толенома

Толеъномаи 9-уми октябри соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Дар ин рӯз бо шахси дӯстдоштаи худ муноқишаву низоъ карданро маслиҳат намедиҳем. Имрӯз сахт ба эҳсосот дода шудаву дар сари қаҳр гапи сахт гуфта метавонед. Бо нафаре шинос шуданро дар ин рӯз тавсия намедиҳем. Хабари ногувор табъатонро хира мегардонад.

Савр (21 апрел-22 май)

савр

Дар касбу коратон комёбиҳои назаррас дида намешавад, вале натиҷаҳои хуб ба даст меоред. Ба дӯши худ гирифтани уҳдадориҳои дигаронро маслиҳат намедиҳем. Бо ин амалатон мушкили дигаронро низ ба сари худ бор мекунед. Дар ин рӯз ба мағозаву бозор рафтану пул сарф карданро тавсия намедиҳем.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Рӯзи душвор аст, нақшаҳоятон тағйир меёбанд. Эҳтимол як шиноси деринатон бо рафтори худ шуморо ба ҳайрат меорад. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ оварда, чизҳои даркории худро харидорӣ карда метавонед. Беҳтар мебуд, ки каме пули худро барои рӯзи мабодо захира намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Майда-чӯйдаҳои зиндагиро ба таъхир гузошта, аз пайи корҳои муҳимтар шавед. Вақте расидааст, ки барои пешравии корҳоятон бо ҳамкорон маслиҳат кунед. Айни замон қувваи зиёди худро сарф месозед, аз ин рӯ, барои барқарор сохтани нерӯ нағзакак истироҳат кардану хӯроки хуб истеъмол карданатон лозим аст.

Асад (23 июл-23 август)

асад

Нафароне, ки маъшуқа доранд, сиррашон фош гашта, боиси хирагии табъашон мегардад. Дар ҷойҳои серодам гаштанро маслиҳат намедиҳем. Дар ин рӯз қобилиятҳои ақлонии шуморо қадр намекунанд, аз ин рӯ, дар маҳфилу баромадҳо баромад карданатон бефоида аст.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Дар ин рӯз нерӯятон зиёд гашта, куҳро зада талқон кардан мехоҳед. Вақти бештари худро бо дӯстону шахси дӯстдоштаатон гузаронед. Нимаи дуюми рӯз аз ҳама гуна робитаву вохӯрӣ дурӣ ҷӯед. Саломатии нафароне, ки одати пурхӯрӣ доранд, нохуб гашта, эҳтимоли баландшавии фишори хун дар назар аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Имрӯз дар оилаву коргоҳ муноқишаву низоъ имкон дорад. Бо нафароне, ки дӯсташон медоред, муносибати худро вайрон насозед, вагарна ба худатон зарар мерасонед. Бо коре машғул шавед, ки аз уҳдааш хеле хуб мебароед. Корҳои ҷисмонӣ ба саломатиятон фоида мерасонад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Айни замон нерӯву қуввати зиёд пайдо карда, аз уҳдаи кори зиёде баромада метавонед. Барои шиносоиҳои нави ошиқона рӯзи созгор аст. Баъди нисфирӯзӣ табъатон нохуш гашта, эҳтимоли нохуб гаштани вазъи саломатиятон вуҷуд дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Агар дар касбу кор ба роҳи ҳиллаву найранг наравед, ба мушкиле дучор намегардед. Камтарин дурӯғ рӯзе рӯи об баромада, боиси рехтани обрӯятон мегардад. Аз ин рӯ, фикри фардоро карда, қадами ноҷо нагузоред. Вақти бештари худро бо нафароне гузаронед, ки ҳамроҳашон худро хуб ҳис мекунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Дар касбу кор тағйироти куллӣ рух намедиҳад, вале худро аз доираи нафарони ҳиллагару моҷароангез дур гиред. Бо сабабҳои ночиз хафа нашаведу ба нафаре, ки дӯсташ медоред, зарар нарасонед. Хоби дар ин рӯз дидаатон ба зудӣ амалӣ мегардад. Дар хоб дидани замбурӯғ маънои ҳомила будани занро дорад.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Дар ин рӯз аксари далвҳо аз кору рафтори худ эҳсоси қаноатмандӣ намекунанд. Ба нафароне, ки аз шумо дасти кумак мехоҳанд, ҷавоби рад надиҳед, ба қадри имкон хайр карда, шумо дар оянда низ некӣ мебинед. Саломатиятонро ба табибони ғайрикасбӣ бовар накунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Дар ҷодаи касбӣ ба ғалату камбудиҳо роҳ надиҳед. Бо ҳар нафар шинос шуданро маслиҳат намедиҳем. Воқеаҳои рӯзҳои гузашта ба обрӯву нуфузатон таъсири манфӣ мерасонад. Нафаронеро, ки қаблан дар лаҳзаҳои душвор ба шумо дасти мадад мерасониданд, фаромӯш насозеду изҳори сипос намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *