Толибон: Моро аз рӯйхати террористон хориҷ кунед!
Сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанги «Толибон» аз мақомоти ИМА дархост кард, ки раҳбарони толибонро аз рӯйхати террористон хориҷ кунанд.
Хайруллоҳ Хайрхоҳ, сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанги «Толибон»* дар мусоҳиба бо шабакаи «ал-Ҷазира»-и Қатар аз мақомоти ИМА дархост кард, то раҳбарони ин гурӯҳро аз рӯйхати террористон хориҷ кунанд.
«Ба амрикоиҳо лозим аст, ки нуқтаи назари худро дар бораи ворид кардани раҳбарони «Толибон»* ба рӯйхати террористон бознигарӣ кунанд», — гуфт ӯ.
Онҳо ҳузури моро дар ин рӯйхатҳо ҳамчун фишор ба ҳукумати [муваққатии] Афғонистон истифода мебаранд. Мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки усулҳои дипломатиро риоя кунанд, зеро, ба назари ман, дар оянда ба онҳо фоидае намерасонад.
Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида бояд ба «Толибон»* имкони хидмат ба мардуми худро диҳад.
«Мо аз амрикоиҳо мехоҳем, ки ба мо имконият диҳанд, ки ба мардуми худ хидмат кунем ва ҳарчанд мо ва мардуми мо мефаҳмем, ки дар баъзе ҳолатҳо баъзе кишварҳо нисбати мо комилан содиқ нестанд», — гуфтааст ӯ.
Агар Иёлоти Муттаҳида «Толибон» — ро аз ин рӯйхат хориҷ накунад, он ба онҳо бармегардад, зеро онҳо ваъдаҳои ба мо додаро иҷро намекунанд. Мо ҳама ӯҳдадориҳоямонро аллакай иҷро кардем ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз иҷро накардааст.
Чаро Толибон дидаву дониста дуруғ мегӯянд? Магар онҳо аз рӯи ваъдаву гуфтаҳояшон амал карданд? Онҳо кадом уҳдадориҳояшонро иҷро карда бошанд? Кушторҳои оммавӣ дар Панҷшер чист? Роҳ наёфтани дигар халқияту миллатҳо дар ҳукумати Толибон магар хилофи амали уҳдадориҳояшон нест?
Ин мақоми «Толибон»* таъкид кардааст, ки дар хоки Афғонистон таҳдиди террористӣ вуҷуд надорад, ба вижа аз ҷониби ДИИШ (гурӯҳи террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ):
«Танҳо ҳузури ДИИШ дар Афғонистон барои раҳбарияти пешини Афғонистон муфид буд», — гуфтааст Хайрхоҳ.
Ёдовар мешавем, шуморе аз раҳбарони «Толибон» дар феҳристи таҳримҳои байналмилалӣ ё дар рӯйхати террористон дар баъзе кишварҳо қарор доранд ва ИМА барои боздошти иддае аз онҳо маблағ низ пешниҳод кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ