Толеъномаи рӯзи 9 декабр
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ҳамал аз танҳоӣ ғамгин мегардад. Барои раҳоӣ ёфтан аз ҳалқаи яъсу ноумедӣ бояд барои худ ҳамдилу ҳамнафасе пайдо созед. Вазъи молиявиатон хеле хуб гашта, табъатон болида мегардад. Барои машғул шудан бо варзиш рӯзи дигарро интихоб намоед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз ғамхориву меҳрубонии наздиконро эҳсос кардан мехоҳед. Танҳо баъди тағйир додани рафтору кирдоратон ба лутфу марҳамат умед баста метавонед. Дар ҷойи кор ба ишқварзӣ роҳ надиҳед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз бо дӯстон вохӯрдану дилхушӣ кардан хуб аст. Агар имкон дошта бошед, ба истироҳат равед. Нисбати нафаре, ки дӯсташ медоред, сахтгир набошед, ӯро бо камбудиҳояш қабул намоед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз ҳушу хаёлатон банди ишқу муҳаббат гашта корҳои худро фаромӯш месозед. Имкон дошта бошед, нағзакак истироҳат намоед. Агар қарзатонро баргардонанд, вазъи пулиятон хуб мегардад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Мағруру худписанд шуданатон дар ин рӯз бар зарари худатон аст. Агар мушкилиҳои сарзадаро мустақилона рафъ созед, муваффақ мегардед. Қарз додани маблағи калонро маслиҳат намедиҳем.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Ба сару либоси худ диққат дода, ғами саломатиро хӯред. Имкон пайдо карда, ба кошонаи ҳусн раведу барои ташхис ба беморхона. Пули худро беҳуда сарф накунед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи беҳтарин аст, тамоми корҳоятон бобарор анҷом меёбад. Дар ҳаёти шахсӣ, ҷойи кор ва вазъи молиявӣ муваффақ мегардед. Аз нафаре, ки интизор набудед, дастгирӣ мебинед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз ақрабҳо зиқ намешаванд. Ҳам коратон зиёд мешаваду ҳам дӯстдорони бешумор пайдо мекунед. Агар аллакай оиладор бошед, ба дигарон таваҷҷуҳ накунед. Рафту муҷаррад бошед, аз фурсат истифода бурда, бахти худро пайдо намоед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз қавсҳо набояд аз рӯйи қонуну қоида умр ба сар баранд. Дар ҷодаи муҳаббат ягон монеа пайдо намешавад. Мутаассифона ,вазъи молиявиатон нохуб гашта, дар гирифтани маошу даромадҳои пулӣ монеаҳо пеш меоянд.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Имрӯз ҷаддиҳои муҷаррад бо нафаре шинос шуда, аз имкон дур нест, ки рӯзҳо наздик оиладор мешаванд. Ташаббускориятон ба сардор хуш меояд, вале аксари ҳамкорон рӯирост ба шумо ҳасад мебаранд. Охири рӯз даромади пулӣ имкон дорад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ҳунару маҳорати худро нишон дода, мавқеъро дар ҷои кор мустаҳкам месозед. Тамоми иқдомҳоятон пазируфта мешаванд, аз ин лиҳоз ақибгардӣ накунед. Барои ба мақсад расидан ба таҷрибаву собиқаи кории худ такя намоед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Ба ягон кори хатарнок даст назанед. Бо вуҷуди он ки нафаре пули калон пешниҳод мекунад, рад намоед. Дар ин рӯз дар роҳ эҳтиёт шавед. Ҳангоми рондани мошину вақти аз роҳ гузаштан ҳушёриро пеша намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ