Толибон дар Маскав
Тавре сомонаи ВКХ Русия хабар медиҳад, 28 январ Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба Афғонистон, Директори Департаменти дуюми Вазорати корҳои хориҷии Русия З.Н.Кабулов бо ҳайати Ҳаракати Толибон машваратҳо баргузор намуд. Дар ҷараёни ин чорабинӣ ҷониби Русия ба тарафдории оғози зудтари музокироти пурмазмун ва созандаи байни афғон, ки боиси хотима ёфтани ҷанги хунини шаҳрвандӣ ва ташкили ҳукмати умумимиллӣ дар Афғонистон сухан гуфт. Намояндагони Толибон аз ҷонибдории талошҳои фаъоли Маскав дар роҳи мусолиҳаи миллӣ суханронӣ карданд ва ба нақши Федератсияи Русия дар кумак ба мардуми Афғонистон дар бунёди давлати осуда, мустақил ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта баҳои баланд доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ