Толибон се ноҳияи ҳамсарҳади Тоҷикистонро зери назорат доранд
Ҷангҷӯёни Толиб дар Афғонистон қисмате аз ноҳияи Дашти Қалъа дар наздикии марзи Тоҷикистонро зери назорат гирифтанд.Ин сеюмин ноҳияи наздисарҳадист, ки ба дасти Толибон мегузарад
Халил Асир, сухангӯи ҳукумати вилояти Тахор гуфтааст, ки Толибон чанд рӯз пеш ҳамла ба минтақаро шурӯъ карданд ва рӯзи 30-уми май ба маркази ноҳия ҳуҷум оварданд ва даргирӣ бо онҳо идома дорад.Ӯ гуфт, “қисмтаҳои зиёди маркази ноҳияи Дашти Қалъа ба дасти Толибон гузаштааст”. Ба қавли ӯ, нерӯҳои давлатӣ барои пас гирифтани минтақа аз дасти Толибон талош доранд. Дар маҷмӯъ Толибон се ноҳияи наздик ба марзи Тоҷикистон, Хоҷа Баҳовуддин, Дашти Қалъа ва Дарқадро ишғол кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз авҷ гирифтани нооромиҳо дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон хабар доранд ва вазъиятро аз наздик мушоҳида мекунанд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сараёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Ҳодисаҳоеро, ки дар он сӯи дарёи Панҷ мегузарад, мо пайгирӣ дорем. Аммо то ҳол ягон кӯшиши убури ғайриқонунии марз ва ё талоши убури марз аз ҷониби ин гурӯҳҳо сабт нашудааст. Новобаста аз ин вазъият дар минтақаи мо ором аст ва сарҳад зери назорати қатъӣ қарор дорад.” Ноҳияи Дашти Қалъа дар рӯ ба рӯ бо ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархори Тоҷикистон ҷойгир аст. Мақомоти Афғонистон гуфтаанд, ки ҷазираҳои хурд дар байни рӯдхонаи Панҷ, ки Тоҷикистону Афғонистонро аз ҳам ҷудо мекунад, ба “лонаи Толибон” табдил шудааст ва онҳо ин ҷазираҳоро барои ҳамла ба сарбозони афғон истифода мекунанд. Охири соли 2014 аз ин минтақа чаҳор афсари тоҷик ба асорати гурӯҳи Толибон афтоданд. Охири моҳи гузашта Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як нишаст дар Душанбе аз хатари афзояндаи ҷангҷӯён дар марзи Тоҷикистон изҳори ташвиш кард. Вай гуфт, дар ҳудуди Афғонистон ва дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон 7 ҳазор ҷангҷӯи Толиб ҷамъ шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ