Толибон дар Маскав ҷойгир шуданд

Сафорати Афғонистон дар Маскав ба ихтиёри Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон супурда шуд.

— Сафорат барои равобити ду кишвар ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандони Афғонистон муҳим аст,- зикр намудаанд дар баёнияе, ки рӯзи 9-уми апрел Толибон иброз доштанд.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки ба дипломати ҳукумати Толибон иҷозати кор додаанд, гарчанде ҳукумати Русия расман ин иттилоро тасдиқ ё рад накардааст.

— Ҷамол Носир Ғарвол дипломати Толибон дар Маскав аст,- хабар додааст «Садои Амрико».

То ҳанӯз ҳеҷ кишвари дунё ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст, аммо худи Толибон ба кор оғоз кардани дипломаташонро дар Русия оғози ба расмият шинохтан медонанд.

Моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *