Толибон аз имтиҳон нагузаштанд. Аз нақзи ҳуқуқи инсон то хатар ба минтақа

Аз ғасби Афғонистон аз ҷониби ҳаракати Толибон* 2 сол сипарӣ мешавад. Ба ин муносибат ҳафтаи равон бештари расонаҳои ҷаҳонӣ фаъолияти дусолаи ҳукуматдории онҳоро натиҷагирӣ намуданд. Дар Душанбе низ санаи 15-уми август як ҳамоиш бо ширкати коршиносон ва суханронии Аҳмад Масъуд баргузор шуд…

Хатари Толибон ба минтақа

Зимни ҳамоише, ки дар Душанбе бо ширкати коршиносони масоили Афғонистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон санаи 15-уми август баргузор шуд, Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки кишварҳои ҷаҳон ба мушкили Афғонистон хунукназарӣ зоҳир карданд. Ӯ дар суҳбати онлайнӣ гуфт, ки аз рӯзҳои нахустин фақат Тоҷикистон дар паҳлуи онҳо буд.

“Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани гурӯҳи Толибон мавқеи кишварашро мушаххас карда, онро ба ҷаҳониён эълон дошт. Бо гузашти замон собит шуд, ки мавқеи Ҳукумати Тоҷикистон бар зидди гурӯҳи ғаддори Толибон комилан дуруст будааст”,- гуфт номбурда.

Генерал Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон бошад, дар суҳбат ба “Азия плюс” гуфт, ки Толибон барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хатарзо ҳастанд. “Мо набояд назари саҳлангорона дошта бошем, жарф бинигарем, Толибон имрӯз дар арсаҳои мухталиф мушкилофар шудаанд. Мо ҳузури 21 гурӯҳи террористиро дар гӯшаҳои гуногуни Афғонистон мушоҳида мекунем, ки хатари амиқ ба минтақа ва ҷаҳон дорад. Баста шудани мактабҳои техникӣ ва боз шудани мадрасаҳои ҷиҳодиро шоҳид ҳастем, ки ҳазл нест ва паёмадҳои сангинро дар пай хоҳад дошт. Толибон иддао мекунанд, ки “мо амирулмуъминини ҷаҳон ҳастем” ва ба ҳамин мастӣ ҳам ҳастанд. Ман бовар дорам, ки онҳо ҷангҳои худро густариш медиҳанд. Аз ин хотир, ин бовари Толибонро бояд шикаст ва аввалан мардуми шарифи Афғонистон ва сониян минтақа ва ҷаҳонро ба амният расонд”- мегӯяд, номбурда.

Умеде, ки барбод рафт…

Ҳафтаи равон дар сомонаи Маркази иттилоотии СММ гузориши коршиносони мустақили СММ оид ба фаъолияти дусолаи ҳукуматдории ҳаракати Толибон нашр шуд. Гузоришгарон менависанд, ки Толибон ба нақзи зиёди ҳуқуқи башар идома медиҳанд, аз ҷумла тавассути амалисозии як низоми табъизи сартосарӣ ва ғуломии занону духтарон.

Ба гуфтаи онҳо, тафовут байни ваъдаҳо ва амалкардҳои воқеии мақомоти Афғонистон зиёд шуда, умеди аз ҷониби Толибон тағйир додани сиёсати худ амалӣ нашудааст.

Коршиносон ҳамчунин аз гузоришҳои доимӣ ва муътамад дар бораи қатлҳои ғайрисудӣ ва ғайб задани маҷбурӣ, боздошти густурдаи худсарона, шиканҷаву рафтори бераҳмона ва ихроҷҳои худсарона нигаронанд.

Муаллифони изҳорот зикр мекунанд, ки аз ҳама бештар занону духтарон, ақаллиятҳои этникиву динӣ ва дигар ақаллиятҳо, шахсони имконияташон маҳдуд, афроди кӯчонидашуда, ҳомиёни ҳуқуқ ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, ходимони фарҳанг, омӯзгорон, инчунин собиқ хидматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти амният азият мекашанд.

Тибқи арзёбиҳо, тақрибан 16 миллион кӯдак дар Афғонистон аз маводи ғизоии заминавӣ ва кумаки тиббии зарурӣ барои некӯаҳволӣ ва рушд маҳруманд.

Таназзули иқтисодӣ равишҳои зараровар ва зӯроварӣ, аз қабили издивоҷи иҷборӣ ва хонадоркунии кӯдакон, рафтори бераҳмона, истисмори иқтисодӣ ва ҷинсӣ, фурӯши кӯдакон ва узвҳо, меҳнати маҷбурӣ ва кори кӯдакон, хариду фурӯши одамон ва муҳоҷирати хатарнокро афзоиш медиҳад.

Коршиносони мустақили СММ амалан аз мақомоти Афғонистон даъват мекунанд, ки сиёсати худро тағйир бидиҳанд, вале таҳлилгарон бар онанд, ки муҳол аст, ин ҳарфҳо ба Толибон таъсир бикунад…

О. СОҲИБЗОДА

*Толибон — ташкилоти террористии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва бисёр кишварҳои ҷаҳон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *