Толибон Чашту Ғурёнро ҳам гирифтанд
Вулусволиҳои Чашт ва Ғурёни Ҳирот ба дасти Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ)суқут кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон, дар истинод ба манобеи амниятӣ.
Дар айни ҳол, дафтари расонаҳои вилоят Ҳирот бо нашри хабарномае таъйид мекунад, ки нерӯҳои амниятии марказ аз вулусволии Чашт ақибнишинӣ кардаанд.
Қориюсуф Аҳмадӣ сухангӯи Толибон низ иддао карда аст, ки маркази вулусволии Ғурёни вилояти Ҳирот ба дасти Толибон афтидааст.
Ӯ навиштааст, ки “маркази ин вулусволӣ бо тамоми мулҳиқоти он ба гунаи комил таҳти контроли муҷоҳиддин дарома. Низомиён аслиҳаи худро бар замин гузошта ва бо муҷоҳиддин якҷо шуданд”.
Пештар дар пайи суқути 6 вулусволии Бадахшони Афғонистон беш аз ҳазор низомии он кишвар барои наҷоти ҷони худ ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ