Толибон иштироки занони варзишгарро дар Олимпиада ғайриқонунӣ арзёбӣ карданд
Толибон иштироки се бонуи варзишгар аз Афғонистонро дар Бозиҳои Олимпии тобистона, ки имсол дар Париж баргузор мешаванд, қонунӣ нашумориданд.
Ба гузориши Радио Франс Интернасионал (RFI), Атал Машвонӣ, намояндаи расмии идораи варзиши ҳукумати Толибон, изҳор дошт, ки танҳо мардон метавонанд кишварро дар мусобиқаҳо намояндагӣ кунанд, зеро дар кишвар барои занон машғул шудан ба варзиш манъ аст. Ӯ инчунин норозигии худро баён кард, ки Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ (КБО) бо мақомоти Афғонистон дар бораи таркиби дастаи миллӣ машварат накардааст.
Қаблан, пас аз машваратҳо бо аъзои Кумитаи миллии олимпии Афғонистон, ки аксарашон дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, КБО иҷоза дод, ки шаш варзишгар дар ин бозиҳо иштирок кунанд, ки се нафари онҳо занон мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ