Толеъномаи рӯзи 21 март
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Барои он ки аз бори масъулияти ғалатҳои содиркардаатон гурехта тавонед, роҳи ҳиларо пеш гирифтанатон лозим меояд. Ин муваққатӣ аст, дер ё зуд барои кирдори худ ҷавоб гуфтанатон лозим меояд, аз ин лиҳоз камтарин дурӯғ вазъиятро душвор месозад. Барои оғоз намудани табобат бо маҳс рӯзи мусоид аст.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Мушкилиҳои нотамом ё ғалатҳои пештара аз нав пеши роҳатон меоянд. Робитаро кам кунед, вагарна бо атрофиён муноқиша имкон дорад. Ба бозору мағоза рафтанро ба рӯзи дигар гузоред. Баъди нисфирӯзӣ нотоб мегардед. Дӯстдоштаатон аз шумо кӯмаку дастгирӣ ва меҳрубонӣ талаб мекунад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Диққати бештари худро ба касбу кор ва вазъи молиявӣ равона созед. Пайваста ғалатҳои пешинаро ба ёд овардан лозим нест. Беҳтараш аз хатогиҳо панд омӯзед. Маблағеро, ки барои рӯзи мабодо пинҳон карда будед, барои наздикон ва ҷиҳозонидани хона сарф карданатон лозим меояд. Нисбати атрофиён танқид накунед, вагарна ранҷиданашон имкон дорад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Рӯзи бебарор аст. Бар асари камбудиву ғалатҳои пешина мушкилиҳо пайдо мешаванд. Бад шудани вазъи саломатиятон имкон дорад. Пулҳоятонро бисёр сарф накунед, вагарна аз бепулӣ азоб мекашед. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Агар дар ин рӯз ба нафаре пешниҳоди издивоҷ карданро кунед, пушаймон намешавед. Хусусан агар сидқан дӯст дореду қадр намоед, хомӯш наистед. Мушкилиҳои молиявиатон бобарор анҷом меёбанд. Агар кори вазнини ҷисмонӣ мекарда бошед, аз ташхиси тиббӣ гузаштанатон ҳатмист.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз аз ҳолати хоболудӣ баромада, аз пайи кор шавед. Мардҳо сарчашмаи нави даромадро пайдо мекунанд. Аз наздикони худ рӯбучини хона ва ҳатто таъмир карданро талаб мекунед. Асабонияту гурусна гаштан ба саломатиятон бетаъсир намемонад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Мушкилиҳои нотамом боиси рух додани ҳодисаҳои ногувор мегарданд. Аз робита бо нафарони табъашон нозук дурӣ ҷӯед. Агар аз тағйир ёфтани вазъи ҳаво фишори хунатон баланд мешуда бошад, бодиққат бошед. Қисми аввали рӯз аз нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ мулоқоти ошиқона бо шахси дӯстдоштаатон имкон дорад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Тамоми рӯз дар бораи норасоии маблағ фикр карданатон маънӣ надорад. Бо шахсони даркорӣ шинос шуда, вазъиятро беҳтар сохта метавонед. Пурхурӣ, машрубот ва шаби бехобӣ ба саломатиятон бетаъсир намемонад. Бо истифода аз дорувориҳо, маҳс ва сайругашт ҳолататон рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз аз ҳолу аҳволи хешовандону дӯстон бохабар гардед. Ба вазъи саломатӣ ва ғизои худ диққати бештар ҷудо кунед. Мустақилона амал карда бо касе маслиҳат накунед. Ҳамсафари ҳаётӣ дар ҳама кор дастгиру мададгоратон мегардад. Саломатии худро эҳтиёт кунед, нисбати саломатии наздиконатон низ бодикқат бошед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз нисбати худ ҳарфу суханҳои хуш шунида шод мегардед. Бонувон шарикони нави корӣ меёбанд. Мардҳо хабаре мешунаванд, ки боиси пайдо намудани манбаи нави даромад мегардад. Аз амалӣ нашудани нақшаву даромади хуб ба даст оварда натавонистанатон асабӣ мегардед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дӯстону ҳамкорон дар корҳоятон дастгирӣ мекунанд. Ғизои худро назорат кунед, аз хӯрокҳое, ки боиси фарбеҳӣ мешаванд, худдорӣ намоед. Маблағатон барои харид кардани чизҳои зарурӣ кифоя аст. Дар оила рух додани муноқиша эҳтимол дорад. Саломатиятон нохуб гашта, имкони ҷароҳат бардоштану хариди калон карданатон зиёд аст.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Табъатон дар ин рӯзи зебои баҳорӣ болида мегардад. Муҳаббати нав пайдо карда, кори аҷиб меёбед ва вазъи хуби молиявӣ хотиратонро шод мегардонад. Муҳимаш ба ташвиш афтида асабӣ нашавед. Қувваҳои муҳофизатии ҷисматон зиёд гашта, аз бемориҳо эмин мемонед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ