Толеъномаи 9-уми апрели соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи душвор аст. Мушкилиҳои ҳалталаби корӣ ва шахсӣ қувваву мадори зиёдатонро талаб мекунанд. Хатари хуруҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Дар ин рӯз ба касе қарз надиҳед, эҳтимол пулатонро дигар барнамегардонанд. Пулро танҳо ба нафароне диҳед, ки аз онҳо дилпур бошед.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи хубест барои бастани ақди никоҳ ва баргузор кардани тӯйи арӯсӣ. Бо дӯстону наздикон гапатон мегурезад, ҳангоми баҳсу мунозира ба эҳсосот дода нашавед. Бонувон бояд ба саломатии худ диққати бештар диҳанд. Истироҳату сайругашт боиси болида гаштани табъатон мегардад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Ҳама коратон дар ин рӯз барор мегирад. Тамоми нақшаву ниятҳоятон амалӣ мегарданд. Нотарсона аз пайи корҳое шуда метавонед, ки чандон сарфаҳм намеравед. Аз нафаре, ки шуморо дӯст медорад, хабари хуш мешунавед. Сафарҳои тиҷоратӣ ё харидҳо бебарор анҷом меёбанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз коратон натиҷаи хуб медиҳад, вале заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд. Агар нисбати атрофиён нармгуфтор бошеду ба дағалӣ роҳ надиҳед, муносибати онҳо низ бо шумо хуб мегардад. Дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмӣ ва муноқиша рух медиҳад. Ба рашк роҳ надиҳед, вагарна оштӣ шуданатон душвор мегардад.
Асад (23 июл-23 август)
Барои машғул шудан бо корҳое, ки маблағи калони пулиро талаб мекунанд, рӯзи муосид нест. Мушкилиҳои нотамоми атрофиён ё туҳмати нафаре боиси қаҳру ғазабатон мегардад. Худро ба даст гиред, вагарна оташи ғазабатон ҳамаро ба хокистар мубаддал мегардонад. Баъзеҳо гирифтори руҳафтодагӣ мегарданд.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи душвор аст. Бо сабаби он ки худро ором карда наметавонед, зуд-зуд ба қаҳр меоед. Агар имкони дар танҳоӣ гузаронидани рӯзро дошта бошед, аз он истифода баред. Дар ин рӯз на танҳо камбудиҳои хона, балки мушкилиҳои шахсиро рафъ карданатон лозим меояд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои истироҳати оилавӣ ва дигар робитаҳо рӯзи номусоид аст. Имкони рух додани муноқиша, нофаҳмӣ, хафагиву фиреб вуҷуд дорад. Беҳтараш рӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Агар чунин имконро надошта бошед, аз ғазаб худдорӣ намуда, бомулоҳиза гап занед. Дар акси ҳол шуморо нодуруст мефаҳманд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Давраи санҷишу имтиҳонҳо ба охир мерасад. Корҳоятон натиҷаи хуб медиҳанд. Рӯзро дар замини наздиҳавлигӣ гузаронидану ҳаракатҳои ҷисмонӣ манфиатбахш аст. Бо вуҷуди бобарор будани рӯз ба макру фиреб дода нашавед. Ҷавонон ба кумаки нафарони калонсол умед баста метавонанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Боақлона рафтор намуда, ҳангоми баҳс ба ақли солим гӯш дода, оқилона рафтор намоед. Бо нафарони ношинос аз таҳти дил суҳбату дарди дил накунед, вагарна хафагиву ранҷиш ва дилсиёҳӣ имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ ҳушёриро аз даст надиҳед, ба доми дузду қаллобон афтиданатон эҳтимол дорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз аз нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед. Бо сабаби истеъмоли ғизои нодуруст бемор шудани меъдаатон имкон дорад. Зиёд зудбовар нашавед, нафароне ҳастанд, ки аз содагии шумо истифода бурдан мехоҳанд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Қабл аз гаперо гуфтану кореро ба анҷом расонидан сад маротиба андеша намоед. Дар ин рӯз таваккал кардан хуб нест, вагарна тамоман бепул мемонед. Дарди сар ва ҷароҳат бардоштанатон имкон дорад. Ба саломатии худ, хусусан ба сифати хӯрок бодиққат бошед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Рӯзи бобарор аст. Пешравӣ дар касбу кор боиси зиёд шудани даромади пулиятон мегардад. Ҳар маблағеро, ки имрӯз ба даст меоред, барои камбудиҳои рӯзгор сарф карданатон лозим меояд. Вазъи саломатиятон аз оромии асабҳо вобастагӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ