Толеъномаи 8 май 2018
Имрӯз кору ташвишҳои зиёдро ба гардан гирифта, ба худ ҷабр накунед, то бемор нашавед. Аввал каме дам гирифта, баъд бо қувваи дучанд ба кор часпед, комёб мегардед. Дар нимаи дуюми рӯз бахт ба рӯятон хандида, шартномаҳои муҳиму сердаромад мебандед ё аз ягон сарчашмаи дигар даромади калони пулӣ ба даст меоред. Як ҳарфи ноҷо метавонад боиси ранҷиш гашта, ба решаи бахти шумо табар занад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Навигариҳое, ки дар зиндагиатон ба вуҷуд меоянд, ҳаёти шуморо куллан дигаргун хоҳанд кард. Эҳтимол нимаи дуюми рӯз гапатон бо роҳбаратон гурезад. Хоҳед, ки кафшҳоятонро пеши поятон нагузоранд, вазнин шавед. Саврҳои оиладор ин ҳафта ба васвасаи ошиқона гирифтор мешаванд. Пеш аз оне, ки ба мулоқоти ошиқона меравед, оқибаташро андеша намоед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Шуморо барои корҳои анҷомдодаатон мукофот интизор аст, вале оташи рашки душманонатонро аланга надиҳед, дар акси ҳол дар сари роҳатон чоҳ мекананд. Ҳушёр бошед, пеш аз имзо гузоштан тамоми ҳуҷҷатҳоро хонда бароед. Як дўсти наздикатон ба наздатон кӯмакпурсӣ меояд. Имкон дошта бошед, дасташро бигиред. Пул ёфт мешавад, вале дӯсти ҷониро ёфтан бисёр кори душвор аст.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имрӯз беҳтараш ҳалли ҳама мушкилиҳоро ба гардан нагирифта, бо корҳои муҳимтарин машғул шавед. Холаи ҳамакора шудан айни замон ба манфиати шумо нест, беҳтараш як-ду нақшаи бузургатонро амалӣ намуда, беҳтарин буданатонро исбот намоед. Агар ин корро карда тавонед, вазифаи нави сердаромад насибатон гашта, кордатон болои равған мешавад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз як қатор масъалаҳо пеш меоянд, ки кушодани чигилашон пули зиёд металабад. Асадҳои соҳибмақомро нимаи дуюми рӯз сафари корӣ интизор аст. Охири рӯз дар хонаатон як хурсандӣ рӯй медиҳад. Асадҳое, ки ташнаи бахт ҳастанд, мурғи бахтро шикор карда метавонанд, агар ба атрофашон дурусттар нигаранд. Шуморо вохӯрии тақдирсозе интизор аст, агар ширинзабонӣ карда дили ёри наватонро ёбед, ин вохӯрии кӯтоҳ ба шумо бахти бузургеро ато хоҳад кард.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Пеш аз ҳама аз ташхиси духтур гузаред, зеро хавфи хурўҷ намудани бемориҳои мавсимӣ вуҷуд дорад. Пешгирии касалӣ аз табобаташ осонтару арзонтар аст-инро фаромӯш накунед! Нимаи дуюми рӯз як идеяи фантастикӣ ба саратон меояд. Агар ниятатонро амалӣ карда тавонед, соҳиби пули калон мешавед. Баргардонидани қарзҳоятонро фаромӯш насозед. Охири рӯз зодагони бурҷи сумбула хариди калон мекунанд ё ба ягон орзуи бузургашон мерасанд.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Талош накунед, ки ошиқатонро зери дасти худ бигиред, ин амал бисёр хатарнок буда, метавонад ба решаи бахтатон теша занад. Ошиқ ё ҳамсаратон дар сар фикри аз шумо халос шуданро парварида барои ҷанҷол баҳона кофта мегардад, аз пасаш поида ба оташи ғазабаш равған нарезед. Беҳтараш баҳонаҷӯияшро нодида гирифта, ҳар қадаре, ки метавонед меҳрубонӣ кунед. Як рӯз забонатонро нигоҳ доред, як умр хушбахт мешавед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Бо касе қаҳрӣ бошанд, ин ҳафта албатта оштӣ кунед. Аз гуфтани суханҳои ноҷою бемаврид худдорӣ намоед. Зиндагии осуда мехоста бошед, дилозорӣ накунед. Ҳамёнатонро аз чашми тезу дасти чолоки дуздон эҳтиёт намоед. Ақрабҳои оиладорро як сюрприз интизор аст. Ошиқи ранҷидаатон дубора бар мегардад, агар гарданшахӣ накарда гуноҳашро бубахшед, хушбахт мешавед. Ба гузашта салавот гуед, зеро ин умри кӯтоҳи одамӣ ба кинаварзӣ намеарзад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Зарурати бо сафари кор ба дигар давлатњо рафтанатон пеш меояд. Бо тамоми ҳастӣ ҷиддан ба кор дода шавед, то лоиҳаатон бобарор гашта, худро ҳамчун коргари чашми кордон нишон дода тавонед. Беаҳамиятӣ накунед, фориғболӣ метавонад дар як лаҳза ҳама корро расво кунад. Нимаи дуюми рӯз як хабари нав мешунавед. Ҳамсар ё ошиқатон бо рафтораш ба асабҳоятон мерасад, вале дағалӣ карданро ситораҳо ба шумо маслиҳат намедиҳанд. Танҳо мондан нахоҳед, лабатонро зери дандон гирифта тоқат кунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Рӯз барои шахсоне, ки ба дигар давлатҳо сафар карданиянд, бисёр бобарор аст. Ҷаддиҳои бе кор ин рӯз ҷойи кор меёбанд, агар дилмонда нашуда дари чанд идораро кӯбанд. Нимаи дуюми рӯз ба ҷамъомаде даъватӣ мешавед, наравед беҳтар аст. Ҷаддиҳои танҳо бахти худро меёбанд. Ба ҷаддиҳои оиладор маслиҳат медиҳем, ки шомро бо аҳли хонаводаашон гузаронанд. Вохӯрии ошиқона ба шумо ба ҷуз шармандагӣ дигар чизе намедиҳад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Меҳнат кунед, самарашро мебинед. Нимаи дуюми рӯз шумо имкони пули калон кор карданро доред, агар муносибатро бо роҳбарон хуб ба роҳ монед. Давлҳои оиладор бояд нисбати аҳли хонадонашон бепарво набошанд. Пайвандонатон ба ёрии шумо эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Ба давлҳои муҷаррад маслиҳат медиҳем, ки аз пайи ду сайд давиданро бас кунанд. Домони ду ёрро дошта, шумо оқибат аз ҳарду мемонед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Хавфи канда шудани робитаҳои корї вуҷуд дорад, бинобар ин, кӯшиш намоед, ки муносибатро бо ҳамкорон ва шарикони тиҷоратиатон вайрон насозед. Нимаи дуюми рӯз ягон ашёи қиматбаҳоятонро гум мекунед, агар беҳуда бозору мағозагардӣ кунед. Дар оилаи баъзе зодагони бурҷи ҳут нофаҳмиҳо сар мезананд. Беҳуда нагуфтаанд, ки ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд, шарм надошта ба касе, ки бовар доред, дар бораи мушкилатон бигӯед ва маслиҳат пурсед. Дарди дилатонро ба дӯсти наздикатон гуфта, шумо роҳи ҳалли масъаларо меёбед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ