Толеъномаи 7-уми январи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба коре, ки баъдан боиси пушаймониятон мегардад, даст назанед. Аз ҷароҳат бардоштану сар задани садама эҳтиёт шавед. Дар масъалаҳои ошиқона корҳоятон барор мегирад, вале аз ҳад зиёд зудбовар нашавед. Фаромӯш накунед, ки ҳар қадаре баланд парвоз кунӣ, ҳамон андоза дар афтидан дард меёбӣ. Нафароне, ки ба табобати бемориҳо машғуланд, бояд ҳангоми истеъмоли дорувориҳо эҳтиёт шуда, ба ғалат роҳ надиҳанд.

Савр (21 апрел-22 май)

Табъатон хуш ва ҳушу хаёлатон банди шахси дӯстдошта мегардад. Рӯзи хубест барои ба назди сартарош рафтану либоси нав харидан. Мушкилоти молиявӣ, касбӣ ва оилавӣ зуд роҳи ҳалли худро меёбанд, ба шарте ки ба руҳафтодагӣ роҳ надиҳед. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна саломатиятон нохуб мегардад. Аз баъзе хӯрокҳо эҳтимоли гирифтори аллергия шуданатон вуҷуд дорад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳоятон амалӣ намешаванд, хусусан дар масъалаҳои молиявӣ маблағи дилхоҳи худро ба даст оварда наметавонед. Эҳтимоли бемор шудани меъдаву рӯдаҳо дар назар аст. Асабоният боиси беморӣ мегардад. Барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона шумо бояд бори дигар ба ҳамон инсоне мубаддал гардед, ки дар рӯзҳои аввали ошиқиятон будед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ҳодисаҳои ногувор яку якбора ба саратон меоянд. Душманон фаъол гашта, дар бораатон туҳмату ғайбат паҳн мекунанд. Дар ин рӯз бо нафарони руҳан носолим рӯ ба рӯ шуданатон имконпазир аст.  Кӯшиш кунед, ки аз нигоҳи аввал ошиқ нашавед, беҳтараш нафари ба дилатон писандро нағзакак омӯзед. Масъалаҳои молиявӣ боиси асабхаробӣ мегарданд.

Асад (23 июл-23 август)

Диққати худро ба масъалаҳои молиявӣ равона созед, айни замон шумо ба пул сахт ниёз доред. Духтарони бешавҳар баъди нисфирӯзӣ бахти худро пайдо карда метавонанд. Нафароне, ки оиладоранд, аз рашк азоб мекашанд. Танқидро ба дил наздик қабул накунед, имрӯз онро танҳо аз ҷониби рақибон эҳсос мекунед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштану гирифтори фишори руҳӣ шуданатон дар назар аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Агар дар ин рӯз маблағи зиёдро аз даст додан нахоҳед, бояд хеле эҳтиёткор бошед. Нисбати наздикон ва хусусан нисбати шахсе, ки дӯсташ медоред, пуртоқат бошед, ҳар як сухани шумо метавонад боиси ранҷиши эшон гардад. Аз ҷойҳои серодам ва доираи нафароне, ки боиси асабхаробиятон мегарданд, дурӣ ҷӯед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ бо ҳамкорон ва аз даст рафтани маблағи пулие, ки интизораш будед, вуҷуд дорад. Барои он ки дар ҳолати асабоният муносибати худро бо дӯстон ва шахси дӯстдошта вайрон накунед, худро ба даст гирифтанатон лозим аст. Ба нозу нузи дӯстдоштаатон чашм пӯшед. Нӯшидани қаҳва ва чойи талхро маслиҳат намедиҳем. Хобҳои дар ин шаб дидаатон амалӣ мегарданд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи бобарор аст. Дар баъзе ҳолатҳои мушкил танҳо бо хости дил амал намуда, аз макру ҳиллаи душманон эмин мемонед. Ба корҳое, ки маблағи хуб ваъда медиҳанд, ҷасурона машғул шуда, бурд мекунед. Аз суҳбат бо шахсе, ки дӯсташ медоред, хеле хушҳол мегардед, вале дар сурати муросо карда натавонистан ба ҳолати яъсу ноумедӣ меафтед. Пиёдагардӣ дар ҳавои тоза ва сауна ба саломатиятон фоида мерасонад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Бо вуҷуди чаққониву корчалониятон дар ин рӯз муваффақиятро ба даст оварда наметавонед. Хусусан дар масъалаҳои пулӣ ба ҳар як майда-чӯйда диққат диҳед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд, вале дар ин рӯз бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем. Агар дар муносибатҳои ошиқонаатон мушкилие вуҷуд дошта бошад, имрӯз он рафъ мегардад. Баъди нисфирӯзӣ ғаму андуҳро аз худ дур созед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз маблағи хуб ба даст оварда наметавонед, диққати худро ба коре ҷамъ кардан бароятон душвор мегардад. Ба муноқишае, ки дар оилаатон рух медиҳад, дахолат карданатон лозим меояд. Мушкилиҳо ба саломатиятон бе таъсир намемонанд. Бояд аз бемориҳои вирусӣ ва шамолкашӣ эҳтиёт шавед. Нафароне, ки фикри оиладоршавиро доранд, дар интихоби бахт ғалат намекунанд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи хубест барои рафъ сохтани мушкилиҳои баҳсӣ ва ҳуқуқӣ. Аз фиребу найранг эҳтиёт шавед. Хатари гум кардани пул ва ба доми ҳаннотон афтиданатон вуҷуд дорад. Имрӯз шахси дӯстдоштаатон аз шумо муҳаббату ғамхории бештареро мехоҳад ва шумо қодир ҳастед ӯро аз доми яъсу ноумедӣ берун бароред. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз бо вуҷуди серкорӣ дар вақташ хӯрок хӯрдану истироҳат карданро фаромӯш насозед. Аксарияти нафарони дар мучали ҳут тавлидёфта бо кӯшиши худ ё кумаки нафаре вазъи молиявиро беҳтар месозанд. Бо шахси дӯстдошта баҳсу нофаҳмӣ имкон дорад. Нафаре аз наздиконатон бемор шуда, ташвишатон зиёд мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *