Толеъномаи 9 феврал 2019
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Тамоми гапу коратонро дар ин рӯз атрофиён ба таври дигар қабул мекунанд. Хусусан дар ҳузури нафарони ношинос хомӯш бошеду аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Баробари гирифтани ҳақи хизмат мушкили молиявиатон рафъ мегардад. Дағалгуфторӣ ва қаҳру ғазаб боиси ранҷидани шахси бароятон азиз мегардад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар касбу кор ва муносибатҳои оилавиятон мушкилӣ сар мезанад. Уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор накунед. Мушкилиҳои сарзадаро ба дил наздик қабул насозед. Саломатии худро эҳтиёт кунед. Агар дар ин рӯз бемор шавед, шифо ёфтанатон душвор ва оқибати ногувор ба бор меорад. Баъди нисфирӯзӣ аз дарди сар нороҳат мегардед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Рӯзи душвор аст. Сари қарори муҳиме наоед, коратон барор намегирад. Дар бораи пайдо намудани кору хубу сердаромад фикр карданатон лозим меояд, зеро вақтҳои охир аз бепулӣ асабҳоятон хароб гаштаанд. Нисбати дӯстдошта ё ҳамсари худ рашки беҳуда накунед, дӯст доштанатонро бо меҳрубонӣ нишон диҳед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Вазъи молиявиатон аз сифати кори шумо вобастагӣ дорад. Бо наздикони худ бештар робита намуда, масъалаҳои тақсими меросро ҳал кунед. Андаке худро нотобу бемадор ҳис мекунед. Агар дили нозук дошта бошед, ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор мегардед. Дари хонаи шумо бояд ҳамеша барои меҳмонон кушода бошад. Ба мушкилии наздиконатон бетараф нашавед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Агар дар ин рӯз чанд соатро дар танҳоӣ гузаронед, мушкилиҳои зиёдеро рафъ карда метавонед. Ба гапҳое, ки дар ин рӯз нисбати худ мешунавед, бодиққат бошед. Хусусан ба ҳарфи нафарони оқилу воломақом гӯш андозед. Хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад, аз ин лиҳоз ба назди духтур рафтанатон ҳатмист. Нимаи аввали рӯз мулоқоти ошиқона оростанро маслиҳат намедиҳем.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дурандешӣ ва нақшаи тарҳрезишуда комёбӣ меорад. Вазъи саломатиятон хубу рағбати ҷинсиятон зиёд мегардад. Душманон дар сари роҳатон чоҳ кандан мехоҳанд, агар фориғболӣ намоед, рақибон ба мақсади нопоки худ мерасанд. Аз ҷониби нафаре изҳори муҳаббат мешунавед, ки чанд сол аз шумо калонсол аст.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи беҳтарин асту табъатон болида. Барои он ки чизе сади роҳи хушбахтиятон нагардад, дар бораи нақшаву ниятҳои худ ба касе нақл накунед. Барои бепул намонданатон аз харидорӣ намудани чизҳои қиматбаҳо худдорӣ намоед. Нафарони эҷодкор даромади начандон калон ба даст меоранд. Бо нафаре, ки ба наздикӣ шинос шуда будед, муносибатҳоятон наздик мегардад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи душвор аст. Ҳодисаҳои ногаҳонии зиёд имкон доранд. Мушкили муҳимеро ҳал карданатон лозим аст, ки аз он касбу коратон дар оянда вобастагӣ дорад. Барои муваффақ гаштанатон бо рақибон мубориза бурданро омӯзед. Агар оиладор ё нафареро дӯст медошта бошед, ишқи навро ба дил роҳ надиҳед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз пулро сарфа кунед, вагарна қариби бегоҳ ҳамёнатон холӣ мегардад. Қарзи калон гирифтану маблағгузорӣ карданро тавсия намедиҳем. Барои он ки дар ҷодаи муҳаббат ба ғалат роҳ надиҳед, дӯст доштан ё надоштани худро муайян намоед. Имкони дар рагҳои хунгарди дилатон пайдо шудани беморӣ зиёд аст.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Рӯзи бобарор аст, тамоми корҳоятон натиҷаи хуб медиҳанд. Саргузашти ошиқона ё вохӯрии хотирмон имкон дорад. Барои харид кардану таъмири хона рӯзи мусоид аст. Бо нақлиёти худ сафар карданро маслиҳат намедиҳем. Баъди нисфирӯзӣ худро каме нотоб ҳис мекунед. Ба саломатии шахсони бароятон азиз беаҳамиятӣ накунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Барои хариди калон кардану бастани ақди никоҳ рӯзи мусоид аст. Нимаи аввали рӯз нобоварӣ ва парешониятон боиси нофаҳмиҳои хурд мегарданд. Дар ин рӯз ба кӯмаки дӯстони ҷонӣ ниёз пайдо намуда, муътақид мегардед, ки дӯстон оинаи якдигаранд. Ба дарди меъда беэътиноӣ зоҳир накунед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Рӯзи номусоид аст, кор кардан душвору табъатон якбора хира мегардад. Ҳутҳои калонсол набояд мушкилиҳои ҳаётиро ба дил наздик қабул намоянд. Бемадор гаштану ба бемориҳои инфексионӣ гирифтор шуданатон имкон дорад. Агар дар ин рӯз бемор шавед, бемориятон тӯл кашида, давомнок мегардад. Худро эҳтиёт кунеду либоси гарм пушед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ