап назанед. Сифатҳои асроромез ва ғайриодии ошиқатон шуморо ба ваҷд меорад. Яку якбора тағйир ёфтани табъатон боиси камқувватӣ, бехобӣ ва ҳатто асабоният мегардад. Эҳтимоли ба даст овардани даромади пулӣ дар назар аст. Аз муноқиша бо ҳамсояҳо худдорӣ намоед, вагарна оқибаташ барои шумо нек нахоҳад буд.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Мушкилоти хонавода ва наздикон аз шумо нерӯи зиёдро талаб мекунад. Муошират бо шахси дӯстдошта мушкил мешавад, ба ҳардуи шумо сабру тоқат кардан лозим меояд. Ба муноқишаву нофаҳмӣ роҳ надиҳед. Гармохунукшавӣ боиси шамол хӯрданатон мегардад. Ҳамзамон аз нӯшокиҳои ширин, хӯроки равғанину бирён, чипсу майонез худдорӣ намоед. Дар масъалҳои пулӣ аз ҳад зиёд кӯшиш накунед, маблағи зиёд ба даст оварда наметавонед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Баъзе нақшаву ниятҳоятон амалӣ намегарданд, хусусан коре, ки бо нафарони бегона алоқамандӣ дорад. Баъзеҳо фишори атрофиёнро эҳсос мекунанд. Муноқиша карданатон лозим нест, вагарна оштӣ шудан душвор мегардад. Нафарони ошиқ ҷуръат намекунанд, ки ба дӯстдоштаи худ изҳори муҳаббат намоянд. Онҳое, ки муҷарраданд, бодиққат буданашон лозим аст, нафаре дасту дили шуморо ба даст овардан мехоҳад. Аз камҳаракатӣ ва пурхӯрӣ худдорӣ намоед. Мушкилоти молиявиро сарбаландона рафъ месозед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *