Толеъномаи рӯзи 3 декабр
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз коре карда наметавонед, зеро фикру хаёлатон ба дӯстдоштаатон банд аст. Ба коре, ки баъдан боиси шармандагиятон мешавад, даст назанед. Тамоми қувваи худро барои рафъи мушкилиҳои молиявӣ сарф намоед. Бегоҳӣ ба меҳмонӣ рафтан хуб аст, вале бо мошини шахсӣ наравед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз саврҳо бояд аз корҳои шубҳаноку робита бо нафарони тасодуфӣ худдорӣ намоянд. Аз нафаре, ки қаблан муносибатҳои наздик доштед, ҷудо шудан амри маҳол мегардад. Худро ба даст гиред, аз вазъияти ногувор бо сари баланд бароед. Бегоҳирӯзӣ аз коре ки пешниҳодатон месозанд, рад накунед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз ба маслиҳати дӯстон гӯш андозед. Хусусан агар мушкили иқтисодии худро мустақилона ҳал карда натавонед. Даромади пулии хеле кам ба даст меоред. Дар ҳаёти шахсиятон аз қарори қатъии шумо чӣ гуна сурат гирифтани ояндаатон вобастагӣ дорад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ҷасурона аз пайи амалӣ сохтани мушкилиҳои касбӣ гардед. Дар ҷойи кор нафаре аз рӯятон шикоят карда, тафтишҳои ногаҳонӣ мешаванд. Дар ин рӯз аз ҷойҳои серодам, ҷашну маъракаҳо дурӣ ҷӯед. Беҳтараш рӯзро бо наздикон гузаронед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз тамоми нақшаҳоятонро амалӣ месозед. Ҳар нафаре, ки бароятон азиз аст, хотирашро шод намоед. Дар оила нофаҳмӣ рух медиҳад, вазъиятро дӯсти наздикатон рафъ месозад. Ба ҳама чиз бо шубҳа нанигаред. Мулоимтар бошед, он гоҳ атрофиён низ бо шумо меҳрубон мегарданд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Фаъолияти сунбулаҳои олим ва тадқиқотчиён бобарор ҷорӣ гашта, кори ақлонӣ ба фоида буда, натиҷаи хуб медиҳад. Агар имкон дошта бошед, истироҳат кунед. Барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ рӯзи мусоид нест, вале барои амалӣ сохтани нақшаҳои эҷодӣ бобарор аст.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Бо рақибон мубориза сар мешавад. Танҳо суҳбати рӯ ба рӯ вазъиятро ба фоидаи шумо ҳал мекунад. Фикре, ки рӯзона ба саратон меояд, метавонад маблағатонро дучанд гардонад. Андешаи худро ба касе нагуфта мустақилона амал намоед. Барои оромии асаб истироҳат карданатон лозим аст.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз яке аз ҳамкорон ба хотири аз худ намудани вазифа бо шумо рақобат сар мекунад. Асабонияту қаҳру ғазаби худро нигоҳ доштан душвор мешавад. Дар оила бо ҳамсаратон муноқиша имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ ба ҷое рафтанро маслиҳат намедиҳем.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Хабарҳои аз роҳи дур расида аз субҳи содиқ табъатонро болида мегардонад. Дар масъалаи чӣ гуна зиёд сохтани маблағҳоятон бо хости дили худ амал намоед. Бегоҳирӯзӣ аз ҷониби нафаре, ки чанд моҳ дар оташи ишқаш месӯхтед, пайғоми хуш мешунавед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз мушкили зиёде ба саратон меояд. Дар хона аз рӯйи фарзандон муноқиша мекунед. Ба ҳаёти шахсии дигарон бинӣ нахалонед, вагарна тамоми гуноҳро ба сари шумо бар мекунанд. Маблағи дар даст доштаро сарф накунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ба мушкилиҳое, ки имрӯз садди роҳатон мегарданд, диққат надиҳед. Рӯзҳои наздик бе иштироки шумо низ ин мушкилиҳо рафъ мегарданд. Шахсе, ки аз шумо қарздор буд, пули калон медиҳад. Нисбати дӯстдоштаатон ғамхор бошеду ба қаҳру ғазаб дода нашавед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Аксари мушкилиҳоро дар ин рӯз бо кӯмаки дӯсти наздикатон рафъ месозед. Дар танҳоӣ коре аз дастатон намеояд. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед, зеро дардҳои дерина хуруҷ мекунанд. Барои аз даст надодани ёратон, мулоимгуфтору меҳрубон бошед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ