Толеъномаи 8 феврал
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Рӯзи бебарор аст. Мушкилиҳои вобаста бо манзил ва молу мулк пеш меоянд. Хусусан барои мардҳо рӯзи хатарнок меояд. Мушкили пайдошудаи молиявиро бо шахси бароятон наздик ҳаллу фасл намоед. Дарди миён бо сабаби шамол хӯрданатон аст.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Нимаи аввали рӯз бо сабаби бесаранҷомӣ ва саросемагӣ номусоид меояд. Аз дағалгуфторӣ ва рафтори беандеша худдорӣ намоед, вагарна гирифтори муноқиша мегардед. Бо ҳамкорон низ муносибати хубро ба роҳ монед, ба иғвою фитна дода нашавед. Бонувон бо рашки беҳуда дили мардашонро сард месозанд.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз хатари хурӯҷ намудани бемориҳои куҳнаатон вуҷуд дорад, худро бо кори зиёд хаста накунед. Дар ҷойи кору ҳаёти шахсӣ тағйиротҳо рух медиҳанд. Бегоҳирӯзӣ бо яке аз нафари калонсоли оилаатон муноқиша имкон дорад, аз ин лиҳоз худро ба даст гирифта, бо калонсолон баҳс накунед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Мавзӯи асосии имрӯзаи шумо пул ва ба даст овардани он аст. Агар хоҳиш ё имкони қарз гирифтанро надошта бошед, кори иловагӣ ёбед. Дар ин рӯз дар роҳ ва ҳангоми кор бо ашёҳои нӯгтез боэҳтиёт бошед. Барои он ки бегоҳирӯзӣ бо дӯстдоштаатон муноқиша накунед, ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Рӯзи хеле бебарор аст. Мардҳо манзили худро бояд ҳифз намоянд. Дар оила сар задани мушкилиҳо имкон доранд. Бонувон бояд аз муноқиша бо сардори корхона худдорӣ намоянд. Барои мустаҳкам сохтани саломатиятон чораҳои фаврӣ андешед. Дар ин рӯз бояд бештар ба гапи дигарон гӯш кунеду кам гап занед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Рӯзи номусоид аст, хусусан барои мардоне, ки бо тиҷорат сару кор доранд. Бонувон набояд ба сабукфикрӣ роҳ диҳанд, бо мардон шинос шуданро дар ин рӯз тавсия намедиҳем. Фитнаангезӣ накунед, ваъда надиҳед, асабӣ нашавед. Мушкилоти молиявиатон худ ба худ рафъ намегардад, бояд роҳҳои нави пулкоркуниро пайдо намоед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Аввали рӯз бо сабаби бесаранҷомӣ ё парешонхотириятон бо монеаҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардед. Дар ин рӯз бо собиқ дӯстдоштаатон вомехӯред. Асабоният ба саломатиятон бетаъсир намемонад, уҳдадориҳои худро кам кунеду имкони беҳтар сохтани зиндагиро кунед. Баъди нисфирӯзӣ хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи бобарор аст, дар ҳама кор муваффақ мегардед. Бо шарикони корӣ хушмуомила бошед, фоидаи хуб ба даст меоред. Ҳангоми суҳбат бо сардор дағалӣ накунед. Ақрабҳои муҷаррад бо шахсе шинос мешаванд, ки дар оянда издивоҷ мекунанд. Агар маблағи кофӣ надошта бошед, сафари роҳи дурро ба таъхир гузоред.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз дастгирии дӯстонро эҳсос накарда, руҳафтода мегардед. Вазъи саломатиятон чандон хуб нест, хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Уҳдадориҳои зиёдро ба дӯши худ нагиред, вале ба ғазаби роҳбарият гирифтор нашавед. Хоби дар ин шаб дидаатон баъди як ҳафта амалӣ мегардад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Мушкилиҳои рӯзгор боиси сарф кардани маблағи иловагӣ мегардад. Дар ҳаёти бонувон ҳодисаи хуше рух медиҳад. Нофаҳмие, ки байни шумову дӯстдоштаатон рух дода буд, рафъ месозед, вале минбаъд ба ваъдаҳои ошиқатон бовар накунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Рӯзи мусоид аст, вале муваффақият осону муфт ба дастатон намеояд. Монеаҳое пеш меоянд, ки нақшаҳоятонро тағйир додан лозим меояд. Агар дар коре гунаҳкор набошед, дар назди касе худро сафед накунед. Асосан бо мушкилиҳои молиявӣ машғул мешавед. Дар ин рӯз далвҳои муҷаррад бо ҳамсафари ҳаётии худ шинос мешаванд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Босаранҷом бошед, он гоҳ ҳам кисаатон пури пул мешаваду ҳам бо шахси бароятон дилкаш шинос мешавед. Мушкиле, ки бо саломатии шахси бароятон наздик алоқамандӣ дорад, баногаҳ рафъ мегардад. Дар ин рӯз саломатиятон шуморо азоб намедиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ