Толеъномаи рӯзи 27 март
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз одати рӯирост гап заданро партоед, вагарна нафарони зиёдеро хафа карда, сафи душманонатонро зиёд мекунед. Агар муҷаррад бошед, имкони аз нигоҳи аввал ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Ба ҷойи кори нав мегузашта бошед, дар бораи коргоҳи нав нағзакак пурсуҷӯ кунед. Дар роҳ ҳушёриро пеша намоед, аз садамаву ҷарима халосӣ меёбед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Муносибатҳоятон бо ҳамкорон дар давоми ду рӯз вайрон мегарданд. Қадами аввалинро барои оштишавӣ бояд шумо гузоред. Дар масъалаҳои молиявӣ боэҳтиёт шавед. Айни замон пулҳоятонро ҷамъ кунед. Дар масъалаҳои ошиқона ба ишқбозиҳои тасодуфӣ роҳ надиҳед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Аз он ки андешаву эҳсосоти худро дағалона иброз менамоед, ба бисёриҳо писанд нест. Маблағеро, ки имрӯз бояд ба даст меовардед, бо сабабҳои номаълум ба таъхир меафтанд. Вохӯрии тасодуфӣ ҳаёти шахсиятонро тағйир медиҳад. Асабонияти худро бо истироҳати бофароғат ором кунонида метавонед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз бо нуқтаи назари атрофиён баҳс накунед, вагарна дар ҳоли ногувор мемонед. Духтарони муҷаррад бояд ҳатман сару либоси худро нав кунанд. Шоҳзодаи орзуҳои шумо дар наздикиҳост ва барои он ки шуморо зудтар бубинад, бояд хеле зебо бошед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз ба ғамхориву дастгирии ҳамкорон ниёз пайдо мекунед. Рӯзона ташвишу сафарҳоятон зиёд мегардад. Агар нафаре ба асабатон мерасида бошад, беҳтараш бо ӯ тамоман гап назанед. Нафароне, ки аз бемории фишорбаландӣ азият мекашанд, баъди нисфирӯзӣ андаке нотоб мегарданд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз ҳодисае рух медиҳад, ки роҳбарият нуқтаи назарашро нисбати шумо комилан тағйир медиҳад. Вале аз ҷониби дӯстонатон танқиду маломатро эҳсос мекунед. Аз ин амали эшон наранҷида, тавре рафтор кунед, ки гӯё ҳодисае рух надодааст. Маблағи аз даст додаатонро бармегардонед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рафторе, ки имрӯз шумо мекунед, аксарият густохонаву беҳаёона мешуморанд. Аз ин лиҳоз ба ҳар гапу рафтори худ диққат диҳед. Баъди суҳбати ошкоро бо шахси дӯстдоштаатон ба ҳолати шок меафтед. Маълум мешавад, ки ӯ бисёр чизҳоро аз шумо пинҳон медоштааст.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Тамоми корҳои муҳиматонро то нисфирӯзӣ ба анҷом расонед. Баъдан барои робита бо дӯстон ва ҳатто даромади иловагии пулдӣ вақт пайдо карда метавонед. Ба ҷое кӯчидан ва барои муддати дароз аз шаҳр берун рафтан тавсия дода намешавад. Хусусан агар мошини шумо таъмирталаб бошад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Давоми ду рӯзи минбаъда шумо бояд хеле эҳтиёткор бошед, зеро ҳар лаҳза ба ҳолати ногувор афтида метавонед. Муносибати нафарони оиладор бо ҳамсафари ҳаётӣ душвор аст, аз ин лиҳоз якдигарро бо пурсишҳо ҷонбезор накунед. Бегоҳирӯзӣ фарзанд ё ҷиянатон табъатонро болида месозад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Барои сафарҳои корӣ рӯзи бобарор аст, вале барои ҷарроҳиҳои тиббӣ созгор нест, аз ин лиҳоз бо табобати узвҳои даруна машғул шуданатон кифоя аст. Рафтори ғайриинсонии ҳамсафари ҳаётиятон боиси асабхаробиятон мегардад. Мушкили молиявӣ танҳо бо кӯмаки шумо рафъ мегардад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Хабаре, ки субҳи имрӯз мешунавед, табъатонро хеле болида месозад. Зуд-зуд ғалатҳои пешинаро ба ёд биёред, то ки дар лаҳзаҳои муҳим ба хатогӣ роҳ надиҳед. Бо авалин нишонаҳои беморӣ дарҳол ба табиб муроҷиат кунед. Дар доираи дӯстонатон нафароне пайдо мешаванд, ки нисбати шумо ниятҳои бад доранд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Барои он ки аз дарди сару асабхаробӣ халосӣ ёбед, аз дӯстдоштаи худ чӣ хостанатонро муайян намоед. Агар вазъият чунин давом кардан гирад, муносибатҳоятон душвор мешаванд. Нафароне ҳастанд, ки аз пасатон ғайбат мекунанд, аз ин рӯ бадхоҳонро пайдо намоед. Ҷустуҷӯро аз миёни дӯстонатон сар кунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ