“Толиб”-и амрикоӣ озод шуд

Ҷон Волкер Линд, шаҳрванди ИМА, ки замони ширкат дар ҷангҳои Афғонистон дар тарафи Толибон ноябри соли 2001 боздошт шуд, пас аз 17 соли маҳкумият аз зиндон озод шуд.

Ҷон Волкер Линд, шаҳрванди ИМА, ки замони ширкат дар ҷангҳои Афғонистон дар тарафи Толибон ноябри соли 2001 боздошт шуд, пас аз 17 соли маҳкумият аз  зиндон озод шуд.

Дар ин бора агентии иттилоотии  Reuters хабар дод.

Майк Помпео, Котиби давлатии  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иқдом дар мавриди озодии Линдро маҳкум карда ва онро “ норӯшан ва бевиҷдонона” хондааст.

Линд дар Иёлоти Калифорния и Амрико ба дунё дар синни 16 солагӣ мусалмон шуд. Сипас, дар Яман забони арбаиро омӯхта ва баъдан ба Покистон рафт. Дар соли 2001 дар Афғонистон ба сафи Ҷунбиши Толибон пайваст.

Дар ҷараёни амалиёти зиддитерроризми Амрико ва НАТО, ки  моҳи октябри соли 2001 дар Афғонистон оғоз шуда ва боиси суқути режими Толибон гардид, Ҷон Волкер Линд боздошт шуд.

Линд якҷо бо асирони Толибон дар боздоштгоҳ исён бардошта ва Майкл Спанн, корманди Идораи марказии разведкаи ИМА-ро ба қатл расонданд.

Додгоҳи Амрико Линдро ба иттиҳоми пушбонӣ аз террористон ва қатл ба 20 сол зиндон маҳкум кард, аммо ӯ бинобар рафтори хуб дар 17 сол аз маҳбас озод шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *