Толибон ба ташкили Артиши Исломӣ шурӯъ карданд

Сухангӯи фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи толибон ахиран дар баёнияе аз қасди ин гурӯҳ барои сафарбарии аҳолӣ ба сафи низомиё дар артиши ҷадиди 150 ҳазор нафара, суҳбат кард

Сухангӯи толибон дар суҳбат бо шабакаи телевизионии Ал-Ҷазираи Қатар гуфт: «Мо (Толибон) ба ташкили Артиши Исломӣ шурӯъ кардем ва ин раванд идома дорад”.

Толибон —  мегӯяд, сухангӯи фармондеҳи артиш омодаанд «сарбозони собиқро ба сафи артиши нав ҷалб кунанд, ба шарте ки онҳо ба фасод даст назананд».

Мавлавӣ Фассиҳуддин, раиси ситоди артиши Афғонистон ахиран ба расонаҳо гуфт, ки бо истифода аз сарбозону афсарони собиқ, артиши муқаррарӣ хоҳанд сохт.

Сухангӯи толибон бо ишора ба муқовимати мусаллаҳона дар баробари толибон гуфт, ба эътиқоди вай, «бархе гурӯҳҳо мехоҳанд дар кишвар бесарусомони эҷод кунанд, аммо пас аз пирӯзии толибон, нирӯҳои онҳо коҳиш ёфта аст.»

Вай эътироф кард, ки гурӯҳи террористии ДИИШ (мамнуъ дар Русия) дар бархе аз манотиқи Афғонистон ҳузур дорад ва ба субот таҳдид мекунад.

Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид, вазири дифои толибон низ ахиран номи лашкарҳои ин вазоратро тағйир додааст. Лашкари амалиёти хос ба лашкари марказӣ, лашкари 209-уми Шоҳин дар шимоли Афғонистон ба номи Лашкарулфатҳ ва лашкари 207-ум дар Ҳирот ба Лашкарулфоруқ тағйири ном пайдо кардааст. Ин тағйири ном вокуниши афкори умум дар расонаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудааст. Бархе аз шаҳрвандони Афғонистон мегӯянд номҳои гузашта робитаи мустақим бо фарҳанги забонӣ ва ҷуғрофиёии мардум дошт, аммо номҳои ҷадид бештар ҷанбаи идеоложикӣ дорад ва рабте ба таърих ва ҷуғрофиёӣ Афғонистон надоранд.

Ёдовар мешавем, ки бо тасарруфи толибон пойтахти Афғонистон рӯзи 15 август, Артиши миллии Афғонистон, ки беш аз 100 ҳазор сарбоз дошт ва дар тӯли бист сол аз сӯи Амрико ва НАТО тамрин ва муҷаҳҳаз шуда буд, суқут кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *