Толибон фаъолияти Салиби Сурх ва СҶТ-ро манъ кард
Ҷунбиши Толибон дар минтақаҳои таҳти назораташ дар Афғонистон фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро муваққатан мамнӯъ кардааст.
Ҷунбиши Толибон дар минтақаҳои таҳти назораташ дар Афғонистон фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро муваққатан мамнӯъ кардааст.
Бино ба гузориши шабакаи телевизиони Al-Arabiya, Толибон далели ин иқдомро “ба муқаррароти худ риоя накардани Салиби Сурх” ва “ҳаракатҳои шубҳаноки СҶТ ба ҳангоми маъракаи эмгузаронӣ алайҳи бемории полиомиелит дар Афғонистон” марбут хондааст.
Намояндаи Салиби Сурх дар Афғонистон Робин Ваудо тасдиқ кардааст, ки бинобар набудани кафолати амният фаъолияти ин кумита дар минтақаҳои таҳти назорати Ҷунбиши Толибон қатъ мешавад.
Ҳоло Ҷунбиши Толибон ҳудуди 50 дарсади манотиқи Афғонистонро таҳти назорати худ дароварда ва дар ин минтақаҳо сохтори ҳукумати худро ташкил кардаанд.
Неруҳои Толибон бо неруҳои давлати Афғонистон дар ҳоли набард буда ва тез-тез амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд.
Ҳарчанд ин амалҳои террористӣ алайҳи неруҳои давлатӣ нигаронда шудааст, вале бар асари онҳо теъдоди зиёди аҳолии осоишта низ қурбон мешаванд.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид шумораи талафоти ғайринизомиён дар Афғонистон ниҳоят зиёд буда ва дар соли 2018 ҳудуди 3 ҳазор ғайринизомӣ дар Афғонистон кушта шуда ва 5 ҳазору 252 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Бино ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид, дар соли 2017 талафоти ғайринизомиён 3 ҳазору 438 кушта ва 7 ҳазору 150 маҷрӯҳ будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ