толеънома

Толеъномаи 8-уми декабри соли 2023

Ҳамал

ҳамал

Имрӯз нақшаҳоятон тағйир ёфта, аз пеш омадани монеаҳо дар ғазаб мегардед. Бо вуҷуди андуҳгин буданатон худро ба даст гиреду фикрҳоятонро ҷамъ кунед. Шамол хӯрдану бемор шудатон имкон дорад. Бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои бемории зуком дарҳол ҳабҳои зиддивирусиро истеъмол кунед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

Савр

савр

Тамоми фикру андешаҳоятонро барои пайдо намудани манбаи нави даромади пулӣ равона созед. Нафаре, ки кӯшиши бо шумо ҳамкорӣ карданро дорад, найрангбозу фиребгар аст. Саломатиро эҳтиёт кунед, аз пайи табобати бемориҳои музмин шавед.

Ҷавзо

ҷавзо

Рӯзи хубест барои рафъи нофаҳмиҳо. Он чизҳоеро, ки донистан мехостеду аз пурсидан шарм медоштед, имрӯз бе дудилагӣ фаҳмида метавонед. Дар ин рӯз ростқавлу ҳамсуҳбати хуб бошед. Ошиқонро лозим аст, ки нисбати якдигар дурӯягӣ накунанд.

Саратон

саратон

Дар ин рӯз саросемавор амал намуда, вазъиятро ба таври бояду шояд ҳаллу фасл карда наметавонед. Як маслиҳати одӣ: қабл аз он ки ба коре даст мезанед, аз рӯйи шиори «ҳафт бор чен куну як бор бур» амал намоед. Ба нафаре, ки дар ин рӯз изҳори муҳаббат мекунад, диққати ҷиддӣ диҳед.

Асад

асад

Муваффақият танҳо ҳамроҳу ҳамсафари нафарони ҷасуру боақле мегардад, ки дар ҳама ҳолатҳо роҳи худро меёбанд. Вазъиятро бодиққат таҳти назорат гиред, он гоҳ аз чанд муноқиша эмин мемонед. Дар ин рӯз харидани асбобҳои рӯзгорро тавсия намедиҳем. Эҳтимоли фиреб хӯрдану пули беҳуда сарф карданатон дар назар аст.

Сунбула

сумбула

Рӯзи хубест барои машғул шудан бо корҳои муқаррарӣ. Нияту нақшаҳои деринаро ҷомаи амал пӯшида метавонед. Дар ин рӯз тамоми диққати худро ба мушиклоти оилавӣ ҷалб созед. Дӯстдоштаатонро наранҷонед, вагарна оштӣ шуданатон тӯл мекашад. Нафароне, ки аз фишорбаландӣ азият мекашанд, бояд ҷиддан аз пайи саломатӣ шаванд.

Мизон

мизон

Рӯзи хубест барои ишқу муҳаббат. Дар ин рӯз ҷасурона бо садои қалби худ амал кардан гиред. Аз ҳад зиёд зудбовар нашавед, вагарна сахт фиреб мехӯред. Айни замон бароятон такягоҳи боэътимоде лозим аст. Парҳез роҳи беҳтарини рафъи бемориҳои рӯдаву меъда аст.

Ақраб

ақраб

Барои рафъ намудани хастагиҳои рӯзҳои пешин дӯстонро ба хона даъват кунед ё ба қаҳвахона равед. Нишастҳои дӯстона, мусиқии форам, муҳаббат ва хӯроки бомаза табъатонро болида месозад. Барои он ки масуниятатон паст шуда, бемор нашавед, бештар дар ҳавои тоза сайругашт карда, серҳаракат бошед.

Қавс

Дар ин рӯз корҳоятон бобарору муваффақият ҳамсафаратон мегардад. Хусусан дар ҷодаи муҳаббат комрон мегардед. Модоме тақдир мададгоратон гаштааст, имконияти мусоидро аз даст надода, дӯстдоштаи худро хушбахт гардонед. Нисбати бемории зуком бепарвоӣ накунед, ҳарчӣ зудтар аз пайи табобати ҷиддӣ шавед.

Ҷаддӣ

ҷаддӣ

Ба назаратон чунин мерасад, ки наздикон озодиятонро маҳдуд месозанд. Барои ба тартиб овардани андешаҳоятон ба назди дӯстон равед, робита бо эшон бароятон муҳим аст, онҳо низ ба маслиҳати шумо ниёз доранд. Шамол хӯрданатон эҳтимол дорад, эҳтиёткор бошед.

Далв

далв

Бо аҳли оила, истироҳатро ба нақша гиред. Наздикон ба меҳрубониву ғамхории шумо низ доранд. Наздикон аз дастгирии шумо миннатдор шуда, дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ такягоҳатон мегарданд. Аз саломативу ҳолу аҳволи дӯстдоштаатон зуд-зуд бохабар шуда истед, вагарна оштӣ шуданатон тӯл мекашад.

Ҳут

ҳут

Дар ин рӯз аз муносибати сарди шумо чанд ҳамкоратон ранҷида, сафи душманонатон зиёд мегарданд. Агар муносибатҳоятонро вайрон кардан нахоҳед, аз аспи ҷаҳл фароед. Нафароне, ки чанд муддат аз фишорбаландӣ азият мекашанд, бояд ҳарчӣ зудтар пурра аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *