Толибон гирифтани муйсар ва ришро мамнуъ карданд!

Тибқи иттилои РИА Новости «Толибон» гирифтани мӯйи сар ба шеваи салиқавӣ ва гирифтани ришро барои мардон дар музофоти Ҳилманд мамнӯъ кардаанд. , хабар дод РИА Новости.

Масъулини Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, ки «Толибон»* онро таъсис додаанд, дар мулоқот бо сартарошҳо дар шаҳри Лашкаргоҳ нозукиҳои нави мӯйю ришгириро тавзеҳ додаанд.

Илова бар ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре чарх мезанад, ки мусиқӣ дар сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн садо надиҳад.

Аҷабо, риш аз ман бошад, сар аз ман бошад, наҳию мункари Толиб ба он чи кор дорад? Агар ҳамин асоси давлатдории ин тоифа бошад, пас ба гуфти мардум «туфу бар чуни давлату далатдор!»Оламиён барои худ сақфи нав кушодаву доранд дар осмон дар сайёраҳои дигар макони зист меҷӯянду илму амалашонро густариш медиҳанд, Толибон бошанд дунболи ришу мӯйсар мегарданд. Ин роҳи пешгирифтаи Толибон асоси илми сиёсатшиносияшон буда, иқтисодиёташон аз он мӯйсару риш рӯ ба инкишоф меорад. Маънавиташонро риш орову торо дода, маърифаташонро чун ришҳои торатораву анбӯҳи ҷангалияшон пойдор мегардонад. Оҳ, ин риш, риши Толибон дорад дар саросари дунё чун падидаи нотакрои илмӣ инкишофу густариш меёбад. Хуб бошад, ҳамин риш!Чун барои бархе риш сиёсату манбаи даромаду мансаб аст! Аммо, ҳамин ришро дар тули торих нафари солиме пайдо мешуда бошад, ки ситоиш карда бошад?! Гумон аст!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *