толенома

Толеъномаи 8-уми августи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Агар нақшаи корҳоятонро тартиб диҳед, ба зудӣ ба мақсад мерасед. Ҳангоми робита бо нафарони ношинос андозаро нигоҳ доред. Баъзеҳо мақсади асабӣ сохтану ба ғазаб овардани шуморо доранд. Вазъи саломатиятон хуб нест, аз ин рў, пешакӣ чора андешиданатон лозим аст. Барои мулоқоти ошиқона рўзи мусоид аст.

Савр (21 апрел-22 май)

савр

Дар ин рўз худро аз ҳад зиёд хаста нагардонед, вагарна бегоҳирўзӣ вазъи саломатиятон нохуб мегардад. Қисми авали рўз барои истироҳат дар оғӯши табиат созгор аст. Тамоми сафару саёҳатҳо бобарор анҷом меёбанд. Барои бастани ақди никоҳ ва ҷашну маъракаҳо рўзи бобарор аст.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Дар ин рўз аз наздикон ва умуман аз зиндагӣ чӣ хостанатонро муайян созед. Дар ҳаёти шахсиятон низ бояд интихоби дуруст карда тавонед. Агар нафареро дўст медошта бошед, муносибатҳои самимонаатонро нигоҳ доред. Барои он ки бемориҳои куҳна аз худ дарак надиҳанд, саломатии худро эҳтиёт кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Имрўз табъатон тамоми рўз тағйир меёбад. Ҳолати худро ба атрофиён нишон надиҳед, вагарна вазъият бадтар мешавад. Бадгумониятон боиси пайдо шудани мушкили зиёде мегардад. Вазъият дар оилаатон чандон ором намешавад, аз ин лиҳоз, бо наздикон баҳс накунед. Аз робита бо нафарони бадкирдор дурӣ ҷўед.

Асад (23 июл-23 август)

асад

Дар ин рўз хотирпарешону хаёлӣ мегардед. Аз ин рў, чизеро ба нақша гирифтану кори наверо оғоз карданро маслиҳат намедиҳем. Беҳтараш бо корҳои муқаррарӣ машғул шуда, аз пайи рафъи камбудиҳои хона шавед. Танҳо дар ҳамин сурат табъатон болида мегардад. Тамоми хабару маълумоти шунидаро тафтиш намоед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Диққати худро ба корҳои оилавӣ ҷалб намоед. Эҳтимоли бо яке аз наздикон муноқиша карданатон вуҷуд дорад, аз ин рў, аз ҳадди эътидол берун набароед. Агар маблағи дар даст доштаи худро беҳуда сарф кунед, вазъи молиявиатон хеле душвор мегардад. Дар ҳама кор тартиботро риоя намуда, муваффақ мегардед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Имрўз кореро бояд ба анҷом расонед, ки аз натиҷааш бисёр чизҳо вобастагӣ доранд. Бо нафари аз худатон калонсолу ботаҷриба баҳс накунед. Агар ба камбудиҳои пешомада диққат надиҳед, ба вазъияти душвор мубтало мегардед. Рўз барои эҷод, сохтмон, бастани ақди никоҳ ва истироҳат дар оғўши табиат бобарор аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Наздиконатон пайваста аз шумо чизеро талаб мекунанд. Маҳз ҳамин чиз боиси асабоният ва ба ғазаб омаданатон мегардад. Нисбати нафароне, ки бо шумо меҳрубону самимиянд, муносибати хуб кунед. Саломатиятон имрўз ташвиш намедиҳад. Ба нафароне, ки хуб намешиносед, дарди дил накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Дар ин рўз табъатон болида аст, вале на ҳамаи нақшаҳоятон амалӣ мешаванд. Вохўрии тақдирсозе имкон дорад, ки фаромўшнашаванда мегардад. Ба нафаре ошиқ шуда, хеле хушбахт мегардед. Бо коре, ки дар он таҷриба надоред, машғул нашавед. Беҳтараш бо кори назарногир, вале фоидаовар машғул шавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Бо сабаби мушкилиҳои дар хонаатон сарзада зуд-зуд асабӣ мешавед. Нофаҳмӣ бо ҳамкорон боиси муноқишаи ҷиддӣ мегардад ва роҳбарият ба ин рафтори шумо бо назари танқид менигарад. Барои он ки гирифтори асабхаробӣ нагардед, дар ҳавои тоза сайругашт намуда, қабл аз хоб оббозӣ кунед. Ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Аз он ки аксари мушкилиҳоятон худ ба худ рафъ мегарданд, сидқан қаноатманд мегардед. Дар ҷойи коратон вазъияти душворе ба амал меояд, ки бемасъулиятӣ карданатон лозим нест. Нисбати ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дўстдоштаатон хунукназарӣ намуда, сабабгори рух додани муноқиша мегардед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Барои он ки муносибататон бо ҳамкорони тиҷоратӣ вайрон нагардад, табъи нохуши худро нишон надиҳед. Оромиро нигоҳ дошта, бо корҳои муқаррарӣ машғул шавед, вагарна гирифтори нофаҳмӣ ва фишори руҳӣ гашта, дар натиҷа бемориҳои дил ва рўдаву меъда хурўҷ мекунанд. Уҳдадориҳои худро ба дўши ҳамкорон бор накунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *