Толибон мурдаҳоро низ озор медиҳанд, онҳо мақбараи Аҳмадшоҳро хароб карданд
Толибон дар даргириҳои Панҷшер мақбараи Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистонро хароб кардаанд.
Баъзе гузоришҳо дар бораи даргирии Толибон* бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ нишон медиҳанд, ки нерӯҳои Толибон қабри қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро қисман хароб кардаанд.
Тарафдорони нерӯҳои муқовимат аз ин иқдоми Толибон* интиқод карда, гуфтанд, ки «ин ҷанг барои чист?» Толибон гузаштаро фаромӯш накардаанд.
Онҳо мегӯянд, ки 25 сол пеш, вақте Толибон* Мазори Шарифро ишғол карданд, аввалин талош ин буд, ки қабри Генерал Муминро бо булдозер хароб карда, ба дарёи Омӯ партофтанд.
Қаблан низ Толибон* аксҳои қаҳрамони миллиро дар дигар манотиқ низ барчида ва ҳамзамон аксҳои дар санг ҳаккокикардаи Алишер Навоиро вайрон карда буданд.
Модоме, ки онҳо эҳтиромеро ба фарҳангу тамаддуни гузаштаи мардуми таҳҷоӣ надоранд ва даст ба харобкориҳо мезананд, чи гуна метавон дам фурӯ басту он амали зишти ишонро нодида гирифт.
Ин тоифа ба ҷуз ришу саллаи худ дигар чизеро таҳамул карда наметавонанд. Бояд тамоми инсоният бар зидди чунин харобкориҳои Толибон сару садо баланд кунанд. Зеро Афғонистон сарзаминест, ки торихи пурғановат дошта, дар ин сарзамин ҳазорҳо маъхазҳои бостонӣ мавҷуданд.
Худое накарда он ҳама аз дасти ин тоифа хароб карда шавад. Он гоҳ афсусу надомат суде надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ