Толеъномаи рӯзи 10 апрел

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор ва ҳатто хатарнок аст. Худро аз ҳамкорон ва роҳбарият як сару гардан боло нагиред, вагарна байнатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Ҳангоми робита бо атрофиён ба эҳсосот дода нашавед, аз садо баланд кардан худдорӣ намоед. Дар коре ташаббус нишон доданро низ тавсия намедиҳем.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар вазъи молиявиатон беҳбудӣ дида мешавад. Барои рафъ кардани мушкилиҳои пулӣ рӯзи мусоид аст. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан оқибати онро андеша намоед. Рӯзҳои наздик болоравӣ дар вазифа ё мукофотпулӣ имкон дорад. Аз хариди ғайринақшавӣ ва чизҳои қиматбаҳо худдорӣ намоед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Барои ҷавзоҳое, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯзи мусоид аст. Хариди бобарор ё манфиатбахш имкон дорад. Дар ин рӯз мусиқии таскинбахш, маҳс ё сайругашт дар ҳавои тоза боиси оромии асабҳоятон мегардад.  Вазъи саломатиятон аз тағйирёбии боду ҳаво вобастагӣ дорад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз макру фиреби зиёд имкон дорад, хусусан ҳангоми робита бо атрофиён нофаҳмӣ рух медиҳад. Боэҳтиёт бошед:  хӯрдагириву айбҷӯиятон боиси муноқишаву ранҷиши наздиконатон мегардад. Барои он ки рӯзро бе моҷаро паси сар намоед, аз ҳама гуна танқид худдорӣ намоед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Бояд сабру таҳаммулро пеша намуда, бо наздикони худ моҷаро накунед. Вазъи бад давоми чанд рӯз зиёд шуда, боиси асабоният ва оташиниятон мегардад. Ба касе имкон надиҳед, ки ба муносибатҳои ошиқонаи шумо дахолат намоянд. Бо каси дигар ишқбозӣ карда рашки ёратонро наоред.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Ҳангоми бартараф намудани мушкилиҳои кориву оилавӣ хастагиву асабоният ҳис мекунед. Ман-маниву худнишондиҳӣ дар ин рӯз бар зарари шумо аст. Инчунин аз қарз гирифтани пул худдорӣ намоед. Аз дӯстони дерин кӯмак пурсед. Дар ин рӯз ба саломатии худ бодиққат бошед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи душвор аст. Дар корҳое, ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯш нагиред. Мутаассифона, шумораи чунин корҳо зиёд мешавад. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли нотоб шуданатон вуҷуд дорад. Вохӯрие имкон дорад, ки ногувориҳои зиёдеро ба бор меорад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз якраву зудранҷ ва ба эҳсосот дода мешаведу сабабгори муноқишаҳо мегардед. Беҳтар мебуд, ки нуқтаи назари худро иброз накунед, рафту аз уҳдаи ин кор набароед, ҳатман барои бахшиш пурсидан омода бошед. Баъди нисфирӯзӣ табъатон хира мегардаду изтироб ба дилатон роҳ меёбад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ҳангоми сари қарори муҳиме омадан ба маслиҳати дӯстону ҳамкорон гӯш андозед. Таваккал накунед, оқибати корро андеша намоед. Дар масъалаҳои молиявиатон тағйиротҳои судманд имкон доранд.  Дӯстдоштаатонро аз худ дур насозед, дар ин рӯзҳо ба дастгирии ӯ ниёз пайдо мекунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Рӯзи душвор аст. Ҳангоми рафъ намудани монеаҳои дар ҷойи кор ва хона рухдода асабатон хароб мегардад. Барои шунидани хабари ногаҳонӣ омода бошеду худро ба даст гиред. Агар имкон дошта бошед, рӯзро дар муҳити орому беодам гузаронед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Муноқишаи баногаҳ сарзада ба фоидаи шумо ҳал мегардад, вале фориғбол нашавед, ногувориҳои нав пайдо мешаванд. Сабру таҳаммулро пеша намоед. Хоби дар ин шаб дидаатон амалӣ мегардад. Саломатии шумо аз меҳрубониву дастгирии наздиконатон вобастагӣ дорад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз сарфи ғайринақшавии маблағ имкон дорад. Баъзе атрофиёнатон раҳми шуморо оварданӣ шуда, ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳанд. Ба фитнаву иғво дода нашавед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш надиҳад ҳам, эҳтиёт шуданатон ҳатмист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *