Толеъномаи 7 март 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи бобарор аст. Барои иваз кардани тарзи либоспӯшӣ ва ороиши мӯй фурсати муносиб аст. Дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ бо ҳамсаратон машварат кунед. Барои хуб нигоҳ доштани саломатиатон бояд табъатонро давоми рӯз болида нигоҳ доред. Вақти он расидааст, ки ба ваъдаи додаатон вафо кунед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Атрофиён шуморо ҳурмат мекунанд, ва ба гуфтаҳоятон гӯш медиҳанд. Имконияти ҳал кардани мушкилотҳои дерина ба миён меояд. Дар нимаи дувуми рӯз эҳтимол саломатиатон каме нохуб шавад. Хатари хурӯҷи бемории ирсӣ вуҷуд дорад. Аз корҳои вазнин ҷисмонӣ имрӯз канораҷӯӣ кунедю Рўзи серташвиш аст. Барои хариди калон рӯзи мувофиқ аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Кори имрӯзаро ба фардо магузоред. Чи қадар зудтар аз пайи амалӣ кардани нақшаҳоятон гардед ҳамон андоза зуддатар ба мақсадмерасед. Эҳтимоли гирифтани тӯҳфаи ғайричашмдошт ва вохӯрӣ бо шахсе, ки дер боз надидаед мавҷуд аст. Мушкилотҳои хурди рӯзгорро ба дил наздик нагиред то асабҳоятон ором бошанд. Барои бо ҳамсаратон дар танҳои вақт гузаронидан ин шом мувофиқ аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Он чизеро, ки наздикон аз шумо интизор доранд қабул кардан мушкил аст. Сарфи зиёди маблағ дар назар аст. Бисёре аз Саратонҳо сари масъалаҳои иқтисодӣ бо наздикон муноқиша мекунанд ва баъдан аз ин амали хеш пушаймон мегарданд. Пиёдагардӣ ва сайругашти ҳамроҳи оилаатон ҳам баҳри саломатӣ ва ҳам баҳри хуб кардани муносибатҳои шахсӣ иқдоми хуб хоҳад буд.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рўзи хеле бобарор аст. Нимаи аввали рўз барои робитаву кор мусоид аст, дар ҳама ҷода муваффақ мешавед. Баъди нисфирўзӣ каме худро хаставу нороҳат эҳсос мекунед. Дар иҳотаи аҳли хонавода истироҳат кунед. Хотири хонумҳои азизатонро шод гардонед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Хислати хуби шумо писанди дили ҳамагон аст. Бо ширинзабонӣ душманонро дӯст мегардонед. Ба ҷанҷоли оилавӣ хотима мегузоред. Нимаи дувуми рӯз баъзе Сумбулаҳо хабари хуше мушунаванд, ки боиси хушии аҳли оилаашон мегашт. Барои вохӯриҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Эҳтимоли даромади пулӣ мавҷуд аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Имрӯз беҳтар мебуд агар ягон авроқро имзо накунед ва ба касе ваъдае надиҳед. Барои бо наздикон муноқиша накардан сабуриро пеша кунед. Ба қадри кӯшишҳоятон мерасанд ҳарчанд зуд ҳам набошад. Бегоҳирӯзӣ барои вохурӣ бо дӯстон фурсати хуб аст. Аз сафар худдорӣ намоед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз ба ягон кори муҳим даст назанед. Муошират махсус бо шахсоне, ки нағз намешиноседашон дилгир ва хастакунанда мешавад. Ба вохурии корӣ бе таёрии пешакӣ наравед. Беҳтараш рӯзро дар танҳои гузаронед. Мусии форамеро интихоб намуда истироҳат кунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯзи ором буда, ягон хабари ногаҳонӣ дар назар нест. Ба мавзеҳои дилхушӣ ва ҷойҳои серодам рафтанатон боиси хушҳолӣ мегардад. Аз хӯроки равғанин ва тунд худдорӣ намоед. Бештар маҳсулоти ширӣ истеъмол намоед. Дар масъалаҳои пулӣ уҳдадориҳои ҷиддиро ба дӯши худ нагиред.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

 Аз ҷойҳои шамолдаро ва рутубат дурӣ ҷӯед. Сайругашти дарозмуддат барои шумо нест. Нофаҳмиву хафагиҳоеро, ки бо наздиконатон вуҷуд дорад, бо суханони пурмуҳаббат ва туҳфаҳо рафъ карда метавонед. Дар масъалаи молиявӣ як қадам ба пеш рафта, вазъи молиявиро беҳтар месозед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Наздиконро маёзоред. Ба бозору мағоза рафтану харид карданро тавсия намедиҳем. Кӯшиш намоед, ки ягон ҳодисаи асабхаробкунанда ва фишори руҳӣ рух надиҳад. Худро эҳтиёт карда, аз бемориҳо эмин мемонед. Дар масъалаҳои молиявӣ вазъият бе дахолати шумо низ роҳи худро меёбад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар назди худ нақшаҳои наҷиб гузошта, ба муваффақиятҳои зиёде ноил мегардед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Ҳангоми сайругашт эҳтимоли пешпо хӯрдану афтиданатон дар назар аст. Дар муносибатҳои оилавӣ якравӣ накунед, имрӯз ҳақ ба ҷониби шумо нест. Дар масъалаҳои молиявӣ бурд намекунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *