Толеъномаит 23 май 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Ба мушкиливу камбудиҳои ночиз диққат надиҳед. Ҳалли мушкилиҳои оилавиро ба рӯзи дигар гузоред. Ба ҳар коре даст назанед, дастгириву кӯмак мебинед, муҳим он аст, ки дар масъалаҳои баҳсӣ оромиро риоя намоед. Дӯстони нав меёбед, нафарони муҷаррад бахти худро пайдо месозанд.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Нафаре аз дӯстон аз шумо қарз мепурсад, барои пароканда нагаштани риштаҳои дӯстиятон қабл аз додани пул забонхат гирифтанро фаромӯш накунед. Ҳамагуна сафарҳо имрӯз бобарор мешаванд. Дар ҳаёти шахсиятон тағйирот дида намешавад. Ба саломатии гурдаҳо диққати хоса диҳед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Худро аз нафарони бадхоҳ ва рақибон дур гиред.Даромади пулии ба даст омадаро бо хайру сахо ва хароҷоти беҳуда сарф накунед, сараввал қарзҳои худро баргардонед. Дар рафъи масъалаҳои муҳим аз нафарони ботаҷрибаву касбӣ маслиҳат пурсед. Дар назди касе дарди дил накунед. Ба хӯроки мехӯрдаи худ диққати хоса диҳед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Гуфтушунидҳои корӣ имрӯз натиҷаи хуб медиҳанд, вале ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои молиявӣ боэҳтиёт бошед, ба маслиҳати мутахассисон гӯш андозед. Дар ҳаёти шахсиятон нофаҳмӣ имкон дорад. Бо сабаби серкорӣ аз ҳолу аҳволи наздикон бехабар монданатон боиси ранҷишу хафагӣ мегардад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз аз суҳбат бо роҳбарияти коргоҳ ҳарос накунед, касе ба касбияти шумо шубҳа карда наметавонад.Аз нияту нақшаҳои худ нафарони ношиносро огаҳ насозед. Тағйиротҳо дар ҷодаи муҳаббат шуморо интизоранд, бо шахси аҷибе шинос мешавед. Аз бадхоҳон эҳтиёт шавед ва ба ҳар гапе, ки ба шумо мегӯянд, бовар накунед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Ба атрофиён имкон надиҳед, ки ба корҳои шахсии шумо кордор шаванд. Аз ҷониби шарикони тиҷоратӣ фиреб хӯрданатон имконпазир аст. Аз нафарони бегона кӯмаку дастгириро интизор нашавед, касе ба қавлаш вафо намекунад. Вақти бештари худро барои аҳли оила ва рафъ намудани мушкилоти оилавӣ бубахшед. Нафарони муҷаррадро саргузаштҳои аҷиби ошиқона интизоранд.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Ҳунару истеъдоди худро муаррифӣ намуда, аз дӯстони воломақом кӯмак пурсидан шарм надоред. Вақте расидааст, ки вазъи зиндагии худро беҳтар созед. Агар сари қароре омада бошед, дудила нашавед, ҳар қадаре зиёд андешаронӣ намоед, ҳамон андоза имкони ба ғалат роҳ доданатон вуҷуд дорад. Дар ин рӯз қарз гирифта, дар баргардонидани он душворӣ мекашед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз орзуву ниятҳои зиёдатон ҷомаи амал мепӯшанд, вале нимаи аввали ҳафта меҳнати зиёд карданатон лозим меояд. Имкони ба даст овардани даромади пулӣ вуҷуд дорад, вале дар интихоби шарикони корӣ боэҳтиёт бошед. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба рафтори беандешаву шитобкорӣ роҳ надиҳед, вагарна иштибоҳи кардаатон боиси бад шудани муносибат бо роҳбарияти коргоҳ ва наздикон мегардад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Диққати худро ба масъалаҳои корӣ равона созед, кӯшишҳоятон самара медиҳанду натиҷаи заҳматҳоятонро мебинед. Муҳим он аст, ки имкониятҳои худро дида амал намоед, рафту аз уҳдаи коре баромада натавонед, инро ба гардан гирифтан лозим нест. Кӯшиши дар танҳоӣ амал карданро накунед, аз ҳамкорони ботаҷриба маслиҳат пурсед. Ҳамзамон фикри саломатиро низ кунед, дар баробари кор истироҳатро фаромӯш насозед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Бо вуҷуди хуб будани вазъи молиявӣ пули зиёд сарф карданро тавсия намедиҳем. Нимаи аввали рӯз дар фаъолияти касбиятон аз ҷониби рақибон дастгирӣ мебинед. Бо собиқ рақибон дӯстӣ карданро тавсия намедиҳем, ба ғайр аз масъалаҳои корӣ риштаҳои дӯстиро барқарор насозед. Аз амалӣ нашудани баъзе нақшаву ниятҳо асабонӣ нашавед, вагарна асабхаробӣ ба муносибатҳои ошиқонаатон таъсири худро мегузоранд.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Саломатиро эҳтиёт кунед, вагарна барои барқарор сохтани он кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Айни замон аз нияту мақсадҳои асили одамон огаҳӣ пайдо карда, дӯстро аз душман фарқ карданатон осон мегардад. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад, кӯмаки молиявиро аз ҷое мегиред, ки интизораш набудед. Сиру асрори оилавиро ба дӯстон нақл карданатон оқибати хуб надорад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Ҳар бегоҳ ҳатман дар муҳити осуда истироҳат кунед. Дар атрофи шумо нафарони бадхоҳе ҳастанд, ки ҳатман онҳоро муайян кардану аз эшон дурӣ ҷустанатон лозим аст. Муносибатҳоятон бо наздикон бе дахолати бегонаҳо ва дарди сар рафъ мегарданд. Дар ҳаёти ошиқонаи мардон рақиби пинҳонӣ пайдо мешавад. Вазъи саломатӣ аз ҳолати рӯҳӣ ва оромии асабҳоятон вобастагӣ дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ