Толеъномаи 9 май 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз уҳдаи корҳои душвор баромадан муяссаратон мегардад. Аз дӯстону атрофиёни худ эҳтиёт шавед, нафаре  ки ба боварии шумо даромадааст, дар фикри душманӣ кардан аст. Агар пули дар даст доштаро босуръат сарф кардан гиред, то охири моҳ азоби бепулӣ мекашед. Истироҳат карданро фаромӯш насозед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯзи серташвиш аст. Тақдир бароятон нобарориҳои навбатиро омода месозад. Дар ҷодаи касбу кор ё мушкилоти рӯзгор душвориҳо сар мезананд. Эҳтимол нақшаҳоятон тағйир ёфта ба ҷои истироҳати гуворо кори иловагӣ ба душатон бор мегардад. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи бобарор аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи душвор аст. Дар касбу кор ва ҳаёти шахсӣ мушкилиҳо пеш меоянд. Беҳтарин коре, ки ба фоидаи худ карда метавонед, аз дағалӣ нисбати  атрофиён худдорӣ кардан аст. Дар ҳаққи шумо ғайбат ва туҳмат кардани бадхоҳон имкон дорад. Саломатиятон аз тағйирёбии боду ҳаво вобастагӣ дорад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз ба нофаҳмиҳо диққат надода, худро ба даст гиред. Қасд кардагӣ барин, атрофиён бар зидди шумо амал намуда, эҳтимоли муноқиша карданатон зиёд мегардад. Сафари деринтизорро ба таъхир гузошта, ба ҷои истироҳати бофароғат ба дӯши худ уҳдадориҳои иловагиро бор мекунед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯзи хеле бобарор аст. Атрофиён аз корчаллонии шумо ба ваҷд меоянд. Нимаи аввали рӯз барои робитаву кор мусоид аст, баъди нисфирӯзӣ бо мушкилиҳои хона машғул шуданатон лозим меояд. Асадҳое, ки имрӯз аз дӯстдоштаи худ меранҷанд, имкони оштӣ шуданашон душвор мегардад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Аз муноқиша бо одамони ношинос худдорӣ намоед. Вазъияти душворе, ки дар байни шумову дӯстдоштаатон вуҷуд дошт, рафъ гашта, ҷояшро меҳру муҳаббат фаро мегирад. Ба қаҳру ғазаб ва худхоҳӣ роҳ надиҳед ва одати аз пашша фил сохтанро партоед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Нимаи аввали рӯз хабару ҳодисаҳое имкон доранд, ки боиси хирагии табъатон мегарданд. Бо вуҷуди монеаҳо нуқтаи назари худро пайгирӣ карданатон лозим меояд. Баъди нисфирӯзӣ бо дӯсти боэътимод ё нафари хайрхоҳе вомехӯред, ки барои аз вазъияти душвор берун шудан кӯмак мекунанд. Ҳама гуна харидатон дар ин рӯз бобарор мешавад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз аз фиребу найранг ва кӯшиши чизеро пинҳон кардан худдорӣ намоед. Дар ҷодаи дӯстӣ ва муҳаббат танҳо самимият ва поквиҷдонӣ шуморо муваффақ мегардонад. Дар бораи мушкилу хоҳишҳои худ ҷасурона ҳарф занед, имкониятҳои нав пеш меоянд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз барои оғози кори нав омода бошед. Имкони ҳунару маҳорати хешро нишон доданатон фароҳам меояд, ба ҳеҷ ваҷҳ кореро, ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯш нагиред. Агар дӯстдошта дошта бошед, ҳатман бо меҳрубонӣ хотирашро шод гардонед. Агар муҷаррад бошед, барои пайдо намудани бахти худ кӯшиш намоед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз худхоҳии худро ба наздиконатон нишон надиҳед. Фаромӯш насозед, ки на ҳама метавонанд бо нуқтаи назари шумо ҳамфикр бошанд. Агар соҳиби фарзанд бошед, ин ҳақиқатро ба онҳо низ омӯзед. Хабари ногаҳонӣ вазъиятатонро ба куллӣ тағйир медиҳад. Барои корҳои вазнини ҷисмонӣ рӯзи мусоид аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Нимаи аввали рӯз банақшагирии корҳои муҳими худро ба анҷом расонида, баъди нисфирӯзӣ нақшаҳоятонро вобаста бо вазъи молиятон тарҳрезӣ намоед. Аз суҳбати нафарони аҷиб рӯ нагардонед, имрӯз хабари муфид мешунавед. Дӯстдоштаатон серкории шуморо нишонаи бемеҳриятон шуморида аз шумо меранҷад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯзи ором аст. Бо кори зиёд худро хаста насозед, беҳтараш қувваи худро барои корҳои минбаъда ҷамъ кунед. Муносибати худро бо одамон тағйир дода хафагиҳоро бубахшед. Хафагиву ранҷишро аз худ дур сохта, худро беҳтар ҳис мекунед. Ҳутҳои муҷаррад бояд ба гардиши ногаҳонии қисмат омода бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *