Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имрӯз эҳсосотатон дучанд гашта, қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед. Аксарият мушкили молиявӣ мекашанд. Имкони пайдо намудани кори хуб пайдо мешавад, вале аз шумо қувваву нерӯи зиёд талаб мешавад. Тамоми монеаҳоро бо осонӣ убур намуда, бе дудилагӣ мушкилиҳоеро, ки қаблан аз уҳдааш намебаромадед, ҳаллу фасл мекунед. Диққати бештари худро ба масъалаҳои пулӣ равона созед. Баҳсҳои манзилӣ асабатонро хароб месозанд, вале шумо дар ҳама ҳолат бурд мекунед.
Қисми аввали рӯз қобилияти кориятон дучанд мегардад, вале қувваи худро танҳо барои анҷом додани корҳое равона месозед, ки ба худатон дахл дошта бошад. Дар ин рӯз қарзҳоро баргардонида, ҷарима месупоред ва мушкилиҳои молиявиро низ рафъ сохтанатон лозим меояд. Агар дӯстдоштаатон дар ҳама кор дастгиратон бошад, аз уҳдаи тамоми мушкилиҳо мебароед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Шумо пайваста бо корҳои майда-чўйдае овора ҳастед, ки ба чашми дигарон намоён нестанд, вале ҳамин ки шумо аз иҷрои ин корҳо даст кашидед, бесарусомонӣ сар мешавад. Имрӯз дар фикри саломатии худ мешавед ва ин коратон хуб аст, зеро тамоман худро эҳтиёт намекунед. Як даври табобат нерўятонро дучанд месозад. Бо пули дигарон сару кор нагиред ва худатон низ ба касе қарз надиҳед, вагарна сахт пушаймон мешавед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзро бо табъи болида оғоз мекунед. Нимаи дувуми рӯз шунидани хабарҳои аҷибу вохўрии хотирмон имкон дорад. Барои вохўрии ошиқона, муошират бо машваратчиёну маслиҳатчиён рӯзи мусоид аст. Ба қувваи худ бовар кунед, он гоҳ дар ҷодаи муҳаббат ва эҷод муваффақ мегардед. Муносибатҳоятон бо дўстон вайрон мегардад, аз рух додани муноқиша наҳаросед, он ба фоидаи шумо хоҳад буд. Аз чизе пушаймон нашавед ва агар мақсади аз касе ҷудо шуданро дошта бошед, истиҳола накунед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ҷаддиҳо аз ҳаёти якранги ҳаррӯза асабӣ мешаванд ва сафару сайёҳат кардан мехоҳанд. Дар сафар бо нафарони аҷибе шинос мешавед, ки ба ақидаҳоятон таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Хариди калон карданатон имкон дорад, базеҳо соҳиби хона мешаванд. Нимаи дуюми рӯз муноқишаву нофаҳмӣ имкон дорад, вале руҳафтода нашавед, асабоният ба саломатиятон зарар дорад. Ба дарди меъда беэътиноӣ зоҳир накунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз кунҷи танҳоӣ ихтиёр карданатон беҳтар аст. Ба ҷойи он ки бо ҳамкорону дӯстон ғайбат кунед, бо мутолиаи китоб ва машқҳои ҷисмонӣ машғул шавед. Аксарияти ҳутҳо камқуввативу бемадорӣ эҳсос мекунанд, вале худро ба даст гирифтанатон лозим аст, зеро баъзе ҳодисаҳо аз шумо қуввати зиёдро талаб мекунад. Бо кўмаку дастгирии нафарони даркорӣ ба кори аҷибу сердаромад ҷалб мегардед. Бо пули шарикони корӣ сару кор нагиред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ