Толеъномаи рӯзи 19 март

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ надода, аз шириниҳои ҳаёт лаззат бардошта метавонед. Ҳатто корҳои таъхирнопазир наметавонанд, хотири осудаи шуморо мушавваш гардонанд. Агар саломатиятон нохуб бошад, бо кори вазнин машғул нашавед. Вазъи молиявиатон хуб мегардад, аз ин лиҳоз бепарво бошед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯзи беҳтаринест, орзуву омолҳои зиёде амалӣ мешаванд. Дар ҷодаи муҳаббат ҳар қадаре кӯшиши ба ҳам наздик шуданро кунед, ҳамон андоза аз ҳам дур мешавед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба садои қалби худ гӯш андозед. Саломатии худро дар хатар нагузоред, ба пурхӯрӣ ва хасташавӣ роҳ надиҳед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Агар ба маслиҳати ҳамкорон гӯш андозед, натиҷаи хуб ба даст меоред. Кори муштарак натиҷаовар аст, аз ин лиҳоз дар танҳоӣ амал накунед. Хароҷоти худро ба нақша гиред, вагарна бе пул мемонед.  Бемор шудани яке аз хешовандонатон имкон дорад. Мардҳо аз натиҷаи корҳояшон қаноатманд намегарданд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Бо шахсе вомехӯред, ки дар дилу дидаатон ҷо мегирад. Шумо кайҳо боз дар ҷустуҷӯйи шахси аҷибу хушчақчақ будед ва дар аввал ба чунин бурдборӣ бовариятон намеояд. Хушбахтии худро овоза накунед. Хонаву дари худро аз ифлосиҳо тоза кунед, вагарна бетартибиву бесаранҷомӣ асабатонро хароб месозад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз нисбати атрофиён талабу иддаои сахт накунед, вагарна муноқишаву баҳсу мунозира имкон дорад. Аз танқиду мулоҳиза кардан худдорӣ намоед.  Аз шаҳр берун баромаданро тавсия намедиҳем. Бо хешовандони пиратон ҳодисаҳои ногаҳонӣ рух дода, кӯмаки шумо лозим меояд. Дар тиҷорати шахсӣ даромад ба даст меоред.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи душвор аст, корҳои ҳалталаб зиёду дар ҳаёти шахсиятон мушкилӣ пеш меояд. Хабари муҳиме шунида ҳатман ба сафар баромаданатон лозим меояд. Мушкилиҳои молиявии вобаста бо харид ё ташвиши рӯзгор имкон дорад. Тасодуфан бо шахсе вомехӯред, ки замоне ошиқаш будед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи вазнин аст. Бо сабаби рашк ё норасоии пул байни зану шавҳарон муноқиша имкон дорад. Агар хароҷоти худро кам накунед, дар оилаатон муноқишаи калон ба вуқӯъ омада, кор ҳатто ба ҷудоӣ мерасад. Маҳз бо ҳамин сабаб нохуб гаштани вазъи саломатӣ ва ҷароҳат бардоштанатон имкон дорад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Мушкилиҳои молиявӣ ва ошиқонаатон бобарор анҷом меёбанд. Дар лаҳзаҳои ҳасос чанд дӯстатон ба кӯмак меояд, инро қадр намоед. Бо нафаре, ки кайҳо боз муносибатҳоятон сард гашта буд, муноқиша карданатон имкон дорад. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли нотоб гаштанатон вуҷуд дорад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз ба муноқишае роҳ медиҳед, ки боиси рехтани обрӯятон мегардад. Аз ин лиҳоз аз ҷангу муноқиша дурӣ ҷӯед. Атрофиён бо иғвогарӣ ба асабҳоятон мерасанд. Дар ҳузури нафароне, ки аз бовариятон баромадаанд, гапи зиёдатӣ нагӯед. Дар мулоқоти аввалини ошиқона хулосабарорӣ накунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Натиҷаи корҳои чандинмоҳаи худро мебинед. Аз ҷониби роҳбарият мукофотпулӣ мегиред. Агар нияти ба бозору мағоза рафтанро дошта бошед, пулро сарфа кунед. Ба ҳолати руҳии худ бодиққат бошед, барои кору ҳодисаи ночиз ғам хӯрда руҳафтода нашавед. Дӯстдоштаатонро бо меҳрубонӣ шод гардонед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз аз робита бо нафарони дилтангу ғамгин худдорӣ намоед. Нисбати наздикони худ беаҳамиятӣ зоҳир накунед. Мушкилиҳои молиявӣ имкон доранд: қарзҳои куҳнаатонро баргардонидану ба наздикону хешовандон кӯмак расониданатон лозим меояд. Аз амалҳои хатарнок худдорӣ намоед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯзи мушкил аст. Ҳолати руҳиятон ноорому гирифтори фишори руҳӣ гаштанатон имкон дорад. Ба ягон даромади пулӣ  ва кӯмаки нафаре умед набандед. Маблағи дар даст доштаро сарфа кунед. Танҳо нафарони арзандаро ба ҳаёти худ ворид созед, ҳарчанд имкони ғалат карданатон вуҷуд дорад. Бемории дар ин рӯз пайдошуда вазнин мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *