Толибон ваъдаи сулҳ медиҳанд
Сухангӯи Толибон дар як мусоҳиба гуфтаааст, ки ин гурӯҳ тасмим дорад то моҳи оянда як мактуб оид ба пешниҳоди сулҳ ба давлати Кобул ирсол намояд.
Тибқи иттилои сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба хабаргузории Ройтерз, музокирот ва раванди сулҳ дар рӯзҳои наздик суръат хоҳад гирифт ва интизор меравад, ки вориди марҳилаи муҳиме гардад ва табиатан ба нақшаҳои сулҳ марказонида мешавад.
«Даври охирини музокирот ба марҳилаи ҳассос расидааст. Эҳтимолан як моҳ тӯл хоҳад кашид то ба марҳилае бирасем, ки тарафайн барномаи сулҳи мактуби худашонро ба иштирок бигзоранд. Гарчанде мо (Толибон) дасти болоро дар майдони набард дорем, дар бораи музокирот ва гуфтугӯи бисёр ҷиддӣ ҳастем”, — гуфт ӯ.
Вобаста ба ин, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико дар вокуниш ба изҳороти намояндаи Толибон гуфт, ки музокирот ягона роҳи хатми ҷанги 40-сола дар Афғонистон аст.
«Мо аз ҳарду ҷониб даъват мекунем, ки вориди музокироти ҷиддӣ барои таъйини як нақшаи роҳи сиёсӣ барои ояндаи Афғонистон шаванд, ки ба як роҳкори одилона ва пойдор бирасад. Ҷаҳон таҳмил бо зӯр як давлат дар Афғонистонро нахоҳад пазируфт. Кӯмак ба давлати Афғонистон танҳо дар сурате имконпазир мешавад, ки он эҳтироми ба ҳуқуқи башар гузошта онро риоят кунад”, — афзуд сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико.
Наҷия Анварӣ, сухангӯи Вазорати сулҳи Афғонистон тасдиқ кард, ки музокирот байни афғонҳо аз сар гирифта шудааст.
Лек метавон ба он сулҳи гуфтаи Толибон бовар кард? Ва магар ин сулҳ боиси оромишу осудагӣ дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон мегардад? Магар Толибон роҳи Охундҳои Эронро пеша намкунанд? Оё Толибон ба озодиву ҳуқуқҳои халқиятҳои дигари ин кишвар эҳтиром мегузоранд? Чун дар чанд соли майдондориву рӯи саҳна будани ишон дидем, ки чӣ бадбахтиҳое сари мардуми ин кишвар бор гашт!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ