Толиби Луқмон, Бузургмеҳри Баҳодур ва Муҳриддин Сабурӣ – ғолибони озмуни “Килки сабз” (Видео)

Имрӯз зимни як чорабинии мутантан дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Килки сабз” баргузор шуд. Дар озмуни мазкур Толиби Луқмон мақоми аввал, Бузургмеҳри Баҳодур мақоми дуввум ва Муҳриддин Сабурӣ мақоми сеюмро ба даст оварданд.

Озмуни мазкурро ҳафтаномаи “Тоҷикистон” миёни шоирони ҷавон баргузор намуд. Дар озмун зиёда аз сад нафар қаламкашони то 35 сола ширкат карданд, ки ашъорашон тӯли 5 моҳ дар саҳифаҳои “Тоҷикистон” ба табъ расид.

Ҳамчунин, намунаи шеърҳои иштирокчиён зери як мусаввада гирдоварӣ шуда таҳти унвони “Килки сабз” бо сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Аскар Ҳаким чоп шуд.

Дар маросими мазкур ҳамчунин, ба шоирони дигар низ ҷоизаҳои махсус ва тӯҳфаҳо дода шуд.

Дар зер маълумот дар бораи ғолибон ва намунаи ашъорашонро пешкаши шумо мегардонем.

ТОЛИБИ ЛУҚМОН – БАРАНДАИ ҶОЙИ АВВАЛ

26 декабри соли 1990 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 2012 факултети журналистикаи ДМТ-ро хатм кардааст. Шеърҳояш дар матбуоти даврии кишвар нашр шудаанд.

Намунаҳое аз чакомаҳояш ба забони русиву англисӣ, ӯзбекӣ, гурҷӣ ва хатти форсӣ баргардону мунташир гардидаанд. Соҳиби ду дафтари ашъор – «Сафар ба сӯи тулӯъ» (2012) ва «Пагоҳ» (2015) мебошад. Аз соли 2012 узви ИНТ аст.

Дорандаи ҷоизаи адабии «Падида» ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар соҳаи адабиёт мебошад.

ДАР ҚАҲВАХОНА

Даромадам. Бинишастам. Ду қаҳва фармудам…

Ба чашмҳои мусаффои ту фурӯ рафтам.

Бидуни ҳеҷ сухан, бо забони хоси нигоҳ

Каме зи обу ҳавои дилам ба ту гуфтам.

Даме зи қолаби Вақту Фазо бурун рафтем,

Ба сайри дуртарин воҳаи ҷунун рафтем.

-Ҷаноб, ҳой, бубахшед, кори мо охир…

-Бурид суҳбати моро садои узролуд.

Ту зуд гум шудӣ аз рӯ ба рӯ шабеҳи шабаҳ

Ва балки он шабаҳи ҳамнишин Хаёлат буд…

Баромадам. Ба шаб овехтам, шабе дилсард,

Нигоҳи ҳайрати хидматгарон гуселам кард.

БУЗУРГМЕҲРИ БАҲОДУР— БАРАНДАИ ҶОЙИ ДУЮМ

9 июни соли 1992 дар ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) таваллуд шудааст. Соли 2014 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи устод Сотим Улуғзодаро бо ихтисоси филологияи тоҷик хатм кард.

Аз соли 2016 аспиранти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон аст. Аз соли 2014 корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» мебошад.

Соли 2016 нахустин маҷмӯаи шеъраш таҳти унвони «Ҳамболи турнаҳо» ва соли 2019 маҷмӯаи дуввумаш таҳти унвони “Баҳор овардан осон нест” тариқи ТҶБ «Истиқбол» ба табъ расиданд. Аз соли 2017 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

ЗАНУ ШЕЪРУ ШАРОБ

Зану шеъру шароб аз як таборанд,

Табу тобусароб аз як таборанд.

Ба зан майлу ҳавас доим ҷавон аст,

Зану фасли шубоб аз як таборанд.

Баҳор аз маънӣ холӣ буд бе зан,

Зану боғу гулоб аз як таборанд.

Ба зери пои ӯ ҷаннат ниҳоданд,

Зану меҳру савоб аз як таборанд.

Гиреҳи қалби ӯ бикшо ба тадбир,

Зану илми ҳисоб аз як таборанд.

Ҳамеша нокушуда, пурмуаммо,

Зану розу китоб аз як таборанд.

Бидуни зан на май буду на шоир,

Зану шеъру шароб аз як таборанд.

МУҲРИДДИН САБУРӢ – БАРАНДАИ ҶОЙИ СЕЮМ

25-уми августи соли 1988 дар деҳаи Зидеҳи ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Соли 2012 факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ба таҳқиқ ва нақди адабиёти муосир машғул буда, феълан мудири шӯъбаи нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Намунаи ашъораш дар матбуоти даврӣ интишор ёфтаанд. Нахустин маҷмӯаи шеърҳояш  «Субҳи милод» соли 2014 ба нашр расонидааст.  

ДАРЁИ СИЁМА

(Ба муносибати «Соли оби тоза»)

Биҷӯшад об аз нойи Сиёма,

Занад фаворра дарёи Сиёма.

Ту гӯӣ ширре зад аз кафи кӯҳ

Ба рӯи дашту саҳрои Сиёма.

Зи покиву мусаффоии обаш

Булӯрин мешавад дарёи Варзоб.

Ҳазорон ташналабро об дода,

Бисозад лолаҳои шаҳр шодоб.

Гулоби ҷоми гулоби Сиёма,

Ки шириниш беандоза бошад.

Чу оина бувад поку мубарро,

Нишони «Соли оби тоза» бошад.

Заводе мешавад бунёд акнун

Барои кор кардан оби онро,

Душанбе-Хизри фаррух фоли миллат

Кунад шодоб аз он халқи ҷаҳонро.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *