Толибон ба ҳамсояҳо:Ба амрикоиҳо ҷой надиҳед!
Ҳаракати «Толибон» рӯзи 26 май аз ҳамсояҳои Афғонистон даъват карданд, ки пойгоҳҳои низомии ИМА-ро дар қаламрави худ ҷой надиҳанд. Ин даъвати Толибон дар ҳолест, ки расонаҳо навиштанд, ИМА бо Покистон дар мавриди ҷойгир кардани пойгоҳи низомиаш ба созиш расидааст.
Дар изҳороти ҳаракати Толибон омадааст, кишварҳои ҳамсое, ки «чунин иштибоҳро содир мекунанд», «масъули ҳамаи бадбахтиҳову мушкилиҳо хоҳанд буд».
Як рӯзи пеш аз изҳороти Толибон вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Курайшӣ дар порлумони он кишвар гуфт, ки «Исломобод бо Вашингтон ҳеч созишномае набастааст ва ҳукумати Покистон бо сарвазирии Имрон Хон ба ҷойгиршавии неруҳои амрикоӣ дар кишвар иҷозат намедиҳад».
Ибтидои моҳи май нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба манобеи худ дар Кохи сафеди ИМА ва Пентагон хабар дод, ки фармондеҳии низомии Амрико барои артиш, бесарнишинҳо, бомбафканҳо ва дигар васоили низомии худ дар ҷустуҷӯи пойгоҳ аст. Низомиёни ИМА гуфтаанд, ҷустани пойгоҳ дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба хотири пуштибонӣ аз ҳукумати Афғонистон, назорати Толибон ва дигар гуруҳҳои тундрав аст.
The Wall Street Journal навишта буд, ки ИМА гузинаи ҷойгир кардани неруҳояш дар Узбекистон ва ё Тоҷикистонро баррасӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ