Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Саратон (22 июн- 22 июл)
Барои шумо давраи оромтарини сол фаро мерасад. Ташвишҳоеро, ки чанд рӯз боз шуморо азият медиҳанд, аз сар дур созед. Беҳуда ба касе ваъдаи хушку холӣ надиҳед, кореро ки аз уҳдааш намебароед, ба гардан нагиред. Шумо бояд тамоми фикру зикри худро ҷамъ карда, ба як мақсад равона карда тавонед. Бе ягон дудилагӣ гузаштаро фаромӯш кунеду зиндагиро бо дилу нияти нек оғоз намоед.
Дар масъалаҳои пулӣ андаке иштиҳои худро пасттар намоед. Карахтӣ ва куҳнапарастии шумо сади роҳи дастовардҳоятон мегардад. Ҳангоми омӯхтани чизи нав ва муошират бо шахсони ношинос ба дил шубҳаро роҳ надиҳед. Пухтакор бошед, вақти пурқимати худро ба суҳбатҳои беҳуда сарф накунед, нақшаҳоятонро тарҳрезӣ кунед, он гоҳ аз натиҷааш шод мегардед. Аз ҳоли дӯстонатон, ки чанд муддат бехабар будед, пурсон шавед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Вақту қувваи худро холисона ба назар гиред, вагарна тамоми рӯз бо кор андармон мегардед. Аввали рӯз корҳои фавриву ногаҳонӣ пеш меоянд, ки аз шумо диққатнокиву таваҷҷуҳро талаб мекунанд. Нимаи дуюми рӯз барои бо касе муноқиша накардану ба сари худ бало нахаридан худро аз дағаливу асабоният нигоҳ доред. Мушкилиҳое, ки дар ин рӯз пеш меоянд, танҳо бо маслиҳати дӯстону наздикон рафъ карда метавонед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Комёбиву шуҳрати шумо боиси рашку бахилии бадхоҳонатон мегардад, вале аз ғайбати нокасон зиқ шуда худро обу адо насозед. Дар рӯзи нав сафари роҳи дур дар назар аст. Касеву чизе набояд сади роҳи нақшаву ниятҳои шумо гардад. Мушкилоти дар ҷойи кор пайдошударо танҳо бо қувваи худ рафъ карда метавонед. Вақте расидааст, ки нафарони муҷаррад аз пайи бунёди бахти худ шаванд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Озодии наздиконатонро маҳдуд насозед, нисбати орзуву ниятҳояшон бетараф набошед. Хабареро, ки боиси ба даст овардани даромади пулӣ мегардад, аз мадди назар дур насозед. Хонумҳое, ки дар моҳи ҷаддӣ ба дунё омадаанд, ин ҳафта хостгор меёбанд. Марди арзандае талабгори шумо мегардад, агар дуруст рафтор намоед, охири ҳамин сол куртаи арӯсӣ ба бар мекунед. Бемориҳои куҳна аз нав хуруҷ мекунанд.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Имрӯз ба танбалӣ роҳ надиҳед, вагарна нияту нақшаҳоятон нотамом мемонанд. Сабру таҳаммул ва интизорӣ шуморо муваффақ мегардонад. Боодоб бошед, дар муносибат бо шарикони корӣ дағаливу муноқиша накунед. Рӯз сафарҳо хотирмону муфид анҷом меёбанд. Дар ин рӯз пулро зиёд сарф накунед. Агар имкон дошта бошед, пулро барои рӯзи мабодо захира намоед. Дар бораи нақшаву ниятҳоятон пешакӣ ба касе чизе нагӯед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ