Толеъномаи 7 май 2018
Робитаатон бо дӯстон, хусусан намояндагони ҷинси латиф бар асари муноқишаи бемаънӣ вайрон мегардад. Қобилиятҳои пешгӯӣ карданатон дар ин рӯз зиёд гашта, хобҳоятон амалӣ мегарданд. Шумораи ошиқонатон зиёд мегардад, вале агар дӯстдошта дошта бошед, беҳтараш рашки ӯро бедор насозед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар муносибатҳоятон бо ҳамсафари ҳаётӣ ё шарики тиҷоратӣ мушкилӣ сар мезанад. Нафаре барои хизматҳоятон бо маблағи пулӣ қадрдонӣ мекунад. Шахси дӯстдоштаатон кӯшиши ба зиндагии шумо ворид гаштану ба даст овардани қалби шуморо мекунад, вале шумо алҳол ӯро ба дунёи худ ворид кардан намехоҳед. Бо аҳли оила муноқиша карданро тавсия намедиҳем, вагарна бе хонаву дар мемонед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои вирусӣ ва шамол хӯрданатон зиёд аст. Даромади молиявиатон аз муносибати шумо бо нафарони воломақом вобастагӣ дорад. Дар муносибатҳои ошиқиятон камбудие дида намешавад. Эҳтимол бо як сухани ноҷо дӯсти наздикатонро меранҷонед. Ба нафаре, ки кӯшиши ба шумо кӯмак расониданро мекунад, бовар накунед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ҷодаи муносибатҳои ошиқона ба ғайбату овозаҳо имкон надиҳед. Дар касбу кор муваффақиятҳои зиёдеро ноил мегардед. Обрӯятон баланд гашта дар баробари ин, уҳдадориятон низ меафзояд. Беҳтараш аз кори иловагӣ худдорӣ намоед, вагарна бо сабаби серкорӣ ҳам аз оила дур мешаведу ҳам маблағи хуб ба даст оварда наметавонед. Ҳуқуқҳои худро ҳимоя намоед, худро паст назанед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Беҳтараш дар ин рӯз ба хона меҳмон даъват накунед. Хароҷоти худро ба нақша гиред. Маблағи зиёдро барои хӯрокворӣ сарф накунед. Нақшаҳои пешина маблағи начандон зиёд, вале саривақтӣ меоранд. Саломатии нафароне, ки ба пурхӯрӣ ва камҳаракатӣ роҳ медиҳанд, нохуб гашта, табобати бемориҳо тӯл мекашад. Сафари роҳи дурро ба нақша нагиред.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Нисбати саломатии худ фориғболӣ накунед, дар ин рӯзҳо ҷисми шумо заиф мегардад. Ба вазъи ҳаво нигоҳ карда либос пӯшед, чораҳои пешгирикунандаи бемориҳоро риоя намоед. Худро зиёд хаста нагардонед. Имрӯз нафарони оиладор бояд дар ҳама кор ташаббусро ба ҳамсафари ҳаётии худ вогузор намоянд. Ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан, пулро беҳуда сарф накунед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Имрӯз маблағи зиёд сарф карданро тавсия намедиҳем. Хариди кардаатон бобарор намешавад. Аз серкориву ташвиши зиёд бемор шуданатон имкон дорад. Хоби бароҳат ва сайругашт дар ҳавои тоза саломатиатонро барқарор месозад. Одати дар назди шиносу ношинос дарди дил карданро партоед, вагарна ба худ зарар мерасонед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз бо волидон ва шахсони калонсоли оилаатон аз баҳсу мунозира худдорӣ намоед. Бо вуҷуди он ки чизе ба шумо писанд набошад, сабру таҳаммулро пеша намоед. Дар сафари кӯтоҳмуддат бо нафаре шинос шуда, сахт ошиқ мегардед. Тарсу нобовариро аз худ дур созед ва бахти худро аз даст надиҳед. Рӯз барои мулоқоти ошиқона созгор аст.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Аввали рӯз бо нафаре аз шиносҳоятон муноқиша мекунед. Сабаби ҷанҷолатон овозаву ғайбатҳои дар ҳаққи шумо ва наздиконатон паҳншуда мегардад. Аз макру ҳила дурӣ ҷӯед, ба иғвогарӣ дода нашавед, танҳо дар ҳамин ҳолат аз ногувориҳо эмин мемонед. Имрӯз аз хариди калон худдорӣ намоед, вагарна ба вазъи молиявиатон таъсири манфӣ мерасад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Имрӯз бо мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ мегардед. Эҳтимоли вайрон шудани асбобҳои техникӣ дар назар аст. Рӯзи хубест барои харидорӣ намудани мошини сабукрав ва дигар намуди нақлиёт. Кӯшиши ба даст овардани маблағи калонро накунед. Дар ҷодаи муносибатҳои ошиқона барор ҳамсафари шумо мегардад. Аз муҳаббату дӯстдории ёратон ҳаловат мебаред. Нафароне, ки рӯзи дарозро дар берун мегузаронанд, эҳтимоли шамол хӯрданашон зиёд аст.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз дучори монеаҳои зиёде мегардед. Роҳбарият аз рафти корҳоятон қаноатманд намегардад. Монеаҳо дар корҳои дигаратон низ дида мешавад. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи ҷои кори сердаромад ҳастанд, дар ин рӯз ба мақсад мерасанд. Барои фарзандон маблағи зиёд сарф мекунед, вале фаромӯш насозед, ки эрка кардани фарзандон бар зарари худатон мегардад. Ба хотири нафаре, ки дӯсташ медоред, ба рафтори ғайриодӣ даст зада, ҳатто худатон ба ҳайрат меоед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Имрӯз тавассути интернет шинос шуданро тавсия намедиҳем, вагарна ҳодисае рух медиҳад, ки боиси рехтани обрӯву нуфузатон мегардад. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи муҳаббати худ ҳастанд, ба орзуяшон мерасанд. Аз истеъмол ва нӯшидани ғизоҳои сард худдорӣ намоед, вагарна шамол кашида, чанд муддат ба худ намеоед. Охири рӯз ба хабари шунидаатон бовар накунед. Вақте расидааст, ки дӯстро аз душман фарқ карда тавонед
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ