Толеъномаи 9 апрел 2019
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Ҳамсафари ҳаётӣ дар пешравиҳоятон монеа эҷод мекунад. Агар дар муносибатҳои оилавии шумо кайҳо боз нофаҳмӣ пайдо шуда бошад, дар ин рӯз ба моҷарои калон мепечад. Ба ҳамдигарфаҳмӣ расиданатон душвор мегардад, зеро шумо ба далелҳои якдигар гӯш додан намехоҳед. Барои ба даст овардани маблағи пулӣ қувваи зиёду сабру таҳаммул ва иродаи мустаҳкам лозим мешавад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Эҳтимол имрӯз ба кӯмаки наздикон ниёз пайдо мекунед ё аз шумо кӯмак мепурсанд. Қобилиятҳои пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед. Ҳолати руҳӣ –равониятон ба кори дилу рагҳои хунгарди он бетаъсир намемонад. Паст шудани фишори хун ва дарди сар имкон дорад. Хароҷоти калон карданро маслиҳат намедиҳем. Охири рӯз барои мулоқоти ошиқона созгор аст.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Эҳтимол дӯстони пешинаро вомехӯред ё хабареро мешунавед, ки шуморо дар ҳоли ногувор мегузорад. Ҷавзоҳои оиладор бо сабаби нохуб гаштани саломатии фарзандони худ серташвиш мегарданд. Миёнаи рӯз бо нафарони баобрӯ ҳамнишин мегардед. Бемор шудани дандонҳо имкон дорад. Дар масъалаҳои пулӣ аз ҷониби дӯстону шиносон дастгирӣ мебинед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз дӯстону ҳамфикрони зиёд пайдо мекунед. Агар нафаре аз шумо кӯмак пурсад, рад накунед. Бемориҳои ҷигар хурӯҷ намуда, имкони ҷароҳат ёфтанатон вуҷуд дорад. Дар хӯрдани хӯрок ва корҳои вазнини ҷисмонӣ андозаро нигоҳ дошта, аз бемориҳои номбаршуда халосӣ меёбед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз муносибататон бо хешовандон, ҳамсояву шиносон душвор мегардад. Ҳама гуна робита бо атрофиён бо муноқиша анҷом меёбад. Миёнаи рӯз хоҳиши ишқварзӣ карданатон зиёд мегардад. Дар ҳолатҳои ҳаяҷоновар эҳтиёткориро аз даст надиҳед, вагарна ҷароҳат мебардоред. Масъалаҳои марбут ба тақсими мерос ва баргардонидани қарз ба фоидаи шумо ҳал мегардад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз саломатии худро зери хатар нагузоред, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон хеле зиёд аст. Рӯз барои бастани ақди никоҳ, тӯйи арӯсӣ, саёҳати тӯёна ва шиносоии ошиқона мусоид ҳаст. Ҳар қадаре дар ин рӯз самимиву ошкоро бошед, ҳамон андоза корҳоятон барор мегирад. Бемориҳои гурда, гинекологӣ ва урологӣ имкон доранд..
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Ба хоҳишу иддаои ҳамсари худ гӯш андозед, бо вуҷуди бемулоҳиза будани гапҳояшон сабру таҳаммулро пеша намоед. Дар ин давра аз муноқиша худдорӣ намоеду ба моҷаро роҳ надиҳед. Қарз додану қарз гирифтан дар ин рӯз мусоид аст. Бо кори зиёд худро хаста сохтанатон боиси он мегардад, ки тамоми бемориҳоятон рӯ мезананд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Бо кори зиёд хаста нагардед, вагарна саломатиятон нохуб мегардад. Бенизомӣ дар кору хона боиси асабоният гардад ҳам, имкони ҷорӣ кардани тартиботро пайдо намекунед. Агар шумо муҷаррад бошед, аз маъракаву ҷашнҳо рӯ нагардонед. Барои ошиқ шудану бахти худро пайдо кардан рӯзи мусоид фаро расидааст. Аз муноқиша канораҷӯӣ кунед, ки эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Рафтори бемулоҳиза ба муносибатҳои ошиқонаатон бетаъсир намемонад. Хоҳиши боисрори шуморо дӯстдоштаатон ҳамчун фишори дағалонаву густохона қабул мекунад. Худро ба даст гиред, вагарна аз ҳам ҷудо мешавед. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои дилу рагҳои хунгарди он ва бемории чашм имкон дорад, фориғболӣ накунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар оилаи аксари ҷаддиҳое, ки то ин дам оромиву нишот набуд, вазъият душвортар мегардад. Мухолифат ба зиддияти ошкоро мубаддал мегардад. Дар ин рӯз аз муноқишаҳои оилавӣ дурӣ ҷуста, фикри худро ба ягон кори дигар банд созед. Ҷаддиҳои муҷаррад дар ин рӯз дар нақлиёт ё қаҳвахона бахти худро пайдо карда метавонанд. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои роҳи нафас имкон дорад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз ростгӯӣ ва боисрории шуморо атрофиён ҳамчун дағалӣ ва густохӣ қабул мекунанд. Ба вазъият нигоҳ карда, уҳдабаро ва ботаҳаммул бошед. Аз сафару шиносии нав худдорӣ намоед. Миёнаи рӯз вазъи молиявиатон беҳтар ва дар оилаатон беҳбудӣ дида мешавад. Барои беҳ сохтани вазъи саломатӣ хӯрокеро истеъмол намоед, ки аз витаминҳо бой бошад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Аз сарфи зиёди маблағ худдорӣ намоед. Мушкилиҳои молиявӣ дар ҷойи аввал қарор гирифта, тамоми вақтатонро фаро мегирад. Миёнаи рӯз аз дӯстону ҳамсояҳо хабари хуш мешунавед. Барои ҳалли мушкили дигарон аз таҳти дил заҳмат мекашеду вақти зиёд сарф мекунед ва аз рафтори худ ҳаловат мебардоред. Бемории ғадуди сипаршакл хурӯҷ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ