Толеъномаи 9 октябр 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Худро дар ҳавои сард муҳофизат намоед. Имрӯз барои оғози корҳои тиҷорат хеле муфид аст ва даст овардани маблағҳои калон дар назар дошта шудааст. Ҳама фикратонро ба пул банд накунед ва муҳаббате, ки дар паси даратон истодааст, қабул кунед. Дар роҳ ҳамеша эҳтиёткор бошед. Вақти дар сари чанбари мошин будан худатонро ба даст гиред.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Саврҳоро рӯзи пурбарор интизор аст. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки корҳое, ки дар нақша доред, ба баъд гузоред. Дар коргоҳ муносибати худро тағйир диҳед, зеро ин рафтори шумо ба кори ояндаатон халал мерасонад. Ба вохӯрие, ки даъват мешавад, кӯшиш кунед, ки равед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Кӯдаконатонро беназорат нагузоред, зеро назорати ҳамешагӣ бар манфиати ҳам шумо ва ҳам саломатии фарзандатон аст. Дар коргоҳ бо коргарон хушмуомила бошед ва корҳои нотамоми хонаро низ ба анҷом расонед. Аёдати волидонро фаромӯш накунед, зеро як каф дуои онҳо пешрафти кори шумо хоҳад шуд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имрӯз мумкин аст дар корҳои тиҷоратиатон каме мушкилиҳо пеш ояд, вале аз ин дилсард нашуда, барои ба ҳадаф расидан талош намоед. Чанд вақт аст, ки дар фикри сарулибоси зимистона ҳастед, акнун вақташ фаро расидааст. Муносибати дағалро аз худ дур кунед. Ҳамеша камбудии дигаронро кофтан низ дарди саратон мешавад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Бо сабабҳои номаълум аввали рӯз худро нороҳат ҳис мекунед, шояд аз тағйирёбии боду ҳаво ё мушкилоти оилавӣ бошад, вале дар миёни рӯз аз дур хабаре мешунавед, ки рӯҳияи шуморо дигар мекунад. Ҳангоми сари чанбари мошин нишастан, кӯшиш кунед, ки ҳамаи проблемаҳоятонро як тараф гузоред, то аз хатар эмин бошед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар аввали рӯз ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Дар муносибат бо атрофиён эҳтиёткор бошед, зеро ранҷиши онҳо ба пешрафтаатон халал эҷод мекунад. Дар соҳаи тиҷорат муваффақиятҳо шуморо ҳамсафар мешавад. Дар муҳаббат каме нофаҳмиҳо байнатон пайдо мешавад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Нафароне, ки зери ин бурҷ қарор доранд ва ҷойи кори худро иваз карданианд, ситораҳо тавсия медиҳанд, ки аз ҳозир ҳуҷҷатҳояшонро омода намоянд. Кӯшиш кунед, ки бо ҳамкорон муносибати хубро ба роҳ монед. Ҳар як қадами шумо дар таҳти назорат аст. Барои ҳамин ҳар сухане, ки мегӯед, фикр кунед. Нисбат бу ҳамсаратон меҳрубон бошед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Кӯшиш кунед, ки бештари вақтатонро ба тамошо, сайругашт, вохӯрии шиносон гузаронед. Барои маблағе, ки дар ин муддат сарф шудааст, ғам нахӯред. Ситораҳо ба даст омадани даромади пулиро пешгӯӣ мекунанд. Нисбати маҳбубаи худ бепарво набошед. То қадри имон аз вохӯриҳо даст накашед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар муносибати ошиқона каме нофаҳмиҳо ба миён меояд. Дар ин лаҳза худатонро ба даст гиред. Вақтҳои охир саломатиатон шуморо азият медиҳад. Нисбати ин чизи қиматбаҳо бетараф набошед. Дар охири рӯз ба аёдати падару модар рафтанро фаромӯш накунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар рӯзба лаломатии худатон ҷабр накунед. Корҳоятонро дар доираи вақти муайян иҷро намоед, чунки мондашавии зиёд хастагии рӯҳиро ба миён меорад. Ба гапҳое, ки дар атрофатон давр мезанад, аҳамият надиҳед, чунки вақт довар аст. Кӯшиш кунед, ки рухсатии меҳнатӣ гиред ва қувваи ҷисмониву равониатонро барқарор намоед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Вақти кам барои амалишавии орзуҳоятон боқӣ мондааст. Метавонед, ки ками дигар кӯшиш намоед. Роҳбаратон шуморо ба вазифаи дигар гузаронидан мехоҳад. Ҳар чанд розӣ набошед ҳам, аз гуфтаи роҳбаратон саркашӣ накунед. Кӯдаконро дар дилхоҳ вақт ба тамошо бароред, зеро инкишоф ёфтани ҷаҳонбинии онҳо аз шумо вобастагии калон дорад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Аввали рӯз бо муноқиша рӯ ба рӯ мешавед. Ин мушкил дар як муддати кӯтоҳ мегузарад, чунки ҳақ ба ҳақдор мерасад. Аз нобарории корҳоятон ғамгин нашавед, зеро охири рӯз орзуи деринаатонамалӣ шуданаш мумкин аст. Муносибати хубро бо атрофиён фаромӯш насозед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ