Толибон амниятро таъмин карда натавонистанд, 100 нафар мурду 162 нафар захмӣ шуд
. Тавре хабар дода шуда буд,рӯзи ҷумъа дар Қундуз, дар масҷиди ҷомеъ таркише ба амал омад,ки ҷони даҳҳо нафарро гирифт. Инак,
(ДОИШ (созмони дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар саҳифаи Телеграмаш рсман масъулияти ҳамла ба масҷиди шиъаён дар Қундузро бар ӯҳда гирифтааст.
Инфиҷор ҳангоми намози ҷумъа рух дод ва пизишкони бидуни марз дар вилояти Қундуз гуфтанд, ки шумораи кушташудагон ба беш аз 100 ва шумораи маҷрӯҳон ба беш аз 162 нафар расидааст.
Қаблан ДОИШ масъулияти ҳамла ба фурудгоҳи байналмилалии Кобулро бар ӯҳда гирифта буд, ки дар натиҷаи он 179 нафар ба ҳалокат расида буданд.
Гурӯҳи “Толибон(дар Тоҷикистон мамнуъ), ки ҳоло назорати амниятии кулли Афғонистон дар дасти онҳост, дар соатҳои аввали ин инфиҷор гурӯҳи террористии ДИИШ-ро айбдор карда буданд.
«Толибон» ҷангҷӯёни ДОИШ-ии «Хуросон»*-ро, ки шохаи созмони тундрави «Давлати исломӣ» мебошад, дар амали террористӣ айбдор кард.
Дар ин бора узви комиссияи фарҳангии «Толибон»* Муҳаммад Ҷалол дар саҳифаи «Твиттер»-аш гуфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ